Ҳамлаи сахти Толибон ба маркази вилояти Фароҳ. ВИДЕО

Даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар шаҳри Фароҳ -- маркази вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби Афғонистон аз нимашаби гузашта ба ин тараф идома дорад.

Дар ҳоле, ки Шӯрои вилоятии Фароҳ аз суқути минтақаҳои шаҳр ба дасти Толибон хабар медиҳад, вазорати дифои он кишвар мегӯяд, ки нерӯҳои иловагӣ ва ҳавоӣ ба Фароҳ расида ва вазъият зери назорати онҳо аст.

Фароҳ вилояти камаҳолӣ дар марзи муштараки Афғонистон ва Эрон аст ва аз муддатҳо ба ин тараф шоҳиди даргириҳо миёни шӯришиён ва нерӯҳои пулис буд, ки бар асари ин даргириҳо садҳо пулис ва нерӯҳои низомӣ кушта шудаанд.

Муҳаммад Родманиш, сарпарасти дафтари сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбеи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир Толибон дар муҳосираи нерӯҳои амниятӣ қарор доранд. Вай афзуд, ҷанг дар 3-километрии шаҳр идома дорад ва Толибон дар муҳосира қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, дар ин даргириҳо ҳашт тан аз ҷангиёни Толибон кушта шуда ва се тани дигар захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи фаъолони мадании вилояти Фароҳ, ҷанг дар атрофи маркази ин вилоят аз шаби гузашта ҷараён дошта, аммо то субҳи имрӯз ҳеҷ нерӯи кӯмакӣ ба ин вилоят нарасидааст. Додуллоҳ Қонеъ, як узви Шӯрои вилояти Фароҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бо таъйиди суқути бархе аз минтақаҳои шаҳри Фароҳ, хостори кӯмакҳои ҳарчӣ зудтари низомӣ аз Кобул шуд.

Вай гуфт, "ҷанг дар Фароҳ ба шиддат ҷараён дорад ва ҳавзаи савуми ин вилоят таҳти назорати Толибон аст. Ба Толибон аз вилоятҳои ҳамсоя кӯмак расидааст. Мо хостори кӯмакҳои иловагӣ ҳастем, то ҳарчӣ зудтар ба Фароҳ биоянд". Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Фароҳ низ гуфтааст, ки вазъияти шаҳр ноором аст ва шуморе аз сокинон аз тарси ҷанг хонаву кошонаи худро тарк кардаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанги сахт миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар шаҳри Фароҳ

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳамлаи Толибон ба ин шаҳр аз чанд самт оғоз шудааст. Бар асоси гузоришҳо, ҳама мактабҳо, идораҳои давлатӣ ва мағозаҳои Фароҳ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Яке аз табибони бемористони Фароҳ, ки номи вай эълон нашуда, аз марги ду пулис ва захмӣ шудани 16 пулиси дигар ва захмӣ шудани панҷ ғайринизомӣ, ки занон ва кӯдакон низ дар миёни онҳо ҳастанд, хабар додааст.

Мақомҳои маҳаллӣ ин ҳамлаи Толибонро барои нерӯҳои амниятӣ як "шикаст" арзёбӣ мекунанд, зеро ба гуфтаи яке аз аъзои Шӯрои шаҳри Фароҳ, нерӯҳои Толибон бо "қудрати комил" ва "аслиҳаи вазнин" вориди ин шаҳр шуданд.

Гурӯҳи Толибон низ дар баёнияе аз тасаллути постгоҳҳо ва як маркази амниятӣ, ки мақомҳои баландпояи низомӣ дар он фаъолият мекунанд, хабар додааст. Яке аз сухангӯёни Толибон ҳамчунин эълом кардааст, ки амалиёти ин гурӯҳ дар Фароҳ идома хоҳад ёфт ва аз ғайринизомиён хостаанд, ки дар хонаҳои худ боқӣ бимонанд. Ба гуфтаи Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ, аъзои Толибон бо мардуми оддӣ коре надоранд ва танҳо ҳадафи онҳо нерӯҳои низомӣ аст.

Фароҳ вилояти камаҳолӣ дар марзи муштараки Афғонистон ва Эрон аст ва аз муддатҳо ба ин тараф шоҳиди даргириҳо миёни шӯришиён ва нерӯҳои пулис буд, ки бар асари ин даргириҳо садҳо пулис ва нерӯҳои низомӣ кушта шудаанд. Чанд роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба хоки Эрон аз вилояти Фароҳ мегузарад ва раиси ин вилоят низ дар моҳи январ бинобар ончӣ бадтар шудани вазъияти амниятии ин минтақа ва фасоду дахолати сиёсӣ номид, истеъфо карда буд.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта пеш Толибон аз оғози амалиёти баҳориашон бо номи "Хандақ"-ро эълом карданд ва пас аз он ба ҳамлаҳояшон шиддат бахшида ва ҳатто чандин ноҳия дар аксар вилоятҳои Афғонистон миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои амниятӣ даст ба даст шудааст.