Баҳси доғ дар бораи марги шубҳабарангези як додситони ҷавон дар Душанбе ва некиву хайрхоҳии муҳоҷирони тоҷик дар ҳаққи ҳамдигар аз мавзуъҳои барномаи Озодӣ Онлайн аст.
Шояд ба дасти шумо ҳам як сабти суҳбате аз тариқи Имову Вотсаппу Вайбер расид, ки дар он эҳтимолан доир ба марги Ҷалолиддин Абдуҷабборзода додситоне аз Душанбе суҳбат мешавад. Мақомот гуфтанд, ки сабаби марги додситон дар рӯзи 19-уми апрел на бемории КОВИД-19 балки илтиҳоби шуш фавтидааст. Аммо на ҳама ба ин гуфтаҳо бовар доранд, ки шарҳи зиёде дар ин бора навиштаанд.
Як корбаре, ки нахостааст, номашро бигӯяд, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст: «Аз таҳлили хабархои марг, карантинҳои хонаводаи фавтидагон, аломатҳои беморӣ, маълум аст, ки дар Тоҷикистон коронавирусро пинҳон мекунанд. Ба кадом сабаб, Худо медонад, ё президенту ҳукумат. “
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корбари дигаре гуфтааст, бояд аз ҳоло чораҳои пешгирӣ аз сирояти бемориро андешид, чун агар вирус буд, зиёдтар нашавад. Ӯ дар саҳифаи Радиои Озодӣ гуфтааст: «Бояд дарсҳоро дар мактабҳо фавран манъ кунанд, ҳадди аққал барои 1-2 моҳ. Паҳнкунандаи касалиҳо мактабҳо мебошанд. Тасаввур кунед, агар кӯдаки як оилаи бемор касалро дар байни ҳамсинфу ҷӯраҳояш паҳн кунад, дар як-ду ҳафта тамоми шаҳр касал мешавад. Дар он вақт на шифохона кумак мекунад, на дору.»
Корбаре бо номи «Тоҷикбача» бо муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, мабодо беморӣ дар кишвар бошад, ба хотири падару модарони азиз аз он пешгирӣ кунанд. Ӯ навиштааст: «Монанди дигар кишварҳо қудрат надорем, имкониятҳои кишвар маҳдудтар аст. Мардум беақл нест, пайиҳамӣ, дар як маҳал шудани илтиҳоби шуш худаш гувоҳӣ медиҳад, ки эҳтиёт кунем. Бубинед давлатҳои пурқувват наметавонанд, ин душвориро паси сар кунанд.»
Марги Ҷалолиддин Абдуҷабборзода дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ҳам баҳси зиёде барангехтааст ва корбаре бо номи Субҳоналлоҳ 8888 дуо кардааст, ки беморӣ ба Тоҷикистон сироят накунад. Дуояш чунин аст: "Худо Тоҷикистонро дар паноҳат нигаҳ дор. Мо ҳар рӯз дуогӯем, беморӣ ба Тоҷикистон наравад, бе ин ҳам, гаронӣ аст ва зиндагии мардум базӯр пеш меравад. Мардум эҳтиёт шавед, ба ҷое, ки одам зиёд аст, наравед. Беҳуда дар ҷойи серодам нагардед. Аввал на фикри худ, балки фикри оилаҳоятонро кунед."
Корбаре бо номи «Илҳамҷан» дар Инстаграмм ба ин баҳс ҳамроҳ шуда ва ба ҳама тавсияи мухтасари ҷолибе додааст, то аз коронавируси нав эмин бошанд. Тавсияааш чунин аст:“Саломи даст ба даст, оғӯш гирифтан, ва бӯса карданро то сохтани ваксина бас кунед, ки ин вирус шӯхӣ надорад.» Воқеан тавсияи мазкурро на танҳо корбари Радиои Озодӣ дар Инстаграмм, балки табибону Созмони Ҷаҳони Беҳдошт низ медиҳанд ва хуб аст, ки ҳама онро риоят кунанд.
Воқеан ба ҳамаи онҳое, ки видео мегиранду мефиристанд, назарашонро сабт мекунанд, сипосгузорем, вале бояд бигӯем, ки наметавонем ҳамаи онҳоро дар як рӯз бубинему нашр кунем. Як видеоеро ин ҳафта Салимҷон Суюнов, соҳиби як ширкати хурди нақлиётӣ дар Маскав фиристод, ки ҳамроҳ бо гуруҳе аз ҷавонони хайрхоҳи дигар кумак ҷамъ меоранду ба ҳамватанони муҳтоҷашон тақсим мекунанд. То кунун ин гуруҳ ба садҳо хонаводаву муҳоҷир дар вилояти Маскав маводи ғизоӣ тақсим кардаанд.
Телефони барномаи мо +420 607 900 808 Вотсаппу Вайберу Телеграм ва Имо дорад ва барои қабули видеоҳои шумост.