Э.Раҳмон истеъфои ҳукумати Тоҷикистон ва афви 378 зиндониро эълон кард

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ёд кардани савганд

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 30-юми октябр бори панҷум ҳамчун президенти Тоҷикистон савганд ёд кард, ҳайати ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва 378 зиндониро афв кард. Шахсияти маҳбусоне, ки афв шудаанд, ҳанӯз маълум нест.

Дар фармоне, ки шоми 30‑юми октябр дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон нашр шуд, гуфта шудааст, то таъини ҳайати нави ҳукумат “сарвазир, муовини якум ва муовинони сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ вазифаҳои худро анҷом медиҳанд."

Ҳанӯз маълум нест, кадом мансабдор аз мақомаш дар ҳукумати нав маҳрум мешавад. Дар гузашта бо тағйири хеле кам ҳайати ҳукумат нав шуда буд.

Дар фармони дигар гуфта шудааст, 378 зиндонӣ “дар асоси принсипҳои инсондӯстона ва ғамхорӣ ба оилаву кӯдакон” мавриди афв қарор гирифтаанд.

Бархе аз коршиносон тахмин мезаданд, ки эҳтимол баъзе аз шахсоне, ки ба гуфтаи наздиконашон бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, пеш ва ё пас аз интихоботи президентӣ афв шаванд.

Мухолифон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аъзои зиндонии Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, созмони мамнуи “Гурӯҳи‑24” ва инчунин шахсиятҳое ба монанди Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохта ва Зайд Саидов, муассиси ҳизби сабтиномнашудаи “Тоҷикистони нав”‑ро зиндониёни сиёсӣ ном мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди зиндониёни сиёсиро рад мекунад ва мегӯянд, ин афрод барои содир кардани ҷиноят ҳабс шудаанд.

Ҳоло маълум нест, шахсоне ки ба гуфтаи наздиконашон бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, шомили афв ҳастанд, ё не.

Фармони ба истеъфо фиристодани аъзои ҳукумат ва афви иддае аз зиндониён пас аз он содир шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябр дар "Кохи Сомон" савганди нави президентӣ ёд кард ва барои ҳафт соли оянда ваъдаҳое дод.

Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ӯро пирӯзи интихоботи рӯзи 11‑уми октябр эълон кард. КМИРТ ва кишварҳои дӯсти Тоҷикистон интихоботро шаффоф унвон карданд, вале мухолифон гуфтанд, интихобот ғайридемократӣ баргузор шуд ва натиҷаашро намепазиранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 инак 28 сол боз Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад. Тарафдоронаш мегӯянд, ӯ дар ин муддат тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, иқтисоди кишварро рушд диҳад. Вале мунтақидони Раҳмон мегӯянд, дар давраи роҳбарии ӯ Тоҷикистон ба як кишвари қафомонда ва худкома табдил ёфт.