Густариши коронавирус ва карантини саросарӣ дар Русия зиндагии бе ин ҳам сахти муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро дар ин кишвар сахттар кард. Хонаводаҳое, ки аксарият барои таъмини зиндагӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омада дар хона банд мондаанд, ҳоло ба сахтӣ ва бо кӯмаки хайрхоҳон рӯз мегузаронанд.
Илҳом муҳоҷире аз Узбакистон, ки бо ду фарзандаш дар Русия зиндагӣ дорад, мегӯяд, барои таъмини худу фарзандонаш ҳамагӣ 700 рубли дигар дорад. Илҳом зиндагиашонро ингуна тасвир кард: “Дар Русия то оғози карантин ғайрирасмӣ кор мекардам, устои барқ ва қубурҳои об ҳастам. Охирин фармоишро 3 ҳафта пеш гирифта будам. Ҳоло аз ин даромад 700 рубл дар ҳисобам мондааст. Бо ҳамин пул як моҳ боз бо писаронам зиндагӣ дорем.”
Ӯ соли 2017 барои кору зиндагӣ ба Маскав омадааст ва ғайрирасмӣ кор мекунад. Илҳом мегӯяд. “Аз депортатсия наметарсам, ба ҳукумати Русия суолҳои зиёде дорам. Вақте, маро боздошт кунанд, ҳатман ба онҳо суолҳоямро медиҳам. Барои онки ман аз соли 2017 аз марзи Русия берун нашудаам, иҷозаи вуруд ба ин кишварро барои ман манъ кардаанд. Тибқи қонун, ҳар сол бояд як бор марзро убур кунем.”
Писарони 13 ва 16-солаи Илҳом дар Маскав таҳсил мекунанд. Ҳоло онҳо мисли дигар хонандаҳо ба таври фосилавӣ мехонанд. Мактаб барояшон компютер ваъда кардааст, вале ин ваъда иҷро нашуд. “Ҳоло кӯдакон бо навбат бо смартфон (телефони ҳушманд) дарс мехонанд” - меафзояд, Илҳом.
Ин муҳоҷир бо кӯдаконаш дар як хонаи ду ҳуҷрагӣ иҷоранишин аст. Ҳамроҳ бо онҳо дар хона 10 нафари дигар зиндагӣ мекунанд. Барои иҷораи 3 рахти хоб маъмулан 10 ҳазор рубл талаб мешавад, аммо Илҳом бо ду писараш дар як тахт мехобанд ва бинобар ин пули камтар месупоранд. Мегӯяд, ду моҳи ахир умуман пули ҷойи хобро насупурдааст ва пулаш барои хӯрок ҳам намерасад. Соҳиби хона ҳам ӯро дарк мекунад ва сахт намегирад. Илҳом мегӯяд, дар сурати идома ёфтани карантин дигар намедонад, чӣ кор кунад.
Тақдири шабеҳи муҳоҷирони қирғиз
Айзат ҳам айни вазъро дорад. Ин зани муҳоҷир соли 2017 аз Қирғизистон ба назди шавҳараш ба Русия омадааст. Хатмкардаи факултаи муносибатҳои байналмилаллии Академияи дипломатии Қирғизистон аст. Дар Маскав аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаводае кӯдак нигаҳбонӣ мекунад. Ягона писари Айзат дар Қирғизистон дар тарбияи бобову бибӣ аст.
Айзат мехоҳад, баъди ҷамъ овардани пули як хона дар ватан ба Қирғизистон баргардад. Маоши миёна дар Қирғизистон, ба гуфтаи ӯ, 12 ҳазор рубл аст. Дар Маскав бар ивази 5 ҳазор рубл як ҷойи хобро дар хонае иҷора гирифтааст. Мегӯяд: “Кори расмӣ надоштам. Бинобар ин вақте чунин вазъ пеш омад, маро зуд ҷавоб доданд. Ҳанӯз барои моҳи гузашта ҳам музди корамро надодаанд.” Охирин пулҳояшро Айзат дар ин муддат сарф кард ва мегӯяд, як моҳ боз бепул мондааст.
Маҳз муҳоҷирони корӣ дар шароити карантин ва фосилагирии иҷтимоӣ дар шароити бад қарор гирифтаанд, чун ба гуфтаи коршиносони масоили муҳоҷират, бисёре аз онҳо дар Русия кори расмӣ надоштанд. Варвара Третяк мушовири масоили муҳоҷират дар созмони “Кӯмаки шаҳрвандӣ” мегӯяд: “Аз кор ҷавоб додани чунин кормандон хеле осон аст. Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин қишр ҳимоя карда намешавад. Исботи ин ки робитаи корӣ байни онҳо вуҷуд дошт, танҳо дар додгоҳ имконпазир аст, аммо додгоҳҳо ҳоло кор намекунанд.”
То оғози фосилагирӣ, ё карантин муҳоҷирон ба созмони “Кӯмаки шаҳрвандӣ” бештар барои машварати ҳуқуқӣ муроҷиат мекарданд. Ҳоло аксарият аз камбуди маблағ ва маводи ғизоӣ шикоят мекунанду кӯмак мепурсанд.
Ба созмони “Рушди муҳоҷират” ҳам муҳоҷирон бо айни мушкил муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи Артем Орлов, муовини раҳбари созмон, дар як моҳи ахир якуним ҳазор муҳоҷир аз Маскаву атрофи он кӯмак, махсусан маводи ғизоӣ пурсидаанд.
Зулфияи тоҷик ҳам намедонад, чӣ кор кунад
Муҳоҷири тоҷик, Зулфия ҳам бо кӯдакони хурдсол дар вазъи душвор мондааст. Ӯ соли 2012 бо шавҳараш ба Русия омад ва ин ҷо ду фарзанд ба дунё овард. “То таваллуди фарзанди хурдӣ, ман ҳам дар як маркази савдо кор мекардам. Аз корам розӣ будам. Соати кориам кам буд ва ба кӯдаконам ҳам вақтам мерасид“ мегӯяд Зулфия.
Пеш аз эълони карантин шавҳари Зулфия корашро аз даст дод. Ӯ барои дарёфти кор ба шаҳри дигар рафт ва он ҷо дармонд. Муҳоҷирзани тоҷик бо нигаронӣ мегӯяд, намедонад, ин вазъ то кай идома мекунад: “Намедонем кай ба кор бармегардем. Барои хонаи иҷора ва хурду хӯроки фарзандон ба пул ниёз дорем.”
Барои хонаи иҷора оилаи Зулфия 40 ҳазор рубл мепардозад. Соҳибхона дар ин шароит ҳам розӣ нашудааст, маблағи иҷораро кам кунад. Аммо ин муҳоҷирон дар ҳар сурат сарпаноҳе доранд, бисёри дигар баъди карантин дар кӯча монданд. Артем Орлов, муовини раҳбари созмони “Рушди муҳоҷират” мегӯяд, ҳоло барои ҷой кардани муҳоҷирони бе ҷойи зист, онҳо бо чанд меҳмонхонаи хурд гуфтугӯ доранд: “Кӯшиш дорем, муҳоҷиронро бо нархи камтар дар чунин маконҳо ҷой кунем. Одамон бе пул ва ҷойи зист мондаанд. Албатта онҳо хашмгин мешаванд ва мумкин аст, ба бетартибиҳои оммавӣ даст зананд.”
Артём аз расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи ба ҷиноят даст задани муҳоҷирон изҳори нигаронӣ мекунад. Ӯ бар ин бовар аст, ки агар карантин дар моҳи май ҳам тамдид шавад, бетартибиҳо бештар мешаванд. Рӯзи 7- уми апрел дар маркази Маскав чанд муҳоҷиреро боздошт кардаанд, ки хостаанд, мағозаеро ғорат кунанд. Баъди ин аз як мавриди дигари дуздӣ дар назди метрои “Динамо” хабар доданд. Чаҳор шаҳрванди Узбекистон бо ҳадафи ғорати ду мард дар назди як бинои истиқоматӣ ба онҳо ҳамла кардаанд.
Пешқазовате, ки вазъро бадтар кардааст
Рӯзи 26-уми апрел, расонаҳо аз ҳамлаи муҳоҷирон ба як хона дар шаҳраки Десёновский хабар доданд. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Варвара Третяк, раҳбари созмони “Кӯмаки шаҳрвандӣ” ҳанӯз барои гузориш додан аз афзоиши ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон барвақт аст. Ӯ мегӯяд: "Дар шароити бӯҳронӣ, одамон хеле асабонӣ ва хашмгин мешаванд. На танҳо муҳоҷирони корӣ, балки русҳо низ ҷои кори худро аз даст медиҳанд. Аммо одамон одатан хашму асабонияти худро худро ба онҳое мерезанд, ки аз нуқтаи назари иҷтимоӣ осебпазиранд.”
Ба гуфтаи Третяк, пешгӯиҳо дар мавриди афзоиши ҷинояткории муҳоҷиронро ба муносибати на чандон хуби мардуми бумӣ ба ин қишр рабт дорад. Третяк мегӯяд, русҳо ҳамоно муҳоҷиронро одамони навъи ду ва “ваҳшӣ” меҳисобанд. Бино ба иттилои Додситонии кулли Русия, мизони ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон ҳамеша кам буда, тақрибан 3 дар сади ҳамаи ҷиноятҳоро ташкил медодааст. Ба бовари коршиносон, маъмулан онҳое ба ҷиноят даст мезананд, ки манбаи даромад надоранд.