Бемории ҳамагири КОВИД-19, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин ошкор шуд, то ин дам дар ҷаҳон беш аз ду миллион нафарро гирифтор кард ва боис ба марги беш аз 138 ҳазор каси дигар гардид. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, беш аз ним миллион нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар ин муддат дар бораи бемории ҳамагир, табобат ва роҳҳои пешгирӣ аз он иттилооту тавсияҳои гуногун нашру паҳн гардид. Баъзе аз ин тавсияҳоро Созмонии Ҷаҳонии Тандурустӣ эътироф кард, бархеи дигарро достонҳои бофта номид.
Радиои Озодӣ дар мусоҳиба бо доктор Йиржи Черни аз факултаи улуми кишоварзии тропикии Донишгоҳи илмҳои табиии Ҷумҳурии Чех тафовути КОВИД-19 аз вирусҳои дигар, роҳҳои муассири мубориза он ва масоили дигарро пурсид.
Радиои Озодӣ: Хусусияти муҳимтарини бемории ҳамагири КОВИД-19 чӣ аст ва чӣ гуна мешавад онро аз вирусҳои дигар фарқ кард?
Йиржи Черни: SARS-CoV-2 (КОВИД-19) як вируси навъи кислотаи рибонуклеид (RNA) аст, ки ба вируси ангезандаи пандемияи SARS дар солҳои 2002-2003 рабт дорад. Мисли дигар мавҷудоти зинда коронавируси нав таркиби мушаххаси кислотаи нуклеин дорад, ки барои сафедаҳои мушаххаси он рамзгузорӣ мешавад. Мо ин вирусро дар шароити озмоишгоҳ аз роҳи ҷустуҷӯи кислотаи вирусии нуклеин, сафедаҳои вирусӣ ва ё подтане, ки зидди сафедаҳои вирусӣ равона шудаанд, шинохта метавонем.
Радиои Озодӣ: Фарқи коронавирус аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар чист?
Йиржи Черни: Пневмония яке аз нишонаҳоест, ки аз роҳи коронавируси нав пайдо мешавад. Вале нишонаҳои сирояти коронавирус метавонад аз дараҷаи сабук то сангин дошта бошад. Бемориҳое, ки ба ҷони одам таҳдид мекунанд, зарурати муолиҷаи тӯлонӣ дар шароити беморхонаҳоро тақозо мекунанд. Мушаххас кардани тафовути миёни пневмония аз коронавирус ва навъҳои дигари пневмония хеле мушкил аст. Барои тасдиқи ҳар як навъи он танҳо озмоиши лабораторӣ зарур аст.
Радиои Озодӣ: То куҷо коронавирус метавонад вазъи саломати шахсеро, ки аз бемориҳои дигар ранҷ мекашад, масалан, дарди дил, бемории сил ва ё пневмония боз ҳам вазнинтар кунад?
Йиржи Черни: Худи Ковид метавонад ба ҷони инсон хатар дошта бошад ва дар ҳолати ба шахси гирифтори бемориҳои дигар сироят карданаш вазъи ӯро сангинтар мекунад. Вале то ҳол механизми молекулярии табиати пайдоиши Ковид-19 ва роҳҳои омезиши он бо бемориҳои дигарро дуруст дарк намекунем.
Навори мусоҳибаро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ: Чаро шинохт ё тасдиқи вуҷуди коронавирус дар санҷишҳои аввал мушкил аст ва беҳтарин роҳи санҷиши он кадом мебошад?
Йиржи Черни: Марҳилаи инкубатсионии SARS-CoV-2 тӯлонӣ аст. Ба ҳамин хотир, дар озмоишҳои давраи аввали баъди сироят шудан посухи озмоишҳо ба таври ғайривоқеӣ манфӣ мебошад. То пайдо шудани аввалин нишонаҳои клиникии вирус дар бадани инсон то ду ҳафта вақт мегузарад ва ба ҳамин хотир хеле муҳим аст, ки ҳама афроди эҳтимол гирифтор дар карантин бимонанд ва дар давоми давраи инкубатсионӣ чанд бор аз озмоиш гузаранд.
Радиои Озодӣ: Ҳукумати Ҷумҳурии Чех чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии эҳтимолии коронавирусро назар ба баъзе кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо барвақт ҷорӣ кард. Ин тасмим, ки барои коҳиши суръати паҳншавии вирус мусоидат намуд, дар Ғарб ситоиш ҳам шуд. Ба назари Шумо, боз чӣ бояд кард, ки мардум дар оянда беҳтар ҳимоят шавад?
Йиржи Черни: Тадбирҳои босуръат аз ҷониби ҳукумати Чехия шояд дар вазъи кунунӣ беҳтарин коре буд, ки бояд анҷом мешуд. Мо барои муқобила бо хуруҷи вирус ба ин андоза омода набудем. Кори дигаре, ки ҳукумати Олмон ба роҳ монд, ин озмоишҳои сартосарӣ аст, яъне санҷиши ин ки шояд бархе бо сироятшудаҳо дар тамос шуда буданд. Ба ҳамин хотир ҳам онҳо чунин тадбирҳои шадиди маҳдудкунандаро роҳандозӣ накарданд. Айни чунин корро дар Куриёи Ҷанубӣ ва Тайван ба роҳ монданд. Ин ҷо намунаҳои беҳтарини мубориза бо чунин бемориҳоро дидан мумкин аст.
Радиои Озодӣ: Чаро ба ҳукуматҳо зарур аст, ки дар мавзӯи коронавирус бо ҷомеа ва мардум ошкору шаффоф сӯҳбат кунанд?
Йоржи Черни: КОВИД-19 бемориест, ки тавассути роҳҳои нафас мегузарад. Мо аз як ҳаво нафас мекашем ва ба ҳамин хотир чунин ҳолатҳои хуруҷи беморӣ ба ҳамаи аҳолӣ таъсир дорад. Барои гирифтани пеши роҳи паҳншавии чунин бемориҳо чанд иқдом зарур аст. Барои татбиқи дурусти ин ҳама тадбирҳо бояд бо тамоми аҳолӣ ҳамкорӣ кунед. Ба ҳамин хотир, хеле муҳим аст, ба шаҳрвандон шарҳ дода шавад, ки вазъ чӣ гуна аст, чӣ бояд кард, то хуруҷи беморӣ хотима ёбад ва кумаки мардум аз чӣ иборат мешавад. Танҳо мардуми бохабар тамоми қоидаҳоро дуруст риоя мекунад.
Радиои Озодӣ: То куҷо мешавад гуфт, ки дар бархе ҳолатҳо КОВИД-19 ба сиёсат олуда шудааст?
Йиржи Черни: Бешубҳа чунин аст. Чизи аз ҳама муҳим ин аст, ки тамоми ҳукуматҳои бомасъулият бояд чанд чораро барои хатми паҳншавии вирус ҷорӣ кунанд. Бархе иқдомҳо хеле маҳдудкунанда ҳастанд, масалан, эълони вазъи изтирорӣ, манъи таҷаммӯъҳои сулҳомез ва ҳатто ҷорӣ кардани қуюди шабгардӣ. Бисёре аз ин тадбирҳо дар оянда имкон дорад аз ҷониби ҳукуматҳои худкома сӯистифода шавад. Роҳи муассири мубориза бо КОВИД-19, ба истилоҳ, “карантини боҳуш” аст, ки ба ҳукумат имкон медиҳад роҳҳои истифодаи симкорту кортҳои бонкиро назорат кунад. Вале аз ин васила ҳам дар оянда метавонанд сӯистифода кунанд. Ба ҳамин хотир, бояд таъкид шавад, ки чунин асбоб танҳо дар фурсати маҳдуди вақт истифода шуда, ҳарчи зудтар хотима меёбад. Баъди ин бояд санҷида шавад, ки дар заминаи назорати шаҳрвандӣ чӣ корҳое анҷом шуд ва дар оянда мешавад кард.
Радиои Озодӣ: Дар бархе кишварҳо омори марбут ба КОВИД-19 мавриди шубҳа аст. Оё имкони дасткорӣ шудани омор ба самти афзоиш ва ё коҳиш вуҷуд дорад? Оё чунин ҳолате пеш омада метавонад, ки бархе кишварҳо ҳақиқати вазъ ва оморро пинҳон бикунанд?
Йиржи Черни: Бале, далели зиёд вуҷуд дорад, ки мегӯяд Чин ҳодисаҳои нахустини бемориро пинҳон кардааст. Ин ҳодисаҳо барои паҳншавии васеи беморӣ, ки ҳоло мушоҳида мекунем, сабаб шуд. Дар кишварҳои дигар ҳукуматҳо гузориш медиҳанд, ки ҳеҷ ҳодисаи сироят вуҷуд надорад ва ё хеле кам аст, вале ин вазъ бо ҳолати кишварҳои монанд ба онҳо шабоҳат надорад. Ин ҳолат метавонад ду сабаб дошта бошад: Низоми беҳдошти ин кишварҳо метавонад дар муқобила бо чунин паҳншавии бемориҳо омода набошад ва ҳатто онҳо тавони муайян кардани ин бемориро надошта бошанд. Сабаби дигар метавонад ин бошад, ки ҳукуматҳо ҳақиқатро фаъолона пинҳон мекунанд, чунки ҳарос доранд, хуруҷи беморӣ қонунмандии ҳузури онҳоро дар қудрат ба чолиш мекашад. Ин рафтор барои кӯтоҳмуддат мусоидат мекунад, вале дар ояндаи наздик мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунад, чунки боиси паҳншавии сартосарии эпидемия хоҳад шуд. Танҳо роҳи воқеии исботи ин ки беморӣ вуҷуд надорад, ин ташкили тест ё озмоишҳои сартосарӣ аст, ки набуди вирусро дар бадани сокинон собит кунад.