Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи кумаки фаврӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории COVID-19 сенарияи эҳтимолии густариши вирус ва шумораи тахминии беморон ва қурбониёнро муайян кард. Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел гуфт, 15 нафар ба коронавирус сироят шуданд, вале ҷузъиёт надод.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ки се сенарияи эҳтимолии густариши вирусро баррасӣ кардааст, дар Тоҷикистон, мумкин аст, аз 70 ҳазор то 230 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, имкон дорад аз 6 ҳазору 536 нафар то 21 ҳазору 25 нафар фавтанд. Ин омори тахминии Бонки Ҷаҳонӣ аст ва мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин замина чизе нагуфтаанд.
Хулосаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Тоҷикистон" ва бар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла Итолиё таҳия шудааст.
Муаллифони барнома навиштаанд, арсаи тандурустии Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳоли ислоҳоту давраи гузариш аст ва ба чанд чолишҳо рӯ ба рӯст. Дар ин росто дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ зарфияти бемористонҳоро арзёбӣ намуда, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистонро аз кишварҳои осебпазири минтақа дар баробари бемории COVID-19 эътироф кард.
Ба навиштаи муаллифони барнома, Тоҷикистон то 15-уми март ҳамагӣ ду мутахассис дошт, ки аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ омӯзиш дида, тавони ташхиси бемории COVID-19-ро доштанд. Дар идома гуфта мешавад, кишвар 4 ҳазор бастаи тестҳои COVID-19-ро дар ихтиёр дошт, ки Русия тақдим кард ва то 20-уми март 3800 тест истифода шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ба Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест ворид шудааст, ки 23 ҳазорашро аз Русия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Олмон гирифтааст.
Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии вазорат то 27-уми апрел 4100 тестро истифода кардааст, ки 800 ташхис такрорӣ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
11,3 миллион доллари Бонки ҷаҳонӣ ба чӣ сарф мешавад?
Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел "Барномаи вокуниши фаврӣ доир ба COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ кард, ки ҷудо шудани 11,3 миллион долларро барои Тоҷикистон дар назар дорад.
Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 1-уми май дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар доираи ин маблағ, аз ҷумла 100 дастгоҳи ҳаводиҳанда ва ИВЛ харида мешавад.
"Вазорати тандурустӣ рӯйхати таҷҳизот ва маводи лозимиро барои табобати сареъ (интенсивӣ) тартиб дод ва Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат дар барқарор кардани иртибот бо ширкатҳои ботаҷрибаи таҳвилгар барои хариди таҷҳизоти баландсифат дар муддати хеле кӯтоҳ ёрӣ мерасонад", - изҳор дошт Бонки Ҷаҳонӣ.
Мувофиқи барнома аз 11,3 миллион долларе, ки Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кардааст, 6,30 миллион доллар барои боло бардоштани зарфияти табобати сареъ дар бемористонҳо, аз ҷумла хариди таҷҳизот, 1 миллион доллар барои омода кардани ҷомеа барои мубориза ба зидди беморӣ, 3 миллион доллар барои расонидани ёрии муваққатӣ ба хонаводаҳои камбизоат ва 1 миллион доллари боқӣ барои иҷро ва арзёбии барнома харҷ хоҳад шуд.
Бонки Ҷаҳонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, 3 миллион доллари ин лоиҳа барои кумак ба оилаҳое, ки кӯдаки хурд доранд ва бо хатари камбуди ғизо рӯ ба рӯянд, сарф мешавад.
"Хонаводаҳое, ки лоиқи ёрии иҷтимоӣ ҳастанд ва кӯдаки хурд доранд, дар давоми 6 моҳ кумаки иҷтимоии изофӣ хоҳанд гирифт", - мегӯяд Бонки Ҷаҳонӣ.
Гуфта намешавад ин ёрӣ аз чӣ қадар маблағ ё кумаки дигар иборат хоҳад буд, аммо Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд ироаи ин кумакҳо пас аз он ки ҳукумат 28 ноҳияи боқии ҷумҳуриро шомили барномаи кумаки иҷтимоӣ мекунад, шуруъ мешавад. Айни замон 40 ноҳия аз 64 ноҳияи кишвар аз кумакҳои иҷтимоӣ бархурдор будаанд.
Бино ба барномаи бонк, дар сурати иҷро шудан ҳудуди 200 ҳазор хонаводаи фақир дар Тоҷикистон аз барномаи кумакҳои иҷтимоӣ баҳраманд хоҳанд шуд.