Дуруд бар шумо ва сипос, ки худрову азизонатонро эҳтиёт мекунед. Дар барномаи имрӯзи Озодӣ Онлайн дар бораи эҳтиёт аз коронавирус нав суҳбат мекунем.
Кӯчаҳои Душанберо мебинем, ки дигар мисли пешина пур аз одам нест ва дар бораи рафтори блогерҳои Тоҷикистонро ҳам гап мезанем, ки ба гуфтаи корбарон мардумро сахт метарсонанд. «Саг» номидани афсари милиса ва аз кор рондани як муфаттиши тоҷик бахши дигаре аз барнома аст.
Дар Тоҷикистон ҳоло кормандони муассисаҳои давлатӣ дар ба дар мегарданд ва аз мардум мехоҳанд, ки бе зарурат аз хона берун наоянд, то ба бемории СOVID-19 гирифтор нашаванд. То ҳол дар кишвар тақрибан 400 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд ва 12 нафар ҳам фавтидаанд.
Яке аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров видеоро ба мо фиристод ва аз мардум хост, бисёр эҳтиёт кунанд, чун вазъ хуб нест. Ӯ дар ин видео шифохонаи Шайх Бурҳониддинро сабт кардааст, ки мошинҳои ёрии таъҷилӣ омадаанд ва касе ҳам дарро боз намекунад. Ба қавли муаллифи видео ба ин табибони шӯъбаи ёрии таъҷилӣ гуфтаанд, ки ҷой надоранд, барои ҳамин ба шифохонаи дигар бираванд. Муаллифи навор мегӯяд: “Кори шӯхӣ нест, эҳтиёт кунед.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Айни замон мардуми зиёде худашон эҳтиёт мекунанд, то коронавируси нав ба онҳо ва хешовандонашон сироят накунад. Видеое, ки аз Душанбе гирифтем, баёнгари ҳамин гуфта аст. Дар ин видео маркази Душанберо мебинед, ки аслан одам намегарданд, баръакси рӯзҳои дигар, ки ба гуфтаи муаллифи видео, ҷойи гаштан набуд.
Эҳтиёт дар воқеъ хуб аст, аммо тарсонидани мардум ва ба таҳлука андохтани онҳо бисёр кори бад. Як муҳоҷири тоҷик бо ирсоли видеое аз Русия ба блоггеррони тоҷик муроҷиат кард, ки чунин корашонро бас кунанд: “Бародарони тоҷик, блогерони тоҷик илтимос аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки дар бораи коронавирус, дар бораи марги касе, чизе илтимос шумо нагӯед. Дар зери видео менависед, даҳшат, фалонӣ аз коронавирус ин хел шуд, фалонира коронавирус зад. Монед ҳамонро Радиои Озодӣ ҳаст, ахбор ҳаст, мегӯянд, мефаҳмонанд. Барои чӣ дар кишварҳои дигар ҳамин чизҳо нест, фақат тоҷик ва блогерони тоҷик. Илтимос хоҳиш мекунем, намонен, ҳамин чизҳоро. Шумо равед, як тарзи киштукорро нишон диҳед, ба касе чизе ёд диҳед. Фақат кортон ҳамин даҳшат.” Фалонӣ ин хел шуд, даҳшат. Илтимос ҳамин корҳоро накунед.”
Ҷанҷоли як полковники тоҷик бо нозири роҳ ин ҳафта баҳси зиёдеро дар вебсайти мо ва Инстаграму Фейсбук барангехт. Рафтори родполковники милиса, ки нозири роҳро дар ду камтар аз ду дақиқа бештар аз 40 бор дашном дод, мардуми зиёдеро ба хашму ғазаб овардааст. Дар воқеъ баъди гузориши Радиои Озодӣ подполковникро аз кор ронданд. Як корбари Фейсбук дар саҳифаи Радиои Озодӣ зери мақолаи мо навиштааст, “Барои чӣ танҳо аз кор хориҷ мекунанд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад. Ин таҳқир кардани корманди давлатӣ аст ва инчунин бо либоси низомӣ ва дар дар ҷои хизматӣ ӯро ба саги кӯча баробар намуд. Хоҳиш мекунем, аз шахсони масъул, ки ин подполковник тариқи видео аз корманди ГАИ узрхоҳӣ карда ва тибқи қонун ҷавоб диҳад. “
Корбаре бо номи “Тарафдор” навиштааст: “Аслан ман тарафдорӣ таҳқиру ҳақорати хизматчиёни давлатӣ нестам. Имрӯз аксари кормандони БДА одоби оддии муоширатро намедонанд. Вазифаи аслии онҳо назорат ва кӯмак кардан ба ронандагон аст, вале имрӯз мебинем, ки дар пушти дарахту буттаҳо бо радар меистанд ва ҳамин ки суръат баланд шуд, шуморо мисли як кӯдак бозӣ медоранд. Тамоми афсонаҳои халқи тоҷикро ба гӯши шумо мехонанд. Дар он лаҳза танҳо ду роҳ мемонад Ба ягон одами мақомот занг задан. Бо худи корманди БДА пул пешниҳод кардан.»
Корбаре бо номи “Муаллим” гуфтааст: «Эй рафиқон! Агар ҳамин коргарони БДА набошанд, коргарони боло, бачаҳои боло, писарони бойбачаҳо ба аломатҳои роҳ туф мекунанд. Ман ба коркунони БДА раҳмам меояд, ки тамоми рӯз дар роҳ истода ҳавои ифлос нафас мекашанд, бо ҳар як номард баҳсу мунозира мекунанд ва ғайра. Ман аз соли 1982 ин ҷониб мошинаамро истифода мебарам, дар хотирам нест, ки маро бе сабаб ҷарима карда бошанд. Агар ҳуҷҷатҳои мошинаатон қоидавӣ бошад, аломатҳои роҳро риоя намоед, суръати мошинро баланд накунед, роҳгузаронро ҳурмат кунед - ягон коркуни БДА шуморо ғам намедиҳад.»
Корбаре бо номи Алӣ дар вебсайти мо навиштааст, ки ҷанҷоли мазкур ва ошкоро назди раҳбараш дашном додани нозири роҳ баёнгари як мушкили ҷиддӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯ менависад: “Ин нишонаи дар фисқу фасод фӯру рафтани давлат аст, зеро подполковник ба қавле ба "тағо"-и худ занг зада шикоят мекунад. Аз ҳамин лиҳоз пораву порахӯрӣ дар ин ҳолат бар зиёни ҳардуи ин кормандони давлат «муҳофизон»-и мову шумо шудааст.»