Вазорат зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ омори беморони илтиҳоби шушро нашр кард

Шифохонаи "Истиқлол", 20 марти соли 2020

Вазорати тандурустии Тоҷикистон зери фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ омори гирифторони илтиҳоби шуш ё пневмонияро дар се моҳи аввали имсол нашр кард.

Ҳаждаҳ созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 20-уми апрел аз Вазорати тандурустӣ хостанд, вазъи гирифтор шудани шаҳрвандонро ба илтиҳоби шуш (пневмoния), сил (туберкулез) ва домана (брюшной тиф дар моҳҳои январу феврал ва март эълон кунад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 23-юми апрел дар номаи ҷавобӣ гуфт, дар се моҳи аввали имсол 5023 нафар илтиҳоби шуш ё пневмония шуданд, ки дар муқоиса ба омори ҳамин давраи соли гузашта 169 ҳолат камтар аст.

Бахше аз номаи Вазорати тандурустӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар нома ба вазъи гирифторони илтиҳоби шуш дар моҳи апрел ва марги бархе аз онҳо ишора нашудааст. Ин дар ҳолест, ки марги пайиҳами чанд нафар аз пневмония дар охири моҳи марту аввали апрел дар Суғду Хатлон ва Душанбе мояи нигаронии сокинон гардид.

Ахиран мақомот таъйиноти бемористони марказии вилояти Суғдро ҳам аз муассисаи умумӣ ва гуногунриштаи тиббӣ ба шифохонаи бемориҳои роҳи нафас ва асосан илтиҳоби шуш ё пневмония табдил доданд.

Ҳаждаҳ созмону шахсияти алоҳида аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо карда буданд, ки ба суолҳо дар робита ба коронавирус низ посух диҳад. Аз ҷумла аз вазорат пурсиданд, ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст, то куҷо метавон бовар кард? Чун, ба гуфтаи онҳо, “эътимоднокии тестҳои санҷишӣ дар Русия зери шубҳа гузошта шуданд ва маҷмӯи тестҳое, ки дар Чин истеҳсол мешаванд, нуқс доранд”.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ дар номаи ҷавобӣ вазъи эпидемиологии кишварро "нисбатан ором" тасвир карда, мегӯяд, Тоҷикистон 46 ҳазору 900 тест дорад, ки 23 ҳазорашро аз Русия, 22 ҳазори дигарро аз Чин ва 1900 тестро аз Олмон гирифтааст.

"Ҳамаи тестҳо аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ озмуда шудаанд ва дорои сертификати сифат мебошанд", - афзудааст ӯ.

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, бо тестҳо шаҳрвандоне санҷида мешаванд, ки нишонаҳои бемории пневмонияро доранд: "Дар ин ҳолат инчунин акси рентгенӣ, томографияи компютерӣ, таҳлили умумии хун ва балғам ба инобат гирифта мешавад".

Бахши дигари нома

Ба пурсиши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин бора, ки парвозҳои байналмилалӣ қатъ шудаанд, "ташхисҳо ва натиҷаҳои лабораторӣ чӣ тавр дубора санҷида мешаванд?" вазорат гуфтааст: "Вақте сарҳадҳо кушода буданд, қисме аз тестҳо барои санҷиши такрорӣ ба Маскав, Новосибирск ва Лондон фиристода шудаву ҳамаи онҳо натиҷаи манфӣ доданд. Баъди он ки сарҳадҳо баста шуданд ва парвозҳо миёни давлатҳо муваққатан қатъ гардид, санҷиш танҳо дар озмоишгоҳи Вазорати тандурустӣ гузаронида мешавад, ки ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ пурра мутобиқ аст."

Вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон танҳо як чунин озмоишгоҳ дорад ва бинобар ҳамин, тестҳо аз тамоми минтақаҳо ба инҷо фиристода мешаванд.

То 16-уми апрел дар ин озмоишгоҳ 2317 ташхис анҷом дода шудааст, ки 440 ташхис такрорӣ мебошад.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои ангуштшуморест, ки ба гуфтаи мақомот то ҳол ягон нафар ба коронавирус сироят накардааст, ҳарчанд аз аввали моҳи феврал то ин дам беш аз 8 ҳазор нафарро зери карантин гирифтанд.

Аммо даргузашти чанд нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар рӯзҳои ахир ва бистарӣ шудани чандин нафар бо таби баланд дар бемористонҳо масъалаи коронавирусро дар Тоҷикистон ҷиддитар кардааст.

Бархе мақомотро ба он муттаҳам мекунанд, ки воқеиятро ба таври пурра баён намедоранд, аммо Вазорати тандурустӣ чунин чизеро рад мекунад.

Мақомот мактабҳоро барои ду ҳафта таътил карда, баргузории маъракаҳо, аз ҷумла мусобиқаҳои варзишӣ ва содироти орду гандум, шолӣ, биринҷ ва картошкаву гӯштро манъ кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!