Ҳафтае як ё ду нафар дари хонаи Зебониссо Давлатоваи 72-соларо дар деҳаи Шоҳбикаи ҷамоати Тугараки ноҳия Восеъ мекубад.
Ин зани 72-сола устои танури нонпазӣ аст. Танурҳои сементии омода, ки дар бозор мефурӯшанд, бозори кори ин занро танг кард, вале ҳанӯз муштариён содиқ ӯро бекор намегузоранд.
Аз реги табиӣ танур месозад, ки ба гуфтаи ӯ, ба саломатии инсон зиён намерасонад.
Видеои кори зани танӯрсозро ин ҷо бинед
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зебониссо Давлатова гуфт, ки ин касб ба ӯ аз волидайнаш мерос мондааст. Дар коргоҳҳои танурсозӣ агар як танурро бо семент ва сим дар ним соат бисозанд, барои тануре, ки ин зан месозад, чанд рӯз лозим мешавад.
“Дар чагдонҳои хиштӣ як ҳафта заҳмат кашида, бояд занг зад ва онро бо оташ гарм кард. Ҳозир қолабҳо баромадааст ва чагдонҳои сементӣ омода карда ба бозор мебароранд, аммо нони чагдоне, ки бо хишт ва рег омода мешавад, дигар аст”,--гуфт Зебониссо Давлатова.
Ин зан бар ин бовар аст, ки агар пушти нон гарди реге ҳам боқӣ монд, ба меъдаи инсон зиён намерасонад, вале гарди семент зараровар аст.
Аз тарафи дигар танурҳое, ки бо реги табии ва хишт сохта мешаванд, умри бештар доранд.
Асбобҳои тунурсозии момаи Зебунниссо аз ду санг иборат аст. Бо ин сангҳо бештар реги обшудро дар девораҳои танур соатҳо месояд.
Сокинони Тоҷикистон аз ҳама бештар нон истеъмол мекунанд. Бар асоси ҳисоби Оҷонсии омор дар нӯҳ моҳи соли гузашта як сокини Тоҷикистон то 120 килло нон хурдааст, ки дар қиёс ба солҳои пеш бештар аст. Дар Тоҷикистон дастархони бидуни нон дида намешавад, аз ин рӯ, дар аксари хонаҳои деҳот танури нонпазӣ месозанд.