Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз ин ниҳод талаб кард, ки посухи чанд суоли муҳимро аз Вазорати тандурустӣ пурсад.
Ҳукумати Тоҷикистон 30-юми апрел тасдиқ кард, ки коронавирус ба 15 сокини кишвар сироят кардааст, вале ҷузъиёт надод. Маълум нест, ин афрод кай ва чӣ гуна бемор шудаанд ва натиҷаи ташхисро озмоишгоҳи Душанбе додааст, ё аз хориҷа дастрас намуданд.
Дар назар аст, шаби 1-уми май ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ барои "рӯшанӣ андохтан ба вазъ" вориди Душанбе шавад. Дар остонаи ин сафар 16 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз СҶТ тақозо карданд, ки ба чанд масъалаи муҳим рӯшанӣ андозад.
Аз ҷумла, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтаанд, дастрасии маҳдуд ба иттилоъву омори расмӣ, гузоришҳои зиёд дар бораи бистарӣ шудани беморони илтиҳоби шуш, ба хешовандон надодани ҷасади фавтидагон ва дафни онҳо зери назорати мақомот тарси мардумро зиёдтар кардааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчунин аз амалкарди Галина Перфилева, роҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон нигаронӣ кардаанд, ки то ин вақт аз набудани коронавирус дар кишвар мегуфт ва танҳо як ҳафта қабл мавқеашро дигар кард. "Мақомот дар баёнияҳои худ дар бораи набудани коронавирус дар Тоҷикистон асосан ба гуфтаҳои намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ишора мекарданд", - омадааст дар мактуби ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Тақозои дигари намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз СҶТ ин аст, ки созмон ба вазъи беҳдоштӣ дар зиндонҳо таваҷҷуҳ кунад.
Муаллифони мактуб ба СҶТ ва ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки барои пешгирӣ аз сирояти КОВИД-19 ба зиндонҳо чораҳои таъхирнопазир андешад. Кам кардани шумори маҳбусон ва пурзӯр кардани чораҳои беҳдоштӣ ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ муассир аст.
То имрӯз мақомот аз бистарӣ кардани 21 маҳбус хабар додаанд, вале мегӯянд коронавирус ҳанӯз ба зиндонҳо сироят накардааст.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтаанд, то имрӯз мақомот танҳо сирояти 15 нафар ба КОВИД-19-ро тасдиқ кардаанд. "Дар ҳоле ки ба назари мо ҳолатҳои воқеии гирифторшавӣ аз ин бештар аст", - гуфтаанд намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба ин мактуби ҷомеаи шаҳрвандӣ вокуниш накардаанд. Дар як вақт барномаи сафари ҳайати коршиносони СҶТ ба Тоҷикистон низ рӯшан нест.
Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "баъди омадани ҳайат дар ин бора суҳбат мекунем".
Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар бораи сафари ҳайати СҶТ ва ҳам барномаи муқобилаи кишвар ба коронавирус ҷузъиёт намедиҳанд. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳайат ба бемористонҳои асосӣ бурда нахоҳад шуд ва вазъи воқеиро нахоҳад донист. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз бемористонҳо карантиншудаҳо гуруҳ-гуруҳ ба хона рухсат дода мешаванд.
Ба ҷуз аз рухсат додани донишҷӯён ва ҳатмӣ кардани пӯшидани ниқоб то ҳол маълум нест, мақомот барои муқобила бо КОВИД-19 чӣ барномае доранд. Масъулони ҳукуматҳои вилояти Суғд ва Душанбе, ки 15 ҳолати гирифторӣ ба КОВИД-19 дар ин ду минтақа сабт шудааст, то ҳол аз ҳеч маҳдудият хабар надодаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, барои муқобила бо КОВИД-19 танҳо аз буҷаи вилоят 7,5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, табибонро бо либосҳои муҳофизатӣ таъмин карданд.
Ин дар ҳолест, ки ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз камбуди васоили ҳифозатии пизикшон шикоят мешавад. Гуруҳҳои алоҳида барои таъмини пизишкон бо либоси ҳифозатӣ маблағ ҷамъ меоранд. Ин аст, ки бархе аз коршиносон ба назорати ҷиддӣ ва мустақилонаи истифода аз кумакҳои байнулмилалӣ даъват доранд.
Раиси вилояти Суғд дар посух ба суоли онки дар кадом шаҳру ноҳияҳои вилоят вазъияти гирифторшавӣ ба КОВИД-19 нигаронкунанда аст, посухи мушаххас надод ва гуфт, "вазъият муътадил аст ва мо пешгирӣ карда истодаем".
Масъулони дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе рӯзи 1-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чораҳои муқобила бо коронавирусро баррасӣ доранд ва рӯзҳои оянда онро эълон мекунанд.
Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тибқи тартиб ҳамарӯза маълумотро ҷамъоварӣ мекунанд ва танҳо баъди мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи президент пахш мекунанд. Дар як рӯзи охиир вазорат дар бораи шумори беморони коронавирус, афроди сиҳатшуда, беморони илтиҳоби шуш, вазъияти бемористонҳо чизе нагуфтаанд.
Бо вуҷуди худдории мақомот аз ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунанда аз ҳоло гаштугузори мардум дар кӯчаҳои Душанбе ва Хуҷанд камтар шудааст.
Онҳое, ки ба берун мебароянд мегӯянд, ба хотири дарёфти рӯзӣ маҷбуранд, аз хона берун шаванд.
Таҳлилгарон мегӯянд, таъхир дар эътирофи сирояти вирус дар Тоҷикистон оқибатҳои ногувор дошта метавонад. Ба гуфтаи онҳо, таҷриба нишон дод, кишварҳое, ки зуд меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ ва каратинро ҷорӣ карданд, тавонистанд, аз густариши васеи вирус пешгирӣ кунанд.
Бемории ҳамагири КОВИД-19, ки охири соли гузашта дар Чин ошкор шуд, то кунун ба беш аз 3 миллион нафар дар ҷаҳон сироят карда, боис ба марги беш аз 230 ҳазор кас шудааст. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз як миллион нафар аз ин беморӣ сиҳат шуданд.