Писари Зайд Саидов хост, падари беморашро озод кунанд, хешовандони зиндониёни дигар низ

Падару писар Зайд ва Хайрулло Саидовҳо

Писари соҳибкор ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Саидов мегӯяд, вазъи саломати падараш дар зиндон бад шуда, "нишонаҳои монанд ба коронавирус"-ро дорад.

Хайрулло Саидов аз мақомоти Тоҷикистон хост, дар замони пандемияи коронавирус маҳбусони синнашон аз 60-сола болоро озод кунанд. Айни чунин дархостро наздикони бархе аз маҳбусони тоҷик аз Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ кардаанд.

Мақомоти зиндонҳои Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки беш аз 20 маҳбусро бо таби баланду дарди гулӯ ба карантин гирифтанд, вале масъалаи озодии онҳо дар баррасӣ нест.

Хайрулло Саидов муроҷиаташро ба мақомот рӯзи 6-уми май дар Фейсбук нашр кард: "Нишонаҳои бемории падарам ба гирифтории коронавирус монанд буд. Ба болои ин, ахиран дарди меъдааш шиддат гирифтааст." Масъулони раёсати зиндонҳои Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи вазъи саломати Зайд Саидов ва эҳтимоли сироят шуданаш ба коронавирус чизе нагуфтаанд.

Саидов рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбати ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон метавонад ба монанди кишварҳои дигар муваққатан зиндониҳоро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳад ва аз густариши коронавирус пешгирӣ кунад.

"Бисёре аз наздикони зиндониҳо аз хатари паҳншавии вируси нав дар кишвар нигаронанд, вале бештар аз он аз вазъи наздиконашон маҳбас дар ташвишанд", - афзуд ӯ.

Зайд Саидов соли 2013, баъд аз таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", ки тарафдори ислоҳот дар кишвар буд, дастгир ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯ ва тарафдоронаш ҳукми зиндонро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Охири ҳафтаи гузашта пайвандони чанде аз маҳбусон низ бо фиристодани номае ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хостори беҳбуд бахшидани вазъ дар зиндонҳои Тоҷикистон ва озодии афроди гуноҳашон "сабук" ва аз 50-сола боло шуданд.

Як ҳайати мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон аст ва бо вазъи беҳдоштии кишвар дар шароити пандемияи коронавирус аз наздик ошно мешавад.

Дар нома иддао шудааст, ки "теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар зиндонҳо ба 200 нафар расид ва вазъи 50 нафари онҳо сангину шароити табобат маҳдуд аст".

Як намояндаи шуъбаи тандурустии маҳбаси рақами 1-и пойтахт гуфт, шумори гирифторони илтиҳоби шуш кам аст ва онҳо зери назоратанд. "Бо доруву таҷҳизоти тиббӣ таъминанд", - гуфт ӯ ва афзуд, "вазъи маҳбусон муътадил аст ва ба кумак ниёз надоранд".

Шӯҳрати Раҳматулло, писари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯяд, аз вазъи наздиконашон нигаронанд ва расидагии СҶТ ба ин масъаларо хостаанд.

Вай гуфт, зери нома Ҷамшед Ёров - бародари вакили дифои зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров, Фирӯзи Маҳмадалӣ - писари Маҳмадалӣ Ҳайит, Ҳисом Зубайдуллозода - писари Зубайдуллоҳи Розиқ, Мухамадиқбол Ҳисайнов - писари Саидумар Ҳусайнӣ, Гулбарг Сайфова - ҳамсари Умаршоҳ Давлатов ва дигарон имзо гузоштаанд.

Тоҷиддин Раҷабалиев, сардори шуъбаи тандурустии маҳбаси рақами 1-и пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъият ба андозае нест, ки наздикони маҳбусон тасвир мекунанд.

Ба қавли ӯ, "аз тарафи мақомот ҳамгуна дору оварда мешавад. Дурӯғ аст, вазъият бад нест. Ҳама чиз дорем. Дуруст аст, ки таби Раҳматуллои Раҷаб баланд буд. Рӯзҳои ахир муътадил шудааст. Вазъи Бузургмеҳр Ёров ҳам муътадил аст".

Вай афзуд, шумори гирифторони илтиҳоби шуш ҳудуди 30 нафар аст ва "онҳо зери назоратанд".

Вале тавре наздикони баъзе аз маҳбусон мегӯянд, ба иттилои дарёфтии онҳо, "дору дар маҳбасҳо намерасад ва асосан аз тарафи пайвандон бурда мешавад".

Дар робита ба пешниҳоди озод намудани маҳбусони аз 50-сола боло Тоҷиддин Раҷабалиев гуфт: "Ин масъала бояд дар сатҳи боло баррасӣ шавад, ман чизе гуфта наметавонам".

Дар Тоҷикистон 293 мавриди сирояти коронавируси нав сабт шудааст, вале маълум нест, ки дар зиндонҳо ҳам нафаре бемор шудааст, ё не.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!