COVID-19 баъзе мурофиаҳоро аз додгоҳ ба боздоштгоҳ "кӯчонд"

Додгоҳи олии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Баъзе аз додгоҳҳои Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба хатари сирояти COVID-19 баргузории мурофиаҳоро камтар карда, бахши дигарро ба боздоштгоҳҳои муваққатӣ "кӯчондаанд". Ҷое, ки гумонбарон нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ чанде аз вакилони мудофеъ хабар доданд ва онро намояндагони баъзе аз додгоҳҳо низ тасдиқ карданд. Вале дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтанд, ки кор ба ба таври маъмулӣ идома дорад.

Рӯзи 14-уми май дастикам се манбаи Радиои Озодӣ дар додгоҳҳои кишвар гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус беш аз як ҳафта боз равуо ва баргузории мурофиаҳои додгоҳиро кам кардаанд.

Як мусоҳиби мо дар Додгоҳи шаҳри Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 14-уми май гуфт: "Ҳоло ин ҷо ҳама хомӯшист ва мисли дигар вақт мурофиаҳои додгоҳӣ ва афроди зиёд ба назар намерасанд".

Манбаи дигари Радиои Озодӣ, гуфт, феълан баъзе аз боздоштшудаҳоро ба толори додгоҳ намеоранд ва мурофиаро бо шумори ками одамон дар СИЗО доир мекунанд. Вакили мудофеи тоҷик Шабнами Искандар ҳам мегӯяд, дар робита ба қазияи зерҳимояаш ба бинои СИЗО даъват шуд.

Вай 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "аз ман хостанд, ки дар робита ба қазияи зерҳимояам ба боздоштгоҳи рақами яки Душанбе ҳозир шавам. Азбаски вазъи саломатам хуб набуд, натавонистам ба мурофиа равам". Вакили мудофеъ афзуд, ба назари ӯ, бояд мақомот ба эътибор гиранд, ки хатари сирояти коронавирус дар СИЗО камтар аз толори додгоҳҳо нест.

Дар гузашта баъзе аз мурофиаҳо дар СИЗО паси дарҳои баста сурат гирифта, натанҳо хабарнигорону ҳуқуқдонҳо, балки бисёре аз пайвандони гумонбарон ба он роҳ наёфтаанд. Бо ишора ба ин, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, эҳтимол баъзе аз гумонбарон имкони дифои пурра аз худро надошта бошанд ва додрас бар асоси ончи ки тафтишот мегӯяд, хулоса барорад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, ширкати сокинон дар мурофиаҳои додгоҳии пайвандонашон ҳаққи онҳост, вале дар шароити хатари коронавирус бояд роҳи ҳалли дигареро пайдо кард. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "яке аз роҳҳои беҳтар ин афви онҳоест, ки бо гумони ҷиноятҳои на чандон сангин дастгир шудаанд".

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар шароити хатари коронавирус кишварҳои дигар инро таҷруба кардаанд: "Дар Тоҷикистон ҳадди ақал афроди боздоштшударо муваққатан раҳо кунанд, ба нафъи кор аст. Ин аз чанд ҷиҳат хуб аст, ҳам нишони башардӯстӣ аст ва ҳам бо озод намудани онҳо хатари сирояти беморӣ кам мешавад. Дар дохилу хориҷ чунин иқдомро хуб қабул мекунанд".

Як масъули Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ намуд, рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус чораҳо ҷорӣ шудааст, расман дар кори онҳо дигаргуние нест.

Ин дар ҳолест, ки кам шудани мурофиаҳоро бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус ҳамсӯҳбатони мо дар чанде аз додгоҳҳои Душанбе ва манотиқи дигари кишвар тасдиқ намуданд.

Пештар дар сомонаи расмии баъзе аз додгоҳҳо мурофиаҳои рӯзҳои баъдиро нашр мекарданд. Рӯзи 14-уми май чунин эълони нав ба назар намерасид. Сайфуддин Камолзода, раиси додгоҳи шаҳри Ваҳдат, гуфт, ҳоло аз баргузории бархе аз мурофиаҳо, ки парвандаашон муҳлат доранд, худдорӣ мекунанд ва бо муътадил шудани вазъият баррасии онҳо аз сар гирифта хоҳад шуд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Вазъият муътадил шавад, боз дар сомонаи худ эълон дода, баррасии парвандаҳоро давом медиҳем".

Камолзода таъкид намуд, мурофиаҳое, ки дар ҳоли анҷомёбисту парвандаҳои ҷанҷолиянд, бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ гузаронда мешаванд. Вай ишора кард, ки дар толори мурофиа кӯшиш мекунанд одамони камтар ҳузур дошта бошанд.

Наздикони чанде аз афроди боздоштшудаву маҳкумшуда дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар шароити сирояти коронавирус хостори афви пайвандонашон мебошанд. Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки масъалаи афви зиндониёну гумонбарон дар миён нест.

Ба иттилои расмӣ то кунун чаҳор зиндонӣ аз илтиҳоби шуш фавтида, беш аз 30 каси дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Мухолифон омори воқеиро бештар аз омори расмӣ медонанд. Дар бораи шароит дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар замони коронавирус ҳанӯз гузорише нест.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!