Дареғ аз даргузашти коршиноси Радиои Озодӣ

Чӣ зиёданд "коршиносон"-е, ки дар посух ба суоли кормандони Радиои Озодӣ ноз ё пурҳарфӣ мекунанд ва фарқ надорад, мавзӯъ чист, талош меварзанд дар лобалои "таҳлил" бузургвории худро ба ҷилва дароранд.

Шамсиддин Ҷалолов, ходими калони Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, яке аз таҳлилгарони асосии масъалаҳои иқтисодӣ дар Радиои Озодӣ комилан дигар буд. Ба фарқ аз онҳое, ки аз гуфтани сухани ҳақ ва устувор бар пояи илм метарсанд ё бо истифода аз фурсат хостаҳои сиёсӣ, гуруҳӣ, шахсии хешро пеш меронанд, чоплусӣ ва гапфурӯшӣ мекунанд, Шамсиддин шабеҳи коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ кутоҳ, дақиқ, рӯшан, нишонгир, фаҳмо ва илмӣ суҳбат мекард. Ба фарқ аз "коршиносон"-и худбохта як бор ҳам шикоят накардааст, ки "ба бачаҳои Озодӣ бист дақиқа гап задам, як ҷумлаамро нашр карданд" ва ҳаргиз аз бачаҳои Озодӣ напурсидааст, ки "чӣ хел гӯям, бароятон беҳтар аст" ё "чанд пул медиҳед?" Ва, дареғ, боре ҳам барои хидматҳояш як мирӣ ҳам ба ӯ дода нашудааст. Дареғ!

Дареғ, ки имрӯз беҳтаринҳо, ҷасуртаринҳо, инсонтаринҳо аз мо мераванд ва моро ба андарзи "киҳо мурдан надоранд" бовар медиҳанд. Дареғ, ки мо як ҳамкори худро аз даст додем, як узви хонадони фарохи Радиои Озодиро! Дигар ӯ нест, он донишманди озода, ки омода буд, ба кормандони Озодӣ лабханд занад ва дар таҳлили масъалаҳои мушкил кумак кунад ва суханаш фазоҳои бузургеро барои дарк ва андеша боз намояд.

Равонаш шоду манзили охираташ пурнур, ёдаш ба хайр ва суханонаш мондагор!

Аз ончӣ мегуфт, хоҳед донист, ки Шамсиддин Ҷалолов кӣ буд ва чӣ мехост:

Андар нархи ғизо

"Аҷиб ин аст, ки арзиши ғизои ниёзи мардум дар бозорҳо то 20-30 фоиз боло рафтаст. Албатта, ҳоло як нофаҳмӣ дар байни худи ҷомеа ба вуҷуд омадаст. Ҳукумати ҷумҳуриро зарур аст, ки сари ин масъала, чораандешӣ кунанд. Чун мо медонем, ки ин болоравӣ сунъӣ аст. Тоҷикистон метавонад бо захираҳои худ то 6 моҳ мардумро бо ғизои ниёзи мардум таъмин кунад"

Даъват ба амал

"Вақте мол намеояд, додугирифт кам мешавад, соҳибкорон ҳам метавонанд якбора барои манфиати худ арзиши молҳоро боло баранд. Ҳукуматро зарур аст, ки чораҳо андешад, комиссия ташкил кунад, то вазнинӣ ба сари мардум наафтад. Масалан, Русия ҳоло ҳамин корро мекунад."

Дастрасӣ ба ипотека

"Масъалаи дастрасӣ ба қарзи ипотекӣ воқеан ҳам боис ба нигаронист ва бо маоше, ки феълан сокинон дар Тоҷикистон мегиранд, наметавонанд ипотека бигиранд. Дар кишварҳои дигар ниёзмандон бо гирифтани қарзи ипотекӣ мушкили худро ҳал мекунанд, вале дар Тоҷикистон аксари сокинон дар бораи ин намуди қарз ҳатто маълумот надоранд. Фоизи қарзи ипотекӣ баланд аст, бино бар ин онҳое, ки аз вуҷуди ипотека хабардор мешаванд, бо далели мувофиқат накардани даромади моҳонаашон ба пардохти фоизи қарзи он аз дастрас намудани ипотека худдорӣ мекунанд."

Андар имтиёзҳои гумрукӣ ва андоз

"Қатъи фаъолияти беш аз 250 ҳазор соҳибкор дар як соли ахир худ як "хавф" ва нишондиҳандаи вазъ аст. Аз ҷониби дигар, додани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ низ дар як кишвар аз меъёр зиёд аст ва ниёз ба як барномаи мушаххас дорад. Имтиёзҳо бениҳоят зиёд аст. Агар таҳлил кунем, ин имтиёзҳо баробар дар байни тиҷорат тақсим шудагӣ нест. Ба он ширкатҳое дода шудааст, ки дар болои худ як "паноҳдиҳанда" доранд, ки тавонистаанд ин имтиёзҳоро ба даст оранд. Сиёсати додани имтиёз бояд як барномаи муайян дошта бошад."

Андар ислоҳи "Барқи Тоҷик"

"Барои ноил шудан ба пешравиҳо бояд мутахассисони сатҳи баланд ва афроди поквиҷдон ҷалб шаванд, чун низоми биллингӣ низ маҳсули дасти инсон аст ва дуздии маблағи қувваи барқ бо ин низом ҳам имконпазир ҳаст."

Ишора ба ҳадафи симкортбозӣ

"Ҳукумат метавонад аз ҳисоби корхонаҳои истеҳсоли семент, ТАЛКО ва корхонаҳои дигар буҷаро пур кунад. Ҳоло мебинем, ки Хадамоти алоқа ба хотири "Махзани ягонаи маълумот", роҳҳои дигарро истифода намуда, бо иваз кардани шаҳодатномаҳо водор мекунад, ки мардум симкортҳои худро дубора сабт кунанд. Барои амалӣ намудани ин иқдом аз кисаи сокинон маблағ ситонда мешавад".

Андар пули Чин дар ТАЛКО

"Чин қабл аз сармоягузорӣ ба "Талко" дақиқ ташхис кардааст, ки оё сармоягузорӣ судовар хоҳад буд ё не? Онҳо бе таҳлили амиқ ба ҳеҷ корхонае сармоягузорӣ намекунанд. Чин кишвари абарқудрат аст ва ҳадафҳои стратегии худро дорад. Чин барномаи худро шояд барои 50 ё 100 сол пеш таҳия кардааст"

Андар асоси буҷа

“Буҷаи мо, умдатан бар пояи андоз ва пардохтҳои гумрукӣ шакл мегирад, аз ин рӯ барои мо хеле душвор аст, ки чунин иқдомотро бипазирем. Ба хотири онки авзоъ бадтар нашавад, зарур аст чорраҳои пешгирикунандаи аллакай пазируфташудаи ҳукумат, ба дурустӣ риоят шаванд.”

Аз афзоиши ҷарима ва пардохтҳо

"Мо интиқодҳои инситутҳои молиявиро дар соли 2019 шунида будем, ки буҷа, бахусус қисмати иҷтимоии он набояд ба воситаи ҷаримаҳо пур шавад."

Ва боз:

"Ба ҷойи боло бурдани қиматҳо бояд роҳҳои алтернативии коҳиши таъсири таваррумро амалӣ кард. “Ин бештари кардани саноати ватанист, ки ҳоло мушкили зиёд дорад. Бахусус вобаста ба андозҳо. Чӣ қадар, ки саноати ватанӣ бештар шавад, эҳтиёҷ ба баландравӣ намемонад.”

Андар арқоми ғалат

"Чанд усули ҳисоби рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва ё иқтисод вуҷуд дорад. Дар мо аз як усул истифода мебаранд, созмонҳои байналмилалӣ аз усули дигар. Аз ин рӯ, ин фарқият ба вуҷуд меояд. Хуб мешуд, ки вазорат ва ҳам созмонҳои байналмилалӣ сари мизе менишастанду бояд истифода аз як усул рушди воқеии иқтисодро муайян мекарданд.”

Андар бозори берақобат

“Дуруст аст, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон болост. Вале, ин амр ба далели набудани рақобат дар бозор пайдо шудааст. Яъне, мақомот иҷоза намедиҳанд, ки ширкатҳои дигар вориди бозори таъмини маводи сӯхти ҳавопаймоҳо шавад. Мақомоти баландпояи Тоҷикистонро зарур аст, дар ин замина таҷдиди назар карда, ба ширкатҳои хориҷӣ ворид кардани сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро иҷоза диҳанд.”

Андар низоми бонкдорӣ

"Барои рушди соҳибкорӣ бояд дари чандин идораҳои тафтишгарро баст, то аз санҷишҳои беасос худдорӣ кунанд. Шурӯъ аз интихоби мутахассисон то хизматрасонӣ, бонкҳои кишвар бо буҳрон рӯбарӯ ҳастанд. Мутахассисони собиқадор дар бонкҳо бархе фасодзадаанд ва усулҳои нави ҷалби муштариён ва кор дар низоми бонкиро наметавонанд дар фаъолияти худ амалӣ кунанд. Соли гузашта ҳам президент аз вазъи бонкҳо нигаронӣ карда буд, аммо мутасифона ҳеҷ дигаргунии ҷидде нашуд, ғайр аз худсафедкунии раҳбарони бонкҳо. Раҳбари Бонки миллӣ ба "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" муҳлат дод ва дигар бо ҳамин ҳанӯз мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст. Қазияи бонкҳои муфлисшуда дар кишвар вазъро рушан нишон медиҳад."

Андар қарзҳои хориҷии Тоҷикистон

“То замоне ки мизони қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон ба 10-15 фисад поин наравад, рушд кардани иқтисоди кишвар душвор хоҳад шуд”.

Андар вазъи мардум

“Вақте байни истеъмолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ фарқи калон ба вуҷуд меояд, сабаби норозигии ҳарчи бештари мардум мегардад. Аз ин рӯ онҳое ки ба ҷамъоварии маълумот ва таҳлили иқтисодӣ машғуланд, бояд бо ҷалби мутахассисони касбӣ ба ин вазъ воқеъбинона баҳо диҳанд.”