Мақомоти шаҳри Душанбе амр додаанд, тамоми бозорҳои либосфурӯшӣ аз ҷумла бузургтарин бозори пойтахт “Корвон” барои тақрибан ду ҳафта баста шаванд. Шаҳрдории Душанбе бо нашри як баёнияи кӯтоҳ дар рӯзи 29 уми апрел гуфт, ки “бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз санаи 30-юм то 10-уми майи соли 2020 дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ рӯзҳои санитарӣ эълон намуда, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад“.
Аз ҷумла ба тоҷирони бозори Корвон, бузургтарин бозори шаҳр, имрӯз эълон кардаанд, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дари бозор баста мешавад. Ба гуфтаи шаҳрдории Душанбе, “мақомот вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.”
Ҳалима Файзиева, аз раҳбарияти "Корвон" рӯзи 29 - уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари муваққатан баста шудани бозорро тасдиқ кард. Вай гуфт, барои пешгирӣ аз бемории КОВИД-19 бозор даҳ рӯз таътил мешавад. Файзиева гуфт: “Рӯзи 11-уми май кор сар мешавад. Мо бозорро то имрӯз ҳам тоза мекардем пайваста, аммо дар ин муддат кормандони масъули бозор ба поксозии тамоми бозор машғул мешаванд. Мо аслан ҳақ надорем ба ин муддат бозорро бубандем, зеро ин ҷо соҳибкорони зиёд кор мекунанд, аммо ҳоло барои пешгирӣ тасмим гирифтем ин корро кунем.”
Бозори "Корвон", ки яке аз калонтарин бозорҳои молу маҳсулот ва ғизо дар шаҳри Душанбе мебошад, ки дар он беш аз се ҳазор тоҷир фаъолият мекунанд. Маконе аст, ки ҳамарӯза ҳазорон нафар барои хариди молу коло ва ашёи зарурӣ ба ин бозор меоянд. Бозори “Корвон” замони таъсис бо 27 гектар масоҳат калонтарин бозори Тоҷикистон буд. Аммо чанд вақти ахир мавзӯи мавсеъ кардани бозор матраҳ аст.
Нодир як тоҷири бозори Корвон гуфт, субҳи имрӯз маъмурияти бозор эълон кардааст, ки аз 30-уми апрел дигар ба кор набароянд. Бархе аз тоҷирони бозор мегӯянд, рӯзҳои ахир бозор камодам буд ва тиҷорат ҳам хуб нест. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар кишвар то кунун ягон мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале аз чанд рӯзи пеш ба андешидани тадбирҳое, эълон кард, ки дар кишварҳои дорои эпедимияи коронавируси нав дида мешавад.
Пештар аз ин ҳукумати Тоҷикистон дар мактабу муассисаҳои таълимии дигар ба истиснои донишгоҳҳо ду ҳафта таътили муваққатӣ эълон кард. Азбаски дар кишвар гузоришҳо доир ба гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва маргу мир аз ин беморӣ зиёд шудааст, ин шубҳаву гумон дар бораи набуди коронавируси нав дар Тоҷикистон доман мезанад. Ба гуфтаи мақомот, то кунун аз 3300 барои маълум кардани бемории нав озмоиш гирифтаанд, вале ҳеҷ сирояти вирус собит нашудааст.