Бӯҳрони бе барнома. Оё Тоҷикистон ба зидди COVID-19 ҳамаи имкониятҳоро истифода кардааст?

Акс аз бойгонӣ

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ бахшида ба Иди саиди Фитр боз ҳам таъкид намуд, ки ҳукумати кишвар “ҳанӯз аз оғози пайдоиши коронавирус ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии он ба кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонид”.

Ишорааш шояд ба ин буд, ки ситоди мубориза бо коронавирусро таъсис доданд ва агар мушкиле дар ин самт вуҷуд дорад, бояд аз ин ситод домангир шуд, чун маҳз вазифаи он ташкилу ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ буд. Зеро маҳз пас аз ин ҷумла буд, ки гуфт “мутаассифона, бо вуҷуди ҳамаи тадбирҳои андешидашуда ин беморӣ дар кишвари мо низ пайдо шуд ва то имрӯз даҳҳо нафар ҳамватанонамон бар асари он вафот карданд”.

Воқеан, дар мулоқоти ахири худ бо табибони Душанбе президент ба раиси ситод супориш дод, то аз фаъолиятҳои худ тариқи расонаҳои хабарӣ “мунтазам маълумот интишор намояд”.

Ин замоне буд, ки сару садову интиқодҳо аз фаъолияти ношаффофи ситод ва умуман аз ҳукумат дар мубориза бо коронавирус, маргу мири одамон, мушкилот дар касалхонаҳову бесарусмонӣ дар дорухонаҳо, тақсими кумакҳои башардӯстона ва дигарон тариқи расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ пур гардид.

Аммо на ситод фаъолияти ба назари одамон пурсамар дошту на мавқеъгирии сатҳи баландтар аз онро шоҳид буданд.

Президент вобаста ба вабои фарогири тамоми дунё, ҳатто аз рӯзи эълони расмӣ дар Тоҷикистон, ки гуфта мешавад хеле дер сурат гирифтааст, танҳо як маротиба махсус ба ин бӯҳрон ҷаласа баргузор кард. Сухан аз ҳамон мулоқот бо духтурони пойтахт аст, ки 17-уми май иттифоқ афтод. Дигар, агар сухане гуфт, ё масъалагузорие кард, танҳо ба воситаи ягон табрикот, масалан табрикоти ҷашнӣ вобаста ба Иди Ғалаба, ё маъракаи дигар буд. Аммо махсусу бевосита чизеро ёд надорем...

Ҳол он ки маҳз 30-юми апрел, ки аввалин нишонаҳои пайдоиши коронавирусро расман гуфтанд, маҷлиси ҳукумати марказӣ баргузор шуд. Ҳамон рӯз, пеш аз ин, ситод эълон кард, ки дар Тоҷикистон 15 ҳолати коронавирус сабти ном шудааст. Ҳол он ки мардум тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил аз маргу мир ва гирифтории одамон то ин замон хабар медоданд.

Аммо дар он ҷаласа, тибқи ахбори расмӣ, танҳо пас аз чандин масоили чандумдараҷа мавзӯи №1, ки ҷаҳонро гирифтор кардааст, ба баррасӣ гирифта шуд.

  • 1-уми май фармони президент дар бораи пардохти иловапулӣ ба табибон содир гардид.
  • 2-юми май Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро доир ба иҷрои амру фармонҳои президент ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 шунид.
  • Баъди ин президент танҳо 8-уми май дар экрани шабакаҳои телевизионӣ пайдо шуд, ки мардумро ба муносибати Рӯзи Ғалаба табрик мекард ва ишораҳое дар бораи пандемия дошт.
  • 9-уми май дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба ҳамроҳи вазирони қудратии кишвар ва шаҳрдори Душанбе иштирок намуд. Ин навор бисёр муҳим барои худи ҳукумат ва ҷонибдоронаш буд, ки мухолифони хориҷиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ин замон вобаста ба кампайдоии Эмомалӣ Раҳмон овозаҳои мухталиф пароканда буданд.
  • 14-уми май ҳисоботи ҳисоботи телефонии раиси вилояти Суғд, раисони шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Вахш, Файзобод, Нуробод, Рашт ва Лахшро оид ба рафти корҳои пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 шунид.
  • 16-уми май қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасвиб ёфт, ки қарори ҳамин ҳукуматро аз тақрибан ду сол пеш дар бораи иваз намудани таъиноташ бекор мекард. Ҳарчанд ҳанӯз ҳамон замон интизор мерафт, ки ин қарор пас аз чанде бознигарӣ мешавад.
  • 20-уми май, тавре гуфтем, ӯ бо роҳбарони кормандони соҳаи тандурустӣ дар Душанбе мулоқот кард ва ҳамчунин аз чанд иншооти соҳаи тандурустӣ дар Душанбе боздид намуд.

... Маҷмӯи иқдомоте, ки ҳукумат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, аз ҳамин чизҳое иборат аст, ки аз сомонаи президенти Тоҷикистон қобили дарёфт аст. На кам на зиёд. Дуруст, чанд сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтоёни худ дошт, ки онҳо ҳам пас аз 9-уми май сурат гирифтанд. Пас аз ин сӯҳбатҳо кумакҳои башардӯстона афзоиш ёфтанд, ҳарчанд тақсими ношаффофи онҳо баҳси дигар асту то ҳанӯз идома дорад...

Дар бораи корҳои анҷомдодаи ситод мешавад бо ду сабаб чизе нагуфт.

Аввалан, кори он то ҳанӯз бисёр ношаффоф аст ва дуюм, маълум аст, ки дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон ин гуна ситодҳо бе дастури “боло” коре анҷом дода наметавонанд.

Аз ҳама муҳим, аз табрикоти имрӯзаи президент бармеояд, ки ин ситод бояд дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро роҳандозӣ мекардааст. Он чӣ ки надидему нашунидем. Аммо чаро имрӯз дар суханронии президент ин нукта зикр шуд, бисёр ҷолиб ва шояд муҳим бошад...

Аз ин ҳам бигзарем, дар бисёрии кишварҳо, агарчӣ сарварони мамлакат роҳбарии ин гуна ситодҳоро ба ӯҳда надоранд, тақрибан рӯзе нест, ки фаъолияти худро дар доираи мубориза бо COVID-19 маҳдуд накарда бошанд.

Аз Путин мисол меорем, ки ҳарчанд дар ҷаҳони Ғарб онро қабул надоранд ва бӯҳрони пандемияро низ як василаи ба шикасти мувоҷеҳ кардани ҳукумати ӯ баррасӣ карданӣ мешаванд, чӣ талошҳое анҷом дод.

Аз 1-уми март, ки дар ин кишвар коронавирус ошкор гардид. Тибқи маълумоте, ки аз сомонаи расмии президенти Русия пайдо кардем, то дирӯз Путин 3 ҷаласаи васеи ҳукумат, 39 бор ҷаласаи соҳавӣ баргузор намуда, 2 дафъа ба шаҳрвандони мамлакаташ бевосита муроҷиат намудааст. Аз ҷумла, вазъи сантиариву эпидемиологиро, ки дар мо танҳо бо як қарор таъиноташро иваз карданд, Путин 5 бор баррасӣ намудааст.

3 маротиба шахсан ба бемористонҳо рафта, вазъияти онҳоро шоҳид шудааст. Дар ҷаласаҳои соҳавӣ, ки гуфтем, аз ҷумла масоили вобаста ба сармоягузорӣ, соҳибкорӣ, бозори энергетикӣ, дастгирии оилаҳои серфарзанд, саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ... муҳокима гардида, ба ғайр аз ин 7 маротиба дар ҷаласаҳои онлайнӣ масъалаи тақвияти иқтисод ва бахши иҷтимоиро баррасӣ намудааст.

Яъне, дар ин кишвари бигзор диктатурӣ вокуниши ҳукумат тақрибан ҳамаи масоили ҳаёти ҷомеаро фаро мегирифтанд. Путини серкор вақт ёфтаву бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳам, ки иқдоми дастгирӣ дар ин маъракаи бӯҳрониро доштанд, мулоқот анҷом дод.

Ном бурдани ҳамаи сӯҳбатҳои телефонии президенти рус вақти зиёдеро мегирад. Тақрибан ҳамарӯза бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хурду бузург, аз ҷумла ду маротиба бо Эмомалӣ Раҳмон ин гуна сӯҳбатҳо доштааст.

Бар илова, бо масъулини Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 3 маротиба масоили муҳимро дар робита бо таъсири пандемия ва дурнамои фаъолият дар доираи ин созмон мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ин ғайр аз мусоҳибаҳояш дар матбуот ва шабакаҳои телевизионӣ, ки дар онҳо бӯҳрони COVID-19 дар меҳвар буда, бисёрии вақт аз мардум, гӯё барои пеш омадани мушкилот бахшиш пурсидааст.

Оё инро мешавад бо Тоҷикистон муқоиса кард?

Аз мӯҳтавои матолиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки одамон дар Тоҷикистон танҳо умед аз раҳми Худо доранд.

Сухан сари кишваре меравад, ки дар Осиёи Миёна аз ҳама охир (ғайр аз Туркманистон) вуҷуди коронавирусро эълон намуд, ҳоло дар байни онҳо аз ҳисоби маргу мири одамон дар рӯйхат ҷои якумро мегирад: 44 нафар!

То ин замон Қазоқистон - 34, Қирғизистон – 14 ва Узбекистон 12 талафот доштанд.

Ин танҳо омори расмист, ки ба он бисёриҳо бовар надорад. Сомонаи kvtj.info, ки маълумоти алтернативӣ ҷамъ меорад, теъдоди фавтидагони Тоҷикистонро аз 300 бештар медонад.

Ҳатто, агар ба фавти шахсиятҳое, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, иктифо кунем, оморе хеле зиёд аз маълумоти расмиро пайдо мекунем. Тасаввур намоед, ки маълумоти воқеӣ аз деҳоти дурдаст, ё шахсони ношинохта пахш шаванд, чӣ ҳолати маргу мирро хоҳем дошт...

Масалан ба маълумоте, ки расонаву нашрияҳои “Азия плюс” ва “Пайк” аз сардухтурони минтақаҳо пайдо кардаанд, дар ноҳияи Восеъ 10 ҳолати марг, ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 6 ҳолат ва дар беморхонаи бемориҳои сироятии Кўлоб дар як моҳи ахир 16 нафар фавтидаанд.

32 нафар дар 3 шаҳру ноҳия!

Инро ҳам намешавад маълумоти комил гуфт, бовуҷуд, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки теъдоди фавтидагону гирифторшудагон аз ҳама зиёд арзёбӣ мешавад, ин миқдор чӣ қадар метавонад бошад?

Аслан, чаро журналистон аз ситоди мубориза бо коронавирус ва вазорати тандурустӣ бояд напурсанд, ки ному насаби ин 44 нафарро расонаӣ созад, то муқоиса осонтар гардад?

Аммо, ҳатто ҳамин маълумоти омори расмӣ бояд моро ба ташвиш биёрад, ки чаро теъдоди фавтидагон, бигзор одамони солманду ҳамзамон гирифтор ба бемориҳои дигар, афзоиш ёфтааст?

Дар аксари гӯристонҳо одамон шумораи зиёди қабрҳои пешакӣ кандашударо ҳисоб мекунанд. Ин чӣ маъно дорад?

Фавти табибон як мавзӯи бисёр ҷиддист. Сомонаи kvtj.info аз марги 57 корманди тиб ва духтур маълумот медиҳад, ки ба 20% фавтидагони ҳисоби онҳо баробар аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки нишондоди маргу мири табибон дар дунё аз 1% беш нест. Ҳатто дар Италия, ки вазъи вахиме дошт, ин теъдод ба 0.5% баробар аст.

Оё ин маънои бади бад будани ҷанбаҳои ҳифозатии духтурон дар Тоҷикистонро надошта, хулосаи муҳимтарро ба миён намеорад?

Вақте сатҳи ҳифозати табибон то ин ҳад аст, аз мардуми одӣ чӣ гуна мешавад?

Сабаби ба ин ҳолат гирифтор шуданро таҳлилгарон ба чанд омил нисбат додаанд:

  1. Саривақт вокуниш накардан ба пандемия;
  2. Пинҳон доштани нишонаҳои аввалини беморӣ ва фавти одамон;
  3. Набудани мутахассисон;
  4. Адами шароити зарурӣ дар беморхонаҳо...

Бубинед сардухтури ноҳияи Рашт Қобилҷон Гиёев, ки бо эшон сӯҳбати телефонӣ доштам, бо як ихтирои худ аз илми байторӣ, назар ба гуфти худаш, барои пешгирии паҳншавии коронавирус ва маргу мири одамон хеле мусоидат кардааст. Тасаввур намоед, ки агар як барномаи ҷиддии давлатӣ медоштем, чӣ қадар пешрафтро соҳиб будем ва чӣ миқдор одамонро аз марги ногаҳон раҳо мекардем?

Пас, кӣ гуфта метавонад, ки мо тамоми чораҳои зарурӣ ва имконпазирро амалӣ гардонидему барномаи мушаххаси пешгирӣ доштем?

Дар ҳоле, ки гӯё 5 моҳ ин вабо то мо дер расид.

Ин ҳолат баррасии ҷиддитарро тақозо менамояд.

Не?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!