Сохтмони хонаҳои баландошёна дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои баъзеҳо беҳтарин роҳи ҳал дар сурати набуди замин ва барои қисме дигар омили ҳушдору тарс аст.
Амният ё дурандешӣ?
Баъди ба баҳрабардорӣ супурдани нахустин бинои нӯҳошёна дар шаҳри Хоруғ дар соли 2017, сохтмонҳои ба ин монанд дар шаҳр идома дорад. Ҳоло сохтмони бинои 12-ошёна, ки барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, давом дорад. Интизор меравад, дар охири ҳамин сол сокинон калидҳои хонаҳои нави худро дарёфт кунанд.
Вале сокинони шаҳр ба иқдомоти нави меъмории мақомот нигоҳҳои гуногун доранд. Бархеҳо бунёди баландманзилҳоро зарурати таърихӣ ва дурандешӣ медонанд ва қисми дигар онҳоро хатаре ба зиндагии шаҳрвандон ва барҳамзанандаи симои шаҳр мегӯянд.
“Ин гуна баландошёнаҳо хеле заруранд, хусусан барои Хоруғ ва дар маҷмуъ барои тамоми минтақа, зеро мо замини хеле кам дорем. Вале аз сӯйи дигар муҳимтар ин аст, ки ин биноҳо босифат бунёд шаванд, то фурӯ нараванду мардум намиранд”, - мегӯяд сокини Хоруғ Наҷмиддин.
Бо ӯ бошандаи дигар Умед ҳамфикр нест ва ба ин назар аст ки ҳангоми бунёди ин баландманзилҳо вижагиҳои ҷуғрофиёии маҳаллӣ ба эътибор гирифта намешаванд. “Ин биноҳо барои мо бисёр баланданд ва оё метавонанд ба заминларза тобовар бошанд”, -суол гузошт ҳамсуҳбати мо. Ба гуфтаи вай, ин баландманзилҳо ба симоии шаҳр намеафзоянд, балки намои умумии онро барҳам мезананд.
Зилзилашиносҳо ҳушдор медиҳанд
Биноҳои бисёртабақа дар Хоруғ ҳанӯз аз замони Шӯравӣ сохта мешуданд, вале теъдоди қабатҳо бисёр набуд ва аз ҳама беш чорқабата буд. Коршиносон ин гуна тасмимро ба серзилзила будани минтақа ва Хоруғ марбут медонанд, ки дар ин ҷо заминларзаҳои то 9-дараҷаӣ воқеъ мешаванд.
Собит Неъматуллоев, академики маъруфи зилзилашинос мегӯяд, дар Помир ҳамеша заминларзаҳо рух медиҳанд, ки теъдоди он дар сол ба садҳо мерасад. “Дар Помир ба ҷуз заминларзаҳои худӣ, инчунин таъсири заминларзаҳои помируҳиндукуши ҷониби Афғонистон ва Чин ҳам рух медиҳанд. Соли 2015 заминларзаи шадид рух дод, ки дар давру бари кӯли Сарез 500 хона зарар дид, хушбахтона, ҳамаи онҳо якошёна буданд ва қурбонӣ надоштанд”, - мегӯяд ин донишманд.
Ба гуфтаи ӯ, дар замони Шӯравӣ ҳамаи биноҳои чаҳор ва панҷошёнаро дар як замини омӯзишии вижа месанҷиданд. Яъне, дар онҷо биноҳоро сохта, то ҳадди вайронӣ мекашонданд, то нуқтаҳои сусти сохтусозро пайдо мекарданд.
“Фанновариҳои навин иҷоза медиҳанд”
Вале ба гуфтаи сармеъмори вилояти Бадахшон Ҳайдар Ғуломшоев минтақа сарфи назар аз хатари заминларзаҳо дорои замини сахт аст ва агар ҳама меъёрҳои фаннии муосир риоят шаванд, хатаре барои бунёди бисёрманзилаҳо нест.
“Дар замони Шӯравӣ фанновариҳои муосири қоббандӣ истифода намешуд. Дар мо танҳо чорқабатаҳо месохтанд. Метарсиданд, вале тадриҷан тадқиқот гузаронида шуд ва ҳанӯз дар поёни фурӯпошии Шӯравӣ дар шаҳр тарҳрезӣ шуда буд, ки нӯҳқабатаҳо сохта шавад. Ба далелҳои барои ҳама рӯшан фурсат нашуд, ки сохта шаванд”, - мегӯянд Ғуломшоев.
Ин гуна андешаҳои мушобеҳро мутахассиси дигари маҳаллӣ, муҳандис Раул Хубонов, ҳам изҳор мекунад. Ӯ мегӯяд, бо истифода аз фанновариҳои муосир ва ҷалби сармояи лозим дар шароити ВМКБ мешавад биноҳои то шонздаҳқабата сохт.
“Мисоли рӯшан метавонад Ҷопон бошад, ки он ҷо сарфи назар аз хатари заминларза осмонхарошҳои бузурге сохта мешавад. Инҳо ҳангоми заминларза тавоноии ёзиш доранд, вале барои сохтани ин гунаҳо маблағҳои калоне зарур аст. Баъид аст, ки дар мо касе ин миқдор маблағро масраф кунад”, - таъкид мекунад Хубонов.
Меъмори маҳаллӣ Давлатназар Сулаймонов мегӯяд, бунёди баландманзилҳо барои шаҳришавӣ хеле зарур аст. “Аҳолӣ дар шаҳр афзуда истодааст ва баландманзилҳо худ ба худ маҳаллҳои амудӣ ҳастанд, ки метавонанд хонаҳои бисёреро фароҳам кунанд. Вале суол ин аст, ки инҳо чӣ гуна сохта мешаванд. Дар мо баъзан тамоми талош ин аст, ки биноҳо саривақт супурда шаванд ва сарфи назар аз сифат корҳо ба анҷом расонида шаванд”, - мегӯяд Сулаймонов.
Оё зерсохтҳо тавоноӣ доранд?
Дар баробари ин ҳама, сокинон аз он хатар доранд, ки бунёди биноҳои нав сарбории иловагӣ ба зерсохтҳое аст, ки ҳанӯз дар Шӯравӣ сохта шуда буданд. “Аллакай ҳамин ҳоло дар шаҳракҳо об бо реҷа дода мешавад ва на ҳамеша фишори лозимро дорад”, -шикоят мекунад Сироҷ, сокини яке аз баландошёнаҳои шаҳр.
Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд моҳи апрели соли 2019 барои беҳтар кардани низоми обтаъминкунии шаҳр ва мудирияти партовҳои маишӣ 10 миллион доллар ҷудо карда буд.
Хоруғ дар баландии 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва аз ҳама шаҳри баландкӯҳи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тибқи маълумоти охирин беш 30 ҳазор аҳолӣ дорад.