"Гапи кӯча". Ончӣ дар Қазоқистону Белорус мегузарад, сабақҳое дорад?

Нурсултон Назарбоев ва духтараш Дариға. Акс аз соли 2016

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

COVID-19 як воқеияти дигари мансабдорон, хоса онҳоеро, ки дарозмуддат дар қудрат буданд, ошкор кард. Онҳое, ки бо мардум қаробат доштанд, наздиктар шуданд. Аммо ононе, ки аз одамон дурӣ меҷустанд, боз ҳам масофаро бештар карданд. Албатта, наздикӣ ва дурии соҳибони курсиҳои баланд бо шаҳрвандон танҳо ба маънои ҷисмонӣ нест. Ҳарчанд маълум аст, ки тасмими ҳар ҳукумати ба мардум наздик аз фосилаи доштааш бо одамон бармеояд.

“Президенти аввалин” ва пешвои Қазоқистон Назарбоев, тавре дар хабарҳои дирӯз омадааст, ба бемории коронавирус гирифтор шуд. Хеле аз нақшаҳои Елбаси нимкора монд. Дар паради рӯзи 24 июн, ки дар пойтахти Русия баргузор мешавад, иштирок карда наметавонад. Номаълум то ҷашни 80 солагиаш, ки дар таърихи 6 июл дар назар аст, саломатиаш чӣ гуна хоҳад шуд ва онро таҷлил хоҳад кард, ё не.

Аммо ҳоло ҳарфи мо аз масофаи мансабдорон аст. Зимнан, бахши матбуотии Назарбоев зуд эълом кард, ки ҷои ташвиш надорад, чун пешвои қазоқҳо аз хонааш фаъолият ва мамлакатро идора мекунад.

Аслан ӯ хеле шуд Қазоқистонро аз хонааш идора дорад. Гап сари дар мансабҳои калидӣ таъин намудани фарзанд ва хешовандони наздикаш нест. Аз он гуфтанием, ки ба эҳтимоли қавӣ аз воқеиятҳои кишвари худ ва ҷаҳон дур мондааст ва онро танҳо аз даричаи хонаву хонаводааш мебинад.

Бегумон дар бораи рухдодҳои ахири кишвараш дар ду ҳафтаи пеш иттилоъ дорад. Манзур гирдиҳамоиҳоест, ки якбора дар чанд шаҳри Қазоқистон пеш омаданд ва эътирозгарон шиорҳои аҷибу фикрзо доштанд: “Нафас кашида наметавонам”- мисли шиори эътирозгарон дар Амрико, ки аз илтиҷои Ҷорҷ Флойди африқоитабор ҳангоми боздошти пулис ба забон оварда буд. Эътирозгароне ҳам буданд, кидар даст шиори “Мӯйсафед, бирав!”-ро доштанд.

Ин паёми ҷиддист ва на танҳо ба Назарбоев. Ҳолати феълии Лукашенко дар Белорус аз ин ҳам хубтар нест. Номзадҳо ба президентӣ маъракаи бесобиқаи ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории худро дар кӯчаҳо роҳандозӣ карданд ва мардум қатори тӯлонӣ истода, имзо менамуданд.

Лукашенкоро, ки 26 сол аст қудрати сиёсиро дар қабзааш нигаҳ медорад ва ҳамчун “охирин диктатори Аврупо” шинохт дорад, ин сахт ба ташвиш овард: мардум аз ӯ монда шудаанд!

Президенти Беларус Аляксандр Лукашенко


Бӯҳрони коронавирус, ҳарчанд онро Президенти Белорус бо тамасхуру истеҳзо пушти сар карданӣ шуд, осон наафтод. Ахиран номзади, ба гуфтаи Лукашенко, русгаро Виктор Бабарико , ки аллакай ҷонибдорони зиёд пайдо кардааст, дирӯз аз сӯи нерӯҳои интизомиву амниятӣ боздошт гардид. Номзади дигар Павел Северинетс, ки пештар боздошт шуда буд, дасти худро дар боздоштгоҳ бурид, чун мегӯяд дар шароити баде нигаҳдорӣ мешавад. Гуфтан душвор аст, ки маърака бо ҳамин ба натиҷаи ниҳоии мехостаи Лукашенко, ки ошкоро гуфт, зимоми кишварро ба касе доданӣ нест, ба анҷом расид. Ба ҳар сурат, рақибони президенти феълӣ мегӯянд қаблан нақшаҳое кашидаанд, ки ҳатто дар вақти зиндон будани онҳо амалӣ хоҳанд шуд. Ин ки Лукашенко мегӯяд Бабарико пуштибонӣ аз Кремл мебинад, ба эҳтимоли зиёд гашти тактикии ӯст ва ба он равона шуда, ки дар ҳолати зарурӣ худаш аз Ғарб пуштибонӣ пайдо кунад. Ба ин маъно, ки гӯё режими Путин ҳукумати ӯро намехоҳаду инҳо бояд аз ӯ ҷонибдорӣ намоянд.

Воқеан, аҷиб аст, ки мегӯянд Кремл ба хеле аз раҳбарони ба истилоҳ дарозумр шарт гузошта, ки бояд курсиро холӣ кунанд. Дар ҳоле, ки худи Путин 20 соли ахир қудратро ба даст гирифтаву мушкили аз инҳо камтар надорад. Ҳоло маълум ҳам нест, ки раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосӣ дар ин кишвар бо чӣ анҷом меёбад. Ба ҳар ҳол, мухолифони Кремл “армуғонҳо” ваъда доранд...

Ин ҳар дар ҳоле, ки Путину Лукашенко, ба ҳар сурат, аз раҳбарони билоивази Осиёи Миёна як қадар тафовут доранд. Масалан барои худ унвонҳои болохонадор кашф накардаанду то ҳанӯз худро танҳо президент меҳисобанд. Бо мардум ҳам то ҷое иртибот доштаву масофаро аз ҳад дур нигоҳ надоштаанд.

Дар минтақаи мо вазъ фарқ мекунад. На танҳо президентҳо одамони дастнорасанд, ки ҳамчунин аъзои ҳукумат ва ҳатто аксари раисони шаҳру навоҳӣ мардумро ба қавле “писанд” намекунанд. Бигирем Тоҷикистонро. Сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии кишвар ҳарчанд дар хабарномаҳо “барои огоҳӣ аз вазъи мардум” унвон мешавад, аммо хелеҳо медонанд, ки намоишномаҳои аз қабл таҳияшудаанд ва ҳар суханронӣ пешакӣ бо сохторҳои махсус ҳамоҳанг мегардад. Нишасти матбуотӣ ё гуфтугӯи солона бо мардум, ки Путин мекунад, дар мо умуман набуду нест. Ба вазирон ва раисони шаҳру навоҳӣ дастур дода шуд, ки ҳар рӯзи шанбе ниёзмандонро қабул кунанд. Аз баррасии ин иқдом хулоса кардан мушкил аст, ки масоили мавриди муҳокимаи одамон ҳалли худро ёфтаанд. Ҳоло ҳам нома ба президент дар нашрияҳо ва ишораҳое мисли “танҳо ба Шумо бовар дорем” кам нест.

Сабаб маълум.

Раиси ВМКБ, Ёдгор Файзов


Аввалан, мансабдорони тоҷик дар иқдомҳо он қадар мустақилият надоранд ва шояд бо ҳамин сабаб дар ҳалли бархе мушкилот дармемонанд. Дар чанд соли ахир мо танҳо аз раиси ВМКБ Ёдгор Файзов мисол оварда метавонем, ки як қадар мустақилият нишон дод. Аз ҷумла дар масъалаи теъдоди гирифторони коронавирус. Ӯ гуфт 22 фавтида доранд, ки ин тақрибан ба нисфи омори мамлакат баробар аст. Дар ҳоле, ки Бадахшони Тоҷикистон чизе беш аз 200 ҳазор сокин дорад. Инро чунин маънидод карданд, ки дар минтақаҳои дигари кишвар омор эътимодбахш нест.

Дуюм, мавзӯъ бармехӯрад ба масофагирии мансабдорон. Оё чанд вазири Ҳукумати Тоҷикистонро дидаед, ки пои пиёда дар кӯчаҳои Душанбе қадам мезанад? Кай дидаед, ки як вазир ё муовинҳои аввалу дуввуми вазире дар нақлиёти умумӣ, аз ҷумла автобус ё троллейбус ва ё ҳадди ақал дар «Газел»-у «Тангем» савор шуда, ба ҷои кор ва ё ба хонаи хешовандаш рафта бошад?

Солҳои пеш танҳо генерал Сайдамир Зуҳуровро хеле зиёд ва раиси собиқи Бонки миллӣ Шарифзодаро гоҳҳо медидем, ки дар кӯчаҳо мисли тамоми шаҳрвандон қадам мезананд. Солҳои баъдтар вазири пешини фарҳанг Шамсиддин Орумбекзодаро баъзан дар мусофиркаш ва гоҳҳо дар кӯчаҳо вомехӯрдем.

Аммо дигарон чӣ?

Фикр мекунед иллати аз нақлиёти умумӣ истифода накардани дигар соҳибмансабҳо дар чист? Оё фақат ба он хотир аст, ки онҳо мехоҳанд тезтар ба ҷои корашон ҳозир шаванду ба мушкилоти соҳае, ки раҳбараш ҳастанд, роҳи ҳал биҷӯянд? Агар воқеан чунин мебуд, кишвар дигар ҳеч мушкилоте намедошт.

Яъне гуфтан мушкил аст, ки ҳукумат аз воқеиятҳо огоҳии комил дорад.

Дар байни мардум будани мансабдорон барои ҳамин зарур аст. Зеро, агар дар байни мардум бошанд, ҳатман зиндагии воқеиро мебинанд ва онро бо гузоришҳои ТВ муқоиса карда метавонанд. Ҳамчунин мешунаванд, ки одамон фалон қасру кушк, ё мағозаро ба ин ё он вазиру раис нисбат медиҳанд!

Ин мавзӯи хеле ҷиддист. Вақте мардум бо мушкилоти зиёди рӯзгор даст ба гиребон аст, хоса пас аз бӯҳрони ахир, ки сахтиҳои зиёдеро ба дӯши шаҳрвандон бор кардааст, қаср доштани ҳар вазире, ки моҳонааш ҳадди ақал 2000 -3000 сомонист, воқеан метавонад норизоии иҷтимоиро ба вуҷуд биёрад.

Таҷрибаи чандҳазорсолаи зиндагии башар нишон дода, ки бар зидди норизоии иҷтимоӣ намешавад бо зӯрӣ мубориза бурду пирӯз шуд. Танҳо як роҳ дорад: бояд алайҳи омилҳое, ки ин норизоиро ба вуҷуд меоваранд, ҷанг эълон кард!

Дарвоқеъ, агар мансабдорони мо, ки истифода аз нақлиёти умумиро барои худ нанг медонанд, як каме дар фикри обрӯи Тоҷикистон бошанд, ҳадди ақал бояд эъломияи дороиҳояшонро пешниҳод намоянд. Магар Президенти Қирғизистон чӣ камие аз як мансабдори Тоҷикистон дорад, ки ӯ эъломияи дороиҳояшро ҳар сол ошкор мекунаду дору надори “ҳокимчаҳо” -и мо ҳамчунон “сирри давлатӣ” бошад?

Гузашта аз ин, то кай бояд овозаи дороиҳои ину он вазир ё мансабдору фарзандон ва пайвандони онҳо дар сари забони мардум ва омили норизоии иҷтимоӣ гардад?

Ин ҳама ва дигар масоили муҳимро маҳз аз “гапи кӯча” фаҳмидан мумкин. Мисли Елбаси аз хона ё қасрҳои худ идора кардани давлат шояд душвор набошад. Аммо ба кӯча танҳо одами аз худаш дилпур ва виҷдону имонаш пок баромада метавонад.

Ингунаҳоро дорем?

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.