Ҳоло аксар гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар Душанбе, ки ба тозагӣ бунёд ва ё тармим шудаанд, пайроҳаи махсусе барои аробаи маъюбӣ низ доранд. Аммо на ҳамеша барои ҳаракати маълулон бо аробача муносиб аст. Маъбон аз набудани шароити муносиби гаштугузор шикоят доранд. Аммо масъулон мегӯянд, ки дар бунёди иншоотҳо ин нуқтаро ҳамвора ба инобат мегиранд. Дар ин росто, қарор аст дар яке аз гузаргоҳҳои зерзаминии Душанбе барои маъюбон лифт сохта шавад.