Вазорат гуфт, теъдоди гирифторони СОVID-19 дар Тоҷикистон ба 128 нафар расид

Мақомот нагуфтаанд, ки озмоишҳо кай собит шудаанд.

Вазорати тандурустӣ эълон кард, 52 мавриди нави сирояти бемории COVID-19 – ро дар Тоҷикистон сабт кардааст ва ҳоло дар кишвар 128 нафар ба ин беморӣ гирифтор будаанд. Дар ин бора телевизиони давлатӣ шоми 3-уми май хабари кӯтоҳеро дар ин бора аз қавли вазорат нашр кард ва гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта бештар аз 200 нафарро муоина кардаанд ва ба хона ҷавоб додаанд.

Пештар аз ин расонаҳои давлатӣ аз қавли вазорат хабар доданд, то рӯзи 2-уми май дар кишвар беморӣ ба 76 нафар сироят кардааст. Дар ин рӯз бори аввал аз марги ду нафар бар асари ин беморӣ хабар доданд. Телевизионҳои давлатӣ ва вазорат ҷузъиёте аз ин бештар надодаанд ва нагуфтанд, ки беморон дар кадом вилояту ноҳияҳо сабт шудаанд ва теъдоди гирифторон дар куҷо зиёдтар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон то рӯзи 30-уми апрел мегуфт, ки дар кишвар ягон мавриди сирояти бемориро сабт накардааст, ҳарчанд шубҳаву гумон дар ин бора зиёд буд. Сирояти беморӣ дар чаҳор кишвари атрофи Тоҷикистон ва марги садҳо нафар дар онҳо, фавти даҳҳо нафар дар худи Тоҷикистон бар асари бемории ба гуфтаи мақомот “илтиҳоби шуш” шубҳаву гумонҳоро зиёдтар кард.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳукуматро ба пинҳонкорӣ муттаҳам кард ва корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомотро зери танқид гирифтанд, ки бо ин рафторашон сиҳатии оммаро зери хатар мегузоранд. Баъд аз ин ҳама ҳукумат рӯзи 30-уми якбораву ногаҳон эълон кард, ки дар вилояти Суғд 10 нафар ва дар Душанбе 5 нафар бемории COVID-19- ро доранд ва дастур дод, ки мардум фақат бо ниқоби тиббӣ берун оянд.

Ҳоло як гуруҳе аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон қарор дорад ва вазъи сирояти беморӣ ва роҳҳои кӯмак барои монеъ шудан ба густариши онро бо табибон ва мақомот баррасӣ мекунад. Вазорати тандурустӣ рӯзи 3-уми май бо нашри як баёнияи расмӣ эътироф кард, ки баъди эълони ногаҳонӣ дар бораи мавҷудияти беморӣ дар Тоҷикистон “изтироб дар байни аҳолӣ мушоҳида мешавад”, вале афзуд, ки мақомот барои пешгирӣ аз он дар миқёси васеъ чораҳои лозимро андешидаанд ва ҷое барои таҳлукаву воҳима нест. Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки барои муолиҷаи беморон ба қадри кофӣ муҷаҳҳаз ва мусаллаҳ аст.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ки се сенарияи эҳтимолии густариши вирусро баррасӣ кардааст, мумкин аст дар Тоҷикистон, аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шаванд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки беморӣ ҳадди аққал то 6 ҳазор нафарро ҳалок кунад. Рӯзи 3-уми май, ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, ки бо назардошти вазъ барои дармони 3 ҳазор нафар дар пойтахт шифохонаҳои муваққатӣ бунёд мекунад.

Айни замон мактабҳои миёна дар Тоҷикистон, ки тақрибан 2 миллион нафар дар онҳо таҳсил мекунанд, барои ду ҳафта ба таътил фиристода шудаанд. Кӯчаву хиёбонҳо ва муассисаҳои давлатиро бо маводи кимиёӣ зиддиуфунӣ мекунанд, дар телевизионҳои давлатӣ роҳҳои эмин мондан аз вирус ва фосилагирии иҷтимоӣ тарғиб мешавад.