Дар сеюмин рӯзи даргириҳо 11 низомии Озарбойҷон ва Арманистон кушта шуданд

Хонае дар минтақаи Товуси Озарбойҷон, ки аз гулула осеб дидааст. 14 июли соли 2020

Дар сеюмин рӯзи даргириҳо дар марзи байни ду кишвар ҳафт низомии Озарбойҷон, аз ҷумла як генерали артиш ва чаҳор сарбози Арманистон кушта шуданд. Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин ду кишвари ҳамсоя қатъи хушунатро хостанд, тарафҳо бо истифода аз тӯпҳои вазнин ва хумпораандоз ё миномет даст ба ҷангҳои васеъ задаанд.

Озарбойҷон ва Арманистон ду кишвари Қафқози Ҷанубӣ, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта барои минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ бо ҳам муноқиша доранд, якдигарро дар оғоз кардани даргирии охир дар сарҳад айбдор мекунанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 14 июл гуфт, ки генерал-майор Пулод Ҳасимов ва полковник Илкар Мирзоев аз ҷумлаи онҳое буданд, ки дар ҷанги нав кушта шуданд. Вазорати дифои Арманистон ҳамчунин гуфт, ки дар задухӯрдҳои 14 июл чаҳор низомии он, аз ҷумла як майор ва як капитан кушта шуданд.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Арманистон Анна Нагдалян гуфт, ки шаҳри Берди дар наздикии марз мавриди ҳамла қарор гирифта, аммо нерӯҳои Арманистон тавонистаанд, сарчашмаи гулулаборонро аз байн баранд.

Аз рӯзи 12 июл -- оғози даргирии нав дар марз дар байни ду кишвар, ба камияш 16 нафар аз ду тараф ба ҳалокат расидаанд

Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Русия рӯзи 13 июл ҳарду ҷонибро ба хештандорӣ даъват карданд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамкорони арманиву озариаш Бокуву Ереванро ба қатъи хушунат даъват кард. Русия бо ҳарду кишвари собиқ шӯравӣ равобити наздик дорад.

Вазорати умури хориҷии Русия зимни изҳори “нигаронии амиқ” аз ҳодиса дар марзи ду кишвар гуфт, ки он “суботи минтақаро таҳти хатар қарор медиҳад”.

Департаменти давлатии ИМА аз Арманистону Озарбойҷон даъват кард, ки оташбасро ҷорӣ карда, ба хотири ҳалли осоиштаи низои Қаробоғи Кӯҳӣ гуфтушуниди сулҳро аз сар гиранд.

Дар изҳороте Иттиҳоди Аврупо ҳарду ҷонибро даъват кард, ки "ихтилофи низомиро хотима дода, аз корҳое, ки боиси сар задани шиддат мешавад, худдорӣ кунанд ва тадбирҳоеро барои пешгирӣ аз густариши бештари хушунатҳо амалӣ кунанд”.

Аз соли 1994 Қаробоғи Кӯҳӣ таҳти назорати нирӯҳои арманитабор буд ва Озарбойҷон гуфтааст, ки аҳолии он аз ҷониби Арманистон мусаллаҳ карда мешавад. Эълони истиқлолияти ин минтақаро ҳеҷ як кишвар эътироф накардааст. Музокироти ба ном Гурӯҳи Мински САҲА, ки ба он инчунин Русия, ИМА ва Фаронса аъзо ҳастанд, тавонист ба коҳиши ҷиддии хушунат мусоидат кунад, вале сулҳу субот на ҳамеша риоя шудааст.