Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Миёнаҳои апрели соли 2012 Далер Шарифов ва ҳамон тавре мегуфт, ҳамроҳ бо як гурӯҳи чилнафараи ҷавонони тоҷик, тасмим гирифтаанд, ки созмони иҷтимоиеро бо номи «Қадам ба қадам» таъсис диҳанд. Сухан аз ҳамон Далере меравад, ки 3 рӯз пеш барои як сол ӯро зиндонӣ намуданд ва аксҳое, ки баъдан аз ҷараёни ҳукмаш нашр шуд, нишон медод, ки ин ҳукми судяро ӯ бо сари баланд гӯш кардааст. Ин мавзӯи дигарест...
Ҳоло аз мавзӯе гуфтан мехоҳем, ки ӯ он замон таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба он бори дигар ҷалб карданӣ шуд. Оре, маҳалгароӣ на як бору ду бор дар матбуоту расонаҳои хабарӣ ва маҳфилҳои хос мавриди муҳокима қарор гирифтааст. Аҷиб аст, ки ин гуна баҳсҳоро ҳарчанд мақомоти тоҷик бо дард қабул мекунанд, вале бархӯрди сахти сахт ба мубтакирони баҳсҳо надоштанд. Дар мисоли Далер вазъ тағйир ёфт. Ба ҳар сурат, моҳи майи ҳамон сол, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи ин иддао, ӯ мавриди ҳамла ва латту кӯби сахти афроди номаълум қарор гирифт, ки омилони он то ҳол муайян нашудаанд. Гуфтан мумкин, ки дар ин иқдоми онҳо кадом як “лоиҳаи махсус” -ро диданд. Ҳарчанд Далер дар сӯҳбатҳояш гуфт, ҳадафи аслии онҳо танҳо аз миён бурдани нафрати маҳаллӣ ва ба вуҷуд овардани тафоҳуми умумӣ миёни ҷавонони Тоҷикистон буду бас.
Бешак ин гуна иқдомҳо қобили таҳсин буду ҳаст. Зеро маразе мисли маҳалгароӣ солҳои тӯлонист, ки дар баданаи миллати тоҷик пайдо шудаву табибе барои худ пайдо намекунад. Борҳо дар бораи роҳҳои ҳалли ин мушкилтасмиму пешниҳодоте ироа шудаанд, аммо онҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Вақте апрели соли 2012, ҷавонон ба ин масъала рӯ оварданд, онро мебоист дигаргуна дарк менамудем. Ба ҳар сурат, мешавад гуфт, агар ҷавонону наврасон маҳалгароиро дар вуҷуди худу ҳамсолонашон эҳсос кардаанд, ин фоҷиаи миллист.
Чаро?
Солҳои қаблӣ мегуфтанд, ки маҳалгароӣ дар манотиқи кишвар чандон рушд наёфтаву бештар дар пойтахт зуҳур мекард ва аксари вақт аз ҷониби мансабдорону бо ном равшанфикрон. Вале ҳоло, агар ин мараз то ҷавонон расидааст, дигар ҷои гап боқӣ намемонад: ин беморӣ моро афгор карданист!
Ин ҳам дар ҳоле, ки яке аз сабабҳои аслии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистонро сиёсатшиносону ҷомеашиносон маҳз ба ривоҷ ёфтани маҳалгароӣ нисбат медоданд. Аммо пас аз ин ҷанг ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоият дар ҷомеа низ мавзӯи маҳалгароӣ ба поёни худ нарасид. Ҳукумат ва бахшҳои тиҷорати муваффақтари кишварро то ҳанӯз ба намояндагони маҳали хос нисбат медиҳанд. Ҳарчанд ин манфиатҳо маҳалли бузургро ба маҳаллу маҳалчаҳои кӯчактар тақсим намуд. Набояд фаромӯш сохт, ки то замони ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ минтақаи (он замон вилояти) Кӯлоб як минтақаи том буд. «Кӯлобӣ» дар он замон маънии ҳам сокини шаҳри Кӯлобро дошт, ҳам ноҳияи Восеъу Фархор ва ҳам Ҳамадониву Темурмалики имрӯзаву Шӯроободу Мӯъминободу ҳатто Данғараи каме дурдасттарро. Дуруст, дар он замон ҳам байни балҷувониву шӯроободиву даштиҷумиву ховалингӣ як навъ «муборизаҳое» вуҷуд доштаанд, лекин ин раванд бештар дар байни боз ҳам мансабдорону ба ном равшанфикрон буд, ки дар паи манфиатҳои хоси худ ба «маҳалгароии хурд» авҷ медоданд. Аммо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҳар кадоми ин навоҳӣ ба қавле «мухторият» пайдо намуд, хоса Данғара. Сабабаш маълум аст. Ҳамон унсури муҳим – манфиат!
Ба ҷониби мухолифин ҳам таъна мезаданд, ки бештари мансабҳоро дар соли 1998 Нурӣ маҳз ба хешу табор ва ҳаммаҳалҳои худ пешниҳод кардааст.
Албатта ин ҷараён танҳо дар ҷануби Тоҷикистон ба назар намерасид. Шимоли кишвар низ истисно набуд. Хелеҳо ёд доранд, ки «хуҷандӣ» дар замони шӯравӣ аз кадом “марҳаматҳо” бархӯрдор буду ӯротеппагиву зарафшониву мастчоҳиву дигару дигарон аз кадом. Меъёри маҳал то ҷое қавӣ гардида буд, ки онро ба пойтахт – шаҳри Душанбе интиқол дода буданд. Аз ҳамин ҷост, ки дар пойтахти давлат низ маҳалҳои хос пайдо шуданд, ки дар онҳо то ҳанӯз намояндагони ин маҳалҳо зиндагӣ мекунанд. Инро баъзеҳо ба ягон масъалаи миллӣ нисбат намедиҳанду мегӯянд риоят шудани урфу одатҳои маҳаллӣ аз ҷониби намояндагонаш ягон паҳлӯи манфӣ надорад. Аммо дар асл, вақте мо танҳо дар доираи танги маҳал на танҳо зиндагӣ, балки фикру андеша мекунем, он ба махсусиятҳои миллии мо таъсири андак нахоҳад дошт.
Тавре ёд кардем баъзе аз шахсиятҳои матраҳшудаи ҷомеа барои раҳоӣ аз ин вабо пешниҳодҳое намуданд. Аз ҷумла, бархеҳо замоне пешниҳод доштанд, ки барои барҳам задани маҳалгароӣ бояд бо навбат намояндагони маҳалҳои гуногунро ба сари қудрат овард. Яъне бигзор дар курсиҳои раҳбарӣ бо тақозои қонунгузорӣ 5 сол мардуми Кӯлоб, 5 сол пас – бадахшониҳо, 5 сол – намояндагони Хуҷанд, 5 сол – Рашт бошад. Бархе ин андешаро то андозае утопиявӣ номиданду иҷроиши онро номумкин.
Иддаи дигар гуфтанд, ки дар умури давлатдорӣ мебояд аз баҳри категорияи маҳаллӣ баромад. Манзур ин аст, ки набояд ҳукумат мансабҳои худро мисли гузаштаву ҳозир аз рӯи номенклатураи фаъолу хос (Сарвазир аз Суғд, Раиси Маҷлиси намояндагон аз Рашт ва ғ ҳ) тақсимбандӣ намояд. Зеро муҳим ҳоло натиҷаи кор аст, на ин ки ин ё он кори муфидро кӣ ва намояндаи кадом маҳал иҷро мекунад? Гумон аст, ки ба ин андеша низ ҳама розӣ шаванд.
Манфиатҳои молиявӣ низ, он тавре ҳадс мезаданд, натавонист пеши раҳи маҳалгароиро бигирад. Муаллифони ин ғоя мегуфтанд дар натиҷаи ба вуҷуд омадани муҳити созгор ва рушд ёфтани тиҷорат, маҳалгароӣ худ аз худ аз байн меравад. Албатта ин унсур то ҷое кор дод. Барои мисол, мебинем, ки ҳоло соҳибкорони кӯлобӣ дар Бадахшон фаъолият доранд, ё баръакс. На мисли пешин онҳо байни ҳам занозанӣ мекунанд. Вале, тавре аз қонунҳои тиҷорат бармеояд, манфиат тақозои манофеи бештарро дорад. Аз ин ҷост, ки феълан ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки иддао доранд: агар ман намояндаи фалон маҳал мешудам, тиҷоратам аз ин бештар рушд мекард!
Муносиботи хешутаборӣ, келин кардан ё домод гирифтан аз ҳисоби намояндагони маҳалҳои гуногун низ дар кӯтоҳмуддат наметавонад масъалаи қавмгароиву маҳалчигиро ҳал кунад. Дуруст, то ин замон роҳҳо баста буданду ин гуна имкон камтар буд ва ҳоло шояд бештар шуда, аммо натиҷаҳои онро шояд андактар мешавад интизор шуд.
Пас роҳи ҳал чист?
Соли 2012 ҳам намояндагони созмони «Қадам ба қадам» гуфтанд, ки ниятҳои сиёсӣ надоранд. Вале, ба назари ман, маҳз бо роҳи сиёсӣ имкон дорад ин мавзӯро ба ҳалли ниҳоияш расонд.
Чаро ва чӣ гуна?
Бубинед, маъракаҳои интихоботиамон низ маҳз дар доираи маҳал маҳдуд шудаанд. Масалан, ҳар дафъа мебинем, ки шахсиятҳои сиёсиамон маҳз аз зодгоҳашон номзад мешаванд. Солҳои пеш, ки Шокирҷон Ҳакимов муддаӣ ба вакилӣ мешуд, маҳз Конибодомро интихоб мекард. Қувват Султони раҳматӣ низ доим аз шаҳри Кӯлоб номзад мешуд, ё барои он талош мекард. Вакилони фаъол ҳам маҳз дар доираи маҳдуди маҳал номзадиро интихоб мекунанд. Барои он ки ба маҳалгароӣ худи маро маҳкум накунанд, аз зодгоҳи худам мисол меорам, ки ду маротиба шуд Рустам Латифзода маҳз аз ҳавзаи Восеъ номзаду вакил мешаваду солҳои пештар, ки муборизаҳои ҷиддитари сиёсӣ вуҷуд дошт, тоҷири шинохтаамон, раҳматии Самариддин Фазлиддинов ҳавзаи Восеъро “моликияти истисноии” худ меҳисобид.
Ин нуктаро ба он хотир махсус зикр мекунам, ки боре олими хушномамон Акбари Турсон ин мавзӯъро баррасӣ намуду баъдан тавре худаш гуфт, “кор ба дараҷае расида истодааст, ки ҳатто дигарандеширо аз ҳамин мавқеи назар таъбир карда истодаанд. Чунончӣ, нафаре аз ширкаткунандагони ин гуфтугӯ шубҳайи илмиамро ба рамзи миллӣ хондани кӯҳ …аломати маҳалгаройӣ хондааст!”.
Ин ҳамту...дар омади гап.
Манзури мо чизи дигарест: пайдоиши мафҳуми «иҷораи якумраи сиёсӣ» дар маъракаҳои сиёсие чун интихобот!
Барои мисол, агар ҳоло Рустам Латифзода номзадии худро аз Конибодом гузораду Шокирҷон Ҳакимов аз Восеъ чӣ бурду бохте хоҳанд дошт? Интихоботро мебозанд? Бе ин ҳам, онҳое, ки зарур аст, бохта истодаанд! Аммо ду – се дафъае, ки дар маъракаҳо ширкат мекунанду мебозанд, ақаллан барои мардуми маҳалли дигар шинохта намешаванд?
Фикр мекунам, ба ин восита лидерҳои миллӣ ҳам пайдо хоҳад шуд. Биёед, дар бораи вуҷуди нуқсонҳои қонуни интихобот ва фазои сиёсӣ чизе нагӯем. Онҳоро медонем. Ҳоло мавзӯро ба шинохти фаротари шахсиятҳо бояд бурд. Воқеан, ҳамин Шокирҷон Ҳакимовро, ки имрӯз зодрӯз дорад, рӯзи мурофиаи Далер Шарифоввохӯрдам. Ӯ аз маъракаи интихоботи парлумонӣ ва бардоштҳояш аз мулоқотҳо бо интихобкунандагон дар минтақаи Кӯлоб гуфт. Иқрор шуд, ки на ҳама ӯро мешинохтанд, ҳатто дар сатҳи муаллимони донишгоҳ. Мардум бошад, дар бархе вохӯриҳо ӯро хуш пазируфта, ошкор гуфтаанд, ки намедонистанд чунин номзадҳо ҳанӯз ҳам ҳастанд.
Пас чаро сари ин фикр бештару ҷиддитар наандешем?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.