Милисаҳоро барои тарғиби ниқобпӯшӣ фиристоданд, сокинон мегӯянд, ниқоб нест

Як амалиёти хурди маъмурони милиса дар пойтахти Тоҷикистон нишон додааст, ки баъд аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар ҳанӯз бахше аз аҳолӣ бе ниқоби тиббӣ мегарданд. Мақомот мегӯянд, напӯшидани ниқоб ҷавобгарӣ надорад, аммо доштанаш аз тарафи Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 ҳатмӣ шудааст. Пизишкон мегӯянд, ниқоби тиббӣ як василаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир аст.

Ҳоло як ниқоб, вобаста ба сифаташ, дар Душанбе аз 5 то 50 сомонист. Бархе мегӯянд, имкони харидани онро надоранд ва иддае далел пеш меоранд, ки на ҳамеша дар дорухонаҳо ниқобҳои тиббӣ ёфтан мумкин аст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар натиҷаи як амалиёт дар хиёбонҳои пойтахт 50 мавриди бе ниқоби тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо гаштани сокинонро сабт кардааст. Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, ёрдамчии сардори раёсат оиди ҳамкорӣ бо ҷомеа, рӯзи 11-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёт бо тавсия ва талаби Ситоди ҷумҳуриявӣ сурат гирифт.

"Бе ниқоб гаштан ҳеч ҷавобгарӣ надорад, вале ба сокинон фаҳмондем, ки бо ин амалашон метавонанд омили паҳнкунандаи вирусҳо бошанд. Ба мардум фаҳмонида шуд, ки ҳангоми суҳбат ва рафтан дар мусофирбарҳо бояд қоидаи дурӣ аз якдигарро риоя кунанд", - шарҳ дод ӯ.

Аммо дар ин маврид сокинон далелҳои худро доранд. Дилрабо, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд: "Дар хона шаш нафар ҳастем. Ниқобҳои истифодаашон якдафъаина панҷ сомонӣ аст ва бояд ҳар рӯз онро иваз кунӣ. Ниқобҳои босифат дастрас нестанд. Ҳадди ақал нархи ниқоб аз 1 то 3 сомонӣ бошад ва он вақт аз мардум пӯшиданашро талаб кунанд."

Бо зиёд шудани талабот ба ниқобҳои тиббӣ дар Тоҷикистон чанд корхонаи нассоҷӣ ва соҳибкорон ба тавлиди он пардохтанд. Табибон мегӯянд, на ҳар матоъ қобилияти ҳифз аз вирусро дорад.

Профессор Саидбек Сатторов, мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, мегӯяд, истифодаи ниқоб метавонад хатари сироятшавиро ба ин ё он беморӣ кам кунад. Вай пешниҳод кард, беҳтар аст сокинон ниқобҳоро дар шароити хона аз суф ва пахта омода кунанд.

"Ин аз ниқобҳое, ки ҳоло истеҳсол мешавад, чанд маротиба беҳтар аст. Шумо онро аз чанд қабат суф ва пахта омода мекунед, ки имкони ворид шудани ин ё он вирус хеле кам аст", - афзуд ӯ.

Бино ба тавсияи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале метавонанд хатари сироятро кам намоянд.

Талаби мақомот аз сокинон дар мавриди пӯшидани ниқоби тиббӣ ва нигаронии шаҳрвандон аз камбуд ва гарон будани нархи он дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ ду моҳ боз коргоҳҳои дӯзандагӣ дар кишвар дар як рӯз аз 5 то 50 ҳазор ниқоби тиббӣ омода мекунанд.

Қаблан пулиси Душанбе хабар дода буд, ки ба зидди бархе аз тоҷирони дору дар пойтахт панҷ парванда кушодааст. Ин афрод барои, ба гуфтаи мақомот, ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруҳо ва лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла ниқобу либосҳои муҳофизатӣ, гумонбаранд.

Баъд аз эълони аввалин мавридҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафт. Арзиши баъзе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, аз 18 сомонии қаблӣ то ба 250 ва аз 60 сомонии пешина то 400 сомонӣ афзудааст.

Айнан ба монанди арзиши ниқобҳои тиббӣ, ки пеш аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар кишвар аз 1 сомонӣ то 8 сомонӣ арзиш дошт.

Ба иттилои расмӣ, то 11-уми май дар Тоҷикистон коронавируси нав ба 661 нафар сироят карда, боис ба марги 21 нафар шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳоло тақрибан панҷ ҳазор нафари дигар дар шифохонаҳои саросари кишвар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Дар бораи шифо ёфтани садҳо нафар гузориш дода мешавад, вале дар омори Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва Донишоҳи Ҷон Ҳопкинс дар ин бора иттилое нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!