Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, намози ҷанозаи модарашро бо видео хонд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пандемияи коронавирус, ки дарҳои кишварҳои зиёдеро ба рӯи ҳам баст, иртибототи заминиву ҳавоиро қатъ кард, сабаби фоҷиаҳои инсонӣ ҳам шуд. Яке аз ин фоҷиаҳоро як муҳоҷири тоҷик аз Маскав ба Радиои Озодӣ нақл кард ва хост дарди дилашро дигарон ҳам бишнаванд. Ӯ аз фироқи модар ва даргузашти ӯ гуфт.