Ин овозхони маъруф дар замони шӯравӣ 17 соли ахир дар Консерватория миллӣ дар Душанбе ба шогирдон аз “Шашмақом” дарс мегӯяд.
Овозхони саршинос, оҳангсоз ва устоди мақомсароёни ҷавон дар рӯзи зодрӯзи худ меҳмони барномаи “Меҳмони Озодӣ” шуд.
Мастона Эргашева 26‑уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Қумсангир, ҳоло ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба дунё омада, аз хурдсолӣ ба таври худомӯзӣ бо овозхониву рубобнавозӣ машғул шудааст. Баъдан ӯ ба Душанбе омад. Сӯҳбати мо аз мавзуи роҳ ёфтанаш ба саҳнаи бузург оғоз шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мастона Эргашева: Сабаби ба пойтахти Тоҷикистон омаданам дилбастагии сахтам ба санъату овозхонӣ буд. Хешовандону наздиконам медиданд, ки шавқи ман ба санъат зиёд аст ва ба ҳамин сабаб баъд аз хатми мактаб иҷозат доданд, ки барои таҳсил ба Душанбе равам. Солҳои 1960 ва 1970 падару модарон дар деҳот ҳеҷ намемонданд, ки духтаронашон барои таҳсил ба Душанбе раванд. Аммо шахсиятҳои соҳибэҳтиром волидайни маро мутақоид сохтанд ва ман, хушбахтона, барои таҳсил ба Душанбе омадам.
Радиои Озодӣ: Агар иштибоҳ накунам, дар миёни чунин шахсиятҳои соҳибэҳтиром устод Мирзо Турсунзода низ буданд. Он кас чӣ нақше дар ин кор доштанд?
Мастона Эргашева: Ҳам устод Турсунзода ва ҳамаи аҳли адаби он замон бо шунидани таронаҳои ман аз тариқи радио барои ба пойтахт омадани ман талош карданд. Ҳатто ба устод Турсунзода овозхонии ман писанд омадааст, ки дар ҳар гуна маросимҳо мегуфтаанд, ки як духтарак аз ноҳияи Қумсангир ҳаст ва бигзор ӯ дар ин маърака суруд бихонад.
Радиои Озодӣ: Пас аз Душанбе омадан ҷое таҳсилро идома додед?
Мастона Эргашева: Аз соли 1969 ман муқими Душанбе ҳастам. Дар донишкадаи санъат панҷ сол таҳсил кардаам. Дар байн издивоҷ карда, фарзанддор шудам. Соли 1978 ба ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор даъват шуда, дар он ҷо 25 сол фаъолият кардам.
Радиои Озодӣ: Замоне ҳатто ин гурӯҳи ҳунариро роҳбарӣ ҳам кардаед.
Мастона Эргашева: Бале, солҳои 1985 то 1987 роҳбари бадеии ансамбли “Шашмақом” низ будам.
Радиои Озодӣ: Иттилоъ дорем, ки як муддат сурудаҳои шумо тавассути шабакаҳои телевизионӣ кам намоиш дода мешуданд. Чаро?
Мастона Эргашева: Тӯли 25 соле, ки дар Кумитаи радио ва телевизион фаъолият доштам, тақрибан ҳамарӯза сурудҳои ман аз телевизион пахш мешуд. Аслан, тасаввуре вуҷуд дорад, ки умри ҳирфаии овозхон ҳам ҳамин қадар сол аст. Вақте аз Кумитаи радио ва телевизион аз кор рафтам, ҳама гумон карданд, ки ман дигар нафақашин шудаам ва овозхонӣ намекунам. Замоне, ки кор мекардам, ҳамарӯза вазифаи мо пур кардани хазинаи тиллоии радио бо сурудаҳои нав буд. Соли 2003 дар Тоҷикистон нахустин консерваторияи миллӣ таъсис шуд. Сарвари он, бастакори боистеъдоди марҳум Талабхӯҷа Сатторов шуд. Маро ба унвони устоди “Шашмақом” ба кор ба он ҷо даъват карданд. Азбаскӣ, дар солҳои аввал консерватория бинои худӣ надошт, мо муддате дар бинои Донишкадаи санъат дарс мегуфтем. Дар ҳамон солҳо ҳамкорони радиоӣ ва телевизионии мо шояд фикр карданд, ки ман ба нафақа баромада, дигар овозхонӣ намекунам. Ҳоло 17 сол аст, ки ман профессори Консерватория ҳастам ва ба шогирдон аз “Шашмақом” дарс мегӯям. Ҳоло шабакаҳои телевизионӣ зиёд сурудаҳои маро намоиш медиҳанд.
Радиои Озодӣ: Маъмулан, дар атрофи шахсиятҳои саршинос, аз ҷумла, овозхонҳову санъаткорон сару садоҳои зиёде паҳн мешаванд. Шумо ба ин падида чӣ назар доред?
Мастона Эргашева: Дар бораи санъаткор ҳама гап мезанад. Фикр мекунед, дар бораи санъаткорон дар Русия ё Узбекистон гап намезананд? Гап мезананд, албатта. Ҳоло дар бораи санъаткорони тоҷик низ дар ҷомеа ҳар гуна гапҳо паҳн мешаванд. Фикр мекунам, ин ҳама гапҳо беасос мебошанд. Хусусан, агар дар бораи ман овозаҳо паҳн шуда бошад, онҳо дақиқан бепоя мебошанд. Зеро, ҳеҷ кори беҳудае намекунам. Зиндагиам аз ба сари кор омадан ва баргаштан ба назди оила иборат аст. Ҳеҷ ҳарфи беҳуда ё кори носазое намекунам. Охир синну солам ҳам ба ҷое расидааст ва дар ҷавонӣ низ ман аз он шӯхҳое набудам.
Радиои Озодӣ: Ҳоло дар миёни овозхонҳо падидаи мадҳсароӣ дар бораи роҳбаре ё мақоме расм шудааст. Шумо худ дар эҷодиёт мадҳсароӣ кардаед ё не?
Мастона Эргашева: Ин корро накардаам. Ҳама вақт мо ба омӯзиши “Шашмақом” машғул будем, ки кори осон ҳам нест. Ҳатто барои мадҳсароии касе вақт ҳам надоштем. Дар солҳои шӯравӣ дар бораи Ленин ва партия суруд хондаем, вале ин тақозои замон буд. Ҳоло бошад, Тоҷикистон кишвари демократӣ аст ва ҳар санъаткор бо хоҳиши худ ҳунарнамоӣ мекунад. Аммо, ман ба касе сурудҳоямро набахшидаам ва мадҳиясароӣ накардаам.
Радиои Озодӣ: Дар солҳои маъруфияти шумо Нуқра Раҳматова ва Нигина Рауфова низ шӯҳрати беандоза доштанд ва шумо дугонаи онҳо будед. Чӣ хотираи ҷолибе доред аз онҳо?
Мастона Эргашева: 25 соли фаъолиятам дар “Шашмақом” солҳои тиллоии ман буданд. Мо бо ҳамаи ҳунармандон дӯстӣ доштем ва аз аҳволи ҳамдигар хабардор будем. Ҳоло бошад, чунин дӯстиро дида наметавонед. Ҳоло ман санъаткореро намедонам, ки аз аҳволи санъаткори дигар хабар мегирифта бошад ё ба хонааш мерафта бошад. Он дӯстие, ки мо доштем, ҳоло дар миёни ҳунармандони феълӣ аслан дида намешавад. Шояд ҳоло санъаткорон серташвишу серкор шуда бошанд. Ҳоло ҳунармандеро намедонам, ки бо санъаткори дигар дӯстӣ дошта бошаду аз аҳволи хонаводааш хабар мегирифта бошад. Шояд, ман аз онҳо дурам ё онҳо аз ман дуранд.
Радиои Озодӣ: Шумо дар сабки “Шашмақом” хеле шӯҳрат доред ва солҳои ахир чанд барномаҳои муштараки фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуданд. Оё шумо дар ин барномаҳо ширкат доштед?
Мастона Эргашева: Бояд рӯирост бигӯям, ки, мутаассифона, маро ба ягон яке аз ин чорабиниҳо даъват накарданд. Ҳатто, ба унвони тамошобин. Намедонам барои чӣ, шояд пир шуда бошам.
Радиои Озодӣ: Шумо ки ҳамеша ҷавон ҳастед.
Мастона Эргашева: Сабабаш дар чист, намедонам, намегӯянд.
Радиои Озодӣ: Аммо, мо медонем, ки шумо дар миёни узбекзабонони Тоҷикистон хеле шӯҳрат доред ва онҳо шуморо эҳтиром мекунанд.
Мастона Эргашева: Шояд, барои ҳамин даъват намекунанд...
Радиои Озодӣ: Вале барои овозхонӣ дар маросимҳои арӯсӣ дар Узбекистон шуморо даъват мекунанд?
Мастона Эргашева: Ба маросимҳои арӯсӣ нарафтаам, аммо дар аввали сол дар тарабхонаи “Яккасарой”-и Тошканд як тӯй доштам ва дар он ҷо шиносҳои зиёди деринаамро вохӯрдам. Вале, баъд пандемия сар шуд ва дигар ба он ҷо рафта натавонистам.
Радиои Озодӣ: Чун аз пандемия гуфтед, мехоҳам бипурсам, ки оё бо кам шудани миқдори тӯйҳо вазъи иқтисодии овозхонҳо чӣ тавр аст? Зеро, пӯшида нест, ки овозхонҳо маблағи асосиро барои пеш бурдани рӯзгори худ дар ин тӯйҳо пайдо мекунанд.
Мастона Эргашева: Дар замони шӯравӣ маро зиёд ба тӯйҳо даъват мекарданд. Аммо, солҳои охир хеле кам даъват мекунанд.
Радиои Озодӣ: Чаро?
Мастона Эргашева: Дар тӯйҳо дӯст медоранд, ки овозхон сурудҳояшро аз тариқи фонограмма ё сабт иҷро кунад. Ман бошам, танҳо ба таври зинда иҷро мекунам. Мардум иҷрои зиндаи сурудҳоро дӯст намедоштагӣ шудааст. Ҳоло овозхонҳои ҷавонро бештар ба тӯйҳо даъват мекунанд...