Мадина Ақназарова дар бораи КОВИД-19, сензура ва забони тоҷикӣ гуфт. ВИДЕО

Мадина Ақназарова

Мадина Ақназарова, овозхони ҷавони тоҷик, дар рӯзҳои охирини таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон дар бораи ҳунараш, нархи тарона, сензура дар интихоби мавзуъву либос ва, инчунин, бемории КОВИД-19 ибрози назар кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ӯро ҳангоми таҳияи суманак дар Душанбе ёфтанд. Суҳбат ҳам аз он оғоз шуд, ки бисёриҳо аз коронавирус нигаронанд ва оё ӯ ҳам дар ин бора меандешад ва барои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии вируси нав чӣ мекунад?

Мадина Ақназарова: "Дар бораи коронавирус. Хушбахтона, ҳоло дар кишвари мо нест. Худо кунад, ки то ба инҷо наояд. Ҳоло бояд ба тозагӣ риоя кунем, дастҳоро пайваста бишӯем ва ҳангома накунем. Аз чизе натарсем. Доимо бояд бигӯем, ки ҳамааш хуб аст ва хуб мешавад. Дуо кунем, ки аз ин беморӣ раҳо бошем."

Радиои Озодӣ: Нагуфтед, ки барои пешгирӣ аз эҳтимоли сироятёбӣ ба вирус чӣ кор мекунед?

Мадина Ақназарова: "Чандин маҳлули антисептикӣ ва дастпоккунҳо дорам. Кори мо ҳамеша бо мардум вобаста аст. Бо бисёриҳо салому сӯҳбат мекунем. Барои ҳамин, ин гуна чизҳо муҳиманд. Ҳамчунин фосила нигаҳ доштан байни одамон. Ҳарчанд барои мардуми мо ин ба осонӣ даст намедиҳад."

Радиои Озодӣ: Дар аксар чорабиниҳои ҳукуматӣ ҳастед. Наздик будан ба ҳукумат озодиҳои Шуморо маҳдуд намекунад, масалан, дар интихоби мавзӯи шеър ва ё сару либос?

Мадина Ақназарова: "Ширкат дар чунин чорабиниҳои муҳим, барои ман ифтихор аст. Албатта, дар интихоби суруд сензура ҳаст ва ин муҳим аст. Дар масъалаи либос ҳам инчунин. Ба кишвари мо меҳмонҳои зиёд, аз ҷумла намояндагони ҳукумати дигар меоянд. Мо бояд фарҳангу либоси миллии худро муаррифӣ кунем. Ин ҳама бояд дар доираи одобу ахлоқ бошад."

Радиои Озодӣ: Дар кадом мавзуъҳо суруд хондан мумкин нест?

Мадина Ақназарова: "Рости гап, ин маҳдудиятҳо зиёд ба ман рабт надорад. То ҳол ҳар сурудеро, ки ба ин чорабиниҳо пешниҳод кардаам, қабул шудааст."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Нақша надоред, ки сурудҳои иҷтимоӣ хонед? Дар бораи ҳуқуқи занон ё муҳоҷират?

Мадина Ақназарова: "Бале, шояд дар оянда ҳатман бихонам."

Радиои Озодӣ: Таронаҳо дар кадом мавзуъҳо сершунавандаанд?

Мадина Ақназарова: "Албатта, сурудҳои ишқӣ. Ин мавзуъ ҳамеша шунавандаи худро дорад. Ҳамчунин ҳоло дар бораи ватан суруд надорам. Ҳатман бояд як таронаи зебо дар васфи Ватан ва модар дошта бошам."

Радиои Озодӣ: Шумо чанд сол дар Русия будед. Муҳоҷир будани худро эҳсос мекардед? Чӣ мушкилоте буд дар он давра?

Мадина Ақназарова: "Мо 13 сол дар Русия зистем. Бисёриҳо менависанд, ки чаро ба забони тоҷикӣ сӯҳбат намекунам. Воқеан, забонии тоҷикии ман чандон хуб нест. Бо забони русӣ сӯҳбат мекунам ва аз ҳама узр мепурсам. Мо дар Русия зиндагии хуб доштем. Ман дар мактаб мехондам, модарам кор мекард. Вале ишқ ба ватан ҳамеша ману модарамро ба худ мекашид. Ҳар сол орзуи бозгашт ба кишварро мекардем."

Радиои Озодӣ: Пинҳон нест, ки овозхон дар баробари ҳунару овоз ва истеъдод бояд пул ҳам дошта бошад. Шумо ин мушкилро доштед? Чӣ гуна ҳал кардед?

Мадина Ақназарова: "Карйераи овозхонии худро бо ёрии модарам шуруъ кардам. Барои таҳияи нахустин оҳангам, ки "Ай ёр, ёр" ном дорад, модарам пул дода буд. Баъдан, аз ҳисоби эҷодии таронаҳо пул кор мекардаму онро барои таҳияу сабти оҳанг сарф мекардам."

Радиои Озодӣ: Барои сабти тарона ва таҳияи клипҳо ё намоҳангҳо чӣ қадар пул зарур аст? Нархи як тарона чанд аст?

Мадина Ақназарова: "Ин арзон нест. Нархномаҳо гуногунанд. Аз он вобаста аст, ки бо кӣ кор мекунед. Дар баъзе ҷо метавонед бо 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дигар ба ивази 10 ва 20 ҳазор сомонӣ таронаву клип омода кунед."

Мадина Ақнзарова

Радиои Озодӣ: Чаро барои ташкили консерти нахустин ва дар рӯзи таваллуд Русияро интихоб кардед?

Мадина Ақназарова: "Мардум чунин мехоҳанд. Соли гузашта ҳам ман дар остонаи рӯзи ошиқон консерт ташкил карда будам. Имсол ҳам дар рӯзи зодрузам рӯйи саҳна будам. Толор, албатта, хурдтар буд, аммо соли оянда нақшаи ташкили консерт дар толори калонро дорам."

Радиои Озодӣ: То ҷое мушоҳида мешавад, ба фарқ аз овозхонҳои дигари тоҷик рангу бор ё "мейк ап"-и шумо камтар аст. Интихоби худи Шумост ё тавсияи ороишгар?

Мадина Ақназарова: "Ман бештар "макияж"-и нозукро меписандам. Намехоҳам касеро биранҷонам, вале фикр мекунам, ҳунарманд бояд дар саҳна ҳар гуна бошад. Образҳои мухталиф ва ҷолиб дошта бошад. Баъзеҳо ба ҳунармандон мегӯянд, шумо аз ҳад зиёд чеҳраатонро ороиш медиҳед. Одамони эҷодӣ ҳастем, ҳамеша рӯйи саҳна ҳастем ва барои мо ин иҷоза ҳаст."

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!