Корона дар ҷаҳон. Бархе кишварҳо маҳдудиятҳоро бардоштанд

Яке аз паркҳои Амрико.

Ҳукуматҳои аврупоӣ рӯзи душанбеи 25-уми май бархе аз маҳдудиятҳои ҷоришуда бинобар коронавирусро бардоштанд. Интизор меравад, ки маҳдудиятҳои бештар давоми ин ҳафта бардошта шаванд. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон аз панҷуним миллион нафар гузаштааст ва дар ҳоли ҳозир се кишвар -- Амрико, Бразилия ва Русия бештарин шумораи гирифторони ин бемориро доранд.

Дар Амрико ҳамзамон бо "Рӯзи ёдбуд", мардум ба паркҳо ва соҳилҳо рафтанд ва дар Аврупо низ бо вуҷуди коҳиши маҳдудиятҳо, гузоришҳое дар бораи интишори дубораи ин беморӣ дар шарқи Ҷумҳурии Чех ва Олмону Ҳоланд нашр шудаааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бархе кишварҳо маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бардоштанд

Дар ҳоли ҳозир ҳар 50 иёлати Амрико марҳилаи коҳиши маҳдудиятҳоро оғоз кардаанд ва танҳо бархе иёлатҳо, аз ҷумла Ню-Йорк ва ҳамчунин пойтахти ИМА ин маҳдудидиятҳоро коҳиш надодаанд. Амрико бо беш аз 1,6 миллион мубтало ва ҳудуди 99 ҳазор қурбонӣ, бештарин талафоти корона дар ҷаҳонро дорад.

Ҳукумати марказии Амрико эълом кардааст, ки маҳдудиятҳо дар пайи коҳиши гирифторӣ ба коронавирус дар ду ҳафтаи ахир, бардошта хоҳанд шуд. Аммо ҳузури зиёди мардум дар соҳилҳои Флорида, майхонаҳо ва каҳвахонаҳо, нигарониҳои зиёдеро дар бораи риоят накардани муқаррароти ҷоришуда ва хатари афзоиши олудагӣ ба миён овардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва бисёре аз раҳбарони иёлатҳо умедворанд, ки дар пайи бардоштани маҳдудиятҳо, вазъияти иқтисодӣ ба зудтарин фурсати беҳбуд ёбад. Трамп ки дар интихоботи президентии моҳи ноябри имсол номзад аст ва талош мекунад барои як давраи дигар раиси ҷумҳур интихоб шавад, гуфтааст, ки дигар чизеро нахоҳад баст. Ин дар ҳолест, ки коршиносон аз хатари эҳтимолии мавҷи дувуми паҳншавии коронавирус ҳушдор додаанд.

Аз сӯи дигар, кишварҳои аврупоие, ки аз сирояти коронавирус осеби шадид дида буданд, чораҳои бештареро дар заминаи бозкушоии марзҳо, мактабҳо ва ҳатто мусобиқаҳои варзишӣ дар ҳафтаҳои оянда эълом кардаанд, зеро мавридҳои гирифторӣ ва маргу мир рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Аз ҷумла, маҳдудиятҳо дар Мадрид ва Барселонаи Испания саранҷом рӯзи душанбеи 25-уми май бардошта шуданд ва сокинони ин ду шаҳр иҷоза ёфтанд, ки дар хонаҳояшон ва ё берун, дар майкадаҳо ва каҳвахонаҳо дар гурӯҳҳои хурд диду боздид кунанд. Паркҳо низ дар ҳоли бозкушоӣ ҳастанд ва дар осорхонаҳо ба шумораи маҳдуди боздидкунандаҳо иҷоза дода мешавад.

Нахуствазири Испания хитоб ба сайёҳон гуфтааст, "Испания аз моҳи июл мунтазири шумост". Бар асоси маълумоте, ки ҳукумати ин кишвар эълом кард, агар вазъ ба шакли кунунӣ пеш биравад, аз ибтидои июн сайёҳон метавонанд бидуни карантини дуҳафтаӣ ба Испания сафар кунанд. Ҳамчунин бозиҳои футболи қаҳрамонии Испания, ки дар ҷаҳон маъруф аст аз рӯзи 8-уми июн оғоз мешавад.

Дар Ҷумҳурии Чех бо вуҷуди он, ки шумори гирифторон рӯ ба коҳиш аст ва ин кишвар аз рӯзи душанбе комил бозкушоӣ шудааст, аммо мубтало шудани шумори зиёд дар шарқи ин кишвар, нигарониҳоро афзоиш додааст.

Дар Олмон маҳдудиятҳо ба шаклҳои гуногун дар ҳар 16 иёлати ин кишвар дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Каҳвахонаҳо аз рӯзи 25-уми май боз ҳастанд ва қаблан дар бархе иёлатҳо иҷозаи нишастан дар фазои боз дода шуда буд.

Хатари ғизохӯрӣ берун аз хона пас аз он сару садо барангехт, ки 18 нафар дар як қаҳвахона дар шимоли Олмон ба коронавирус гирифтор шуданд ва 118 нафар маҷбур шуданд, то худро дар хона карантин кунанд. Ҳавзҳои шиноварӣ ва меҳмонхонаҳо дар чандин иёлат, ба шумули Берлин рӯзи 25-уми май боз шуданд. Мақомоти Олмон иҷозат доданд, ки мусобиқаи қаҳрамонии футболи ин кишвар, ки ба далели пандемияи коронавирус мавқуф гузошта шуда буд, аз сар гирифта шавад.

Дар аксар кишварҳои исломӣ низ, ки рӯзҳои якшанбе ва душанбе Иди Фитр эълом шуда буд, оинҳои мазҳабӣ бо маҳдудиятҳо баргузор шуд. Дар Ромуллоҳи Фаластин эълом шуд, ки шумораи гирифторон ба коронавирус рӯ ба коҳиш аст ва аз ин рӯ, муқаррароти карантин аз рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе бекор мешавад.

Дар Эрон мақомот дари зиёратгоҳҳоро боз карданд ва дар Ҷопон низ нахуствазири ин кишвар аз поёни вазъияти изтирорӣ хабар дод ва эълом кард, аз нимашаби душанбе ҳамаи маҳдудиятҳои ҷоришуда бекор хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!