Кабирӣ: "Ҳукумат нав шавад!" Валиев: "Ин боз ҷанг аст!" ВИДЕО

Собир Валиев (чап) ва Муҳиддин Кабирӣ (рост) дар мубоҳисаи Радиои Озодӣ

Охири ҳафтаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо як лаҳни шадид барканории ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро талаб кард. Дар пайи ин Собир Валиев, узви пешини "Гурӯҳи 24", ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, дар Фейсбук навишт, Кабирӣ мардуми Тоҷикистонро ба инқилобе даъват дорад, ки метавонад ҷумҳуриро бори дигар ба хунрезӣ кашонад. Рӯзи 20-уми май дар як сӯҳбати онлайн ин ду чеҳраро бо ҳам рӯ ба рӯ намудем. Фишурдаи ин баҳс ва видеои комили онро ин ҷо мунташир мекунем.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, чаро маҳз ҳоло косаи сабри Шумо лабрез шуд ва чунин муроҷиат кардед?

Муҳиддин Кабирӣ: Ин ба маънои лабрез шудани косаи сабр нест. Балки баъд аз таҳлили вазъият дидем, ки ҳукумати ҳозира ва бахусус раҳбари Тоҷикистон дигар тавони идораи кишварро надорад. Бале, метавонад бо ҳукуматаш ба ин вазъият як муддати дигар идома диҳад, вале мо мутмаин шудем, ки вазъият на аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ва бахусус мудирияти ин гуна буҳронҳо дар оянда беҳтар нахоҳад шуд. Ва ин моро водор кард, ки бо талаби қотеона баромад кунем, ки вақти он расидааст, Тоҷикистон як ҳукумати нав дошта бошад. Ин ҳеч гоҳ ба маънои лабрез шудани сабр ё ягон ҳолати ғайриоддии дигар нест. Ҳамагон дарк карда истодаанд, ки раҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон аз лиҳози зеҳнӣ, тавонмандии фикрӣ ва шояд ҳатто саломатӣ қудрати дар оянда идора кардани кишварро надошта бошад.

Радиои Озодӣ: Аз суҳбатҳои як ҳафта пеши Шумо нуктаеро иқтибос меорам. Гуфтед, худи мардум дар фикри он бошад, шахсеро, ки дигар салоҳият ва ҳаққи маънавии президент буданро аз даст додааст, аз қудрат берун кунад. Он ҳам бе хушунат ва зарар ба мардум ва миллат. Ин магар даъват ба инқилоб ва кудато нест?

Муҳиддин Кабирӣ: На, даъвати аввали мо ба худи Раҳмон аст, ки вазъиятро дарк кунад, дар пеши мардуму миллат ва кишвар масъулиятшиносӣ нишон диҳад ва худаш биравад. Агар ин корро кард, ҳадди ақал номаш дар таърих ҳамчун чеҳраи мусбат то ҳадде боқӣ хоҳад монд. Агар ин масъулиятшиносиро нишон надод, дар он сурат нухбагони миллат дар як машварати миллӣ бояд марҳилаи баъд аз Раҳмонро фикр кунанд ва ӯро водор намоянд, ба ин қаноат бирасад, ки аз қудрат равад. Агар ин ду кор иҷро шуд, ҳеч зарурат ба инқилобу қиёми мардумӣ намемонад ва ҳеч хушунат даркор нест.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Собир Валиев, ин андешаҳо Шуморо қаноатманд мекунад? Аз чӣ норозӣ ҳастед?

Собир Валиев: Албатта, бори дувум аст, ки бо ҷаноби Кабирӣ суҳбати онлайн анҷом медиҳем. Бори аввал дар суҳбати онлайни созмони "Хонаи Озодӣ" иштирок доштем. Мо замоне ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондем. Дар ҷавоб ба ҷаноби Кабирӣ дар Фейсбук навиштам, ки баъди ин ҷанг 15 сол давраи барқароркунӣ буд. Мабодо инқилоб шавад, зарари онро ҳисоб кардаанд? Инҳо даъват доранд, ки мо шахсиятҳое дорем, ки дар оянда метавонанд ба ҳам биоянд ва ҳукумати навро бисозанд. Мо ин шахсиятҳоро надидем.

Видеои мубоҳисаро дар инҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, вақте дар порлумони Тоҷикистон будед, ба сабр даъват мекардед, то ҳадде ки баъзеҳо шуморо "Мистер сабр" ном мебурданд. Ҳоло чӣ шуд?

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳанӯз ҳам фикр мекунам, ки сабри ман побарҷост ва ман хеле сабр карда истодаам. Раҳмони то соли 2015 аз Раҳмони 2020 фарқ мекунад. Тоҷикистони соли 2012-2013 аз Тоҷикистони соли 2020 фарқ дорад. Он замон вазъият душвор буд, вале ба ҳар ҳол як миқдор озодӣ ва демократия буд.

Радиои Озодӣ: Мебахшед, вале алами бисёриҳо аз он аст, ки вақте дар дохили кишвар будеду тиҷорат доштед ва узви порлумон будед, ба сабр даъват мекардед...

Муҳиддин Кабирӣ: Ман ин шикоятҳоро қисман қабул дорам. Вале ҳар касеро аз сиёсатмадорони Тоҷикистон, ки дар тӯли таърихаш дар дохили кишвар аз ман сахттар аз ҳукумати Раҳмону шахси Раҳмон танқид кардааст, нишон диҳед, дасташро мефишорам. Ман дар Тоҷикистон будам ва ҳеч вақт ба инқилоб даъват намекардам. Умед доштам, ки ҳукумат ислоҳшаванда аст. Имконияти суҳбат карданро бо ҳукумат доштем. Дар се моҳи охир ҳукумати Тоҷикистон нишон дод, ки қобили ислоҳ нест ва ҳарфи тарафи муқобилро намешунавад.

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ҳар касе дар Тоҷикистон соҳиби вазифа шуд, хомӯш ва об мешавад, дуруст?

Муҳиддин Кабирӣ: Мутаассифона, чунин ҳаст. Аммо ин назар нисбат ба ҲНИТ ва баъзе нирӯҳои мухолиф, аз ҷумла ҲСДТ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов сидқ надорад. Чаро? Барои онки мо гуфтем, хомӯш набудем. Агар ман намегуфтам, хомӯш мебудам мисли дигарон, нисбат ба ман парванда намекушоданд, моликияти маро намегирифтанд ва аз кишвар берун намекарданд, бачаҳои моро зиндонӣ намекарданд. Бале, фарқ ин аст, ки ҳангоми дар онҷо будан ба инқилоб даъват намекардем. Алъон ҳам ман ба инқилоб даъват накарда истодаам. Ман ба тағйири ҳукумат даъват карда истодаам. Тағйири ҳокимият ва пешрафтро бе хезиши мардум иҷро кунем.

Радиои Озодӣ: Собир Валиев, ин гуна дурнамо Шуморо наметарсонад?

Собир Валиев: Албатта, дар инҷо нақши рӯзноманигорон ҳам муҳим аст. Бояд хабарро дуруст расонанд. Ҳама тарафро гӯш кунанд.

Радиои Озодӣ: Назари худро ба масъала бигӯед, лутфан.

Собир Валиев: Барои ман ҳеч гоҳ тарс вуҷуд надорад. Агар метарсидам, ба ватан барнамегаштам. Ман як муддат дар хориҷа боздошт ҳам шуда будам. Чанд сол фаъолият кардам. Дар миёни мухолифон будам ва зарфияти онҳоро медонам. Ҳоло онҳо ба тағйири ҳокимият даъват доранд.

Радиои Озодӣ: Суол ба Муҳиддин Кабирӣ. Шуморо ба он танқид мекунанд, ки натавонистед як кадр тарбия кунед...

Муҳиддин Кабирӣ: Дар замони муосир ягон ҳизб наметавонад барои худ танҳо кадри ҳизбӣ омода кунад. Кадрҳоро бояд аз миллат гирифт ва ба миллат хидмат кард. Ҷавонон моро ба классикӣ будан муттаҳам мекунанд, аммо тафаккурашон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ мисли замони болшевикӣ аст... Наход 9 миллион аҳолӣ 50 кадри миллӣ надошта бошад, ки дар оянда кишварро мудирият кунад.

Радиои Озодӣ: Биёед, ба мавзӯи густариши COVID-19 рӯй биорем. Ҷаноби Кабирӣ, то 30-юми апрел мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти бемориро эътироф намекарданд, дар ҳоле ки расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи эҳтимоли сирояти вируси нав мегуфтанд. Чаро?

Муҳиддин Кабирӣ: Бубинед, набояд дар мавқеи ҳукумат мантиқро ҷуст. Барои чӣ пинҳон карданд, дақиқан мисли Куриёи Шимолӣ ва Туркманистон эътироф накарданд. Аммо нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳо ва оппозитсия ва нақши ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ буд, ки Тоҷикистон маҷбур эътироф кард. Агар ин ҳайат намерафт ва фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ намебуд, то лаҳзаи охир талош мекард, ки вуҷуди коронавирусро рад кунад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Валиев, ба ин чӣ назар доред?

Собир Валиев: Ман ба ин гуфтаҳо розӣ нестам. Онҳо дар бораи нақши оппозитсия гуфта истодаанд. Ман мебинам, мухолифин аз ин вабо, ки ба сари мардум омадааст ва онҳо наздиконашонро аз даст медиҳанд, ҳангомазсозӣ мекунанд. Аз ин суистифода мекунанд. Ин кори хато аст. Ман аз рӯзноманигорон хоҳиш мекунам, ки бо эҳсосоти мардум бозӣ накунанд.

Радиои Озодӣ: Яъне, инки ҳукумат то 30 апрел мегуфт, ки коронавирус вуҷуд надорад, ҳақ буд? Ва наворҳое, ки мардум аз дохили бемористонҳо мефиристоданду шикоят мекарданд, сохта буд?

Собир Валиев: Ҳеч кас нагуфтааст, ки ин дурӯғ аст. Шумо тарафи дигарро гӯш намекунед. Ман ҳақ дорам, ки рӯзноманигоронро танқид кунам. Онҳо ҳам фаришта нестанд, инсон ҳастанд ва метавонанд хато кунанд. Мардум аз ахбори нодуруст бардошти хато мегиранд.

Радиои Озодӣ: Вале баҳс сари бархӯрди мақомот аст...

Собир Валиев: Ман ягон масъули ҳукумат нестам. Масъулият надорам. Масъулон бояд бароянд ва дар ин бора бо миллат суҳбат кунанд. Худам ҳаждаҳ рӯз касал будам, аммо таблиғ накардам, Худоро шукр, сиҳат ҳастам. Имрӯз дида истодем, ки дар кишвар соҳибкорон ва афроди дигар мардумро дастгирӣ доранд. Мухолифон фақат сангзанӣ доранд.

Радиои Озодӣ: Аз рӯи гуфтаҳои Шумо бармеояд, ки сустӣ дар мухолифин аст, на ҳукумат?

Собир Валиев: То охир фикри маро гӯш намекунед.

Муҳиддин Кабирӣ: Дар ягон кишвари дунё надидаед, ки раиси порлумон додситони кул, мушовирони президент ва чандин генерал, элитаи ҳукмрон то ин ҳам гирифтори коронавирус шуда бошанд. Вақте коронавирус дар сатҳи давлат ин қадар васеъ аст, чӣ расад ба мардуми одӣ. Фақат шахсиятҳои маъруф, ки номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст, аз сад нафар бештар аст. Боз бо кадом рӯй мешавад гуфт, ки то 30 апрел коронавирус вуҷуд надошт?

Радиои Озодӣ: Дар масъалаи маргу мир далелҳои собит надорем ва беҳтар аст ба чизе, ки равшан аст, тақсими кумакҳои башардӯстона, таваҷҷуҳ кунем. Дар ин замина норозигиҳо ҳаст. Ду тараф чӣ мегӯянд?

Муҳиддин Кабирӣ: Тақсими кумакҳои башардӯстона нишон дод, ки ҳокимият дигар тавони на мудириро дорад ва на эътимоди мардумро. Ман хондам, ки Иттиҳоди Аврупо ва чанд созмони дигар гуфтаанд, кумакҳояшонро мустақим ба бемористонҳо хоҳанд буд, на аз тариқи ҳукумат. Дигар онҳо ҳам ба ҳукумат бовар надоранд. Пештар вақте мегуфте, ки ҳукумат буҷаро медуздад, кумакҳоро медуздад, мардум мегуфтанд, шумо оппозитсия ҳастед ва туҳмат мекунед. Имрӯз инро 9 миллион мардум ва созмонҳои хориҷӣ бо чашми худ диданд. Бояд Кумитаи шаҳрвандӣ таъсис шавад, то тамоми кумакҳои башардӯстонаро ҷамъ карда, масъули тақсими он бошад.

Собир Валиев: Албатта, тақсими кумакҳои башардӯстона бояд шаффоф бошад. Аз кишвару созмонҳое, ки ба мардуми тоҷик дасти ёрӣ дароз карданд, ташаккур мекунем. Мебинем, ки дигар кишварҳо низ барои муқобила бо ин беморӣ омодагӣ надоштанд.

Радиои Озодӣ: Аммо мақомотро барои он танқид мекунанд, ки кумакҳои башардӯстонаро аз номи худ туҳфа мекунанд...

Собир Валиев: Ин "ба қавле" ҳаст. Ман аксҳоро дар ин маврид надидаам. Дидам, ки кумакҳои башардӯстонаи байнулмилалӣ тақсим мешаванд. Натанҳо аз хориҷ, имрӯз соҳибкорони ватанӣ ҳам дар паҳлуи миллат ҳастанд. Мухолифон натавонистанд дасти ёрӣ дароз кунанд. Мо бояд исбот дошта бошем, ки кумакҳои башардӯстонаи байналмилалӣ аз ҷониби шахсе туҳфа шудааст. Ин суҳбатҳое ҳаст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд. Дар пушти он фейкҳое ҳастанд, ки ҳангомаҷӯӣ мекунанд. Туҳмат карда истодаанд. Мо дар Душанбе ҳастем ва воқеиятро мебинем, ки кумакҳо ба ноҳияҳо мераванд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Кабирӣ, аз кори ҳукумат танқид кардед ва аз сустиву нотавонияш гуфтед. Агар ҳоло дар ҷои ҳукумат мебудед, корро ба чӣ тарз пеш мебурдед?

Муҳиддин Кабирӣ: Хеле саволи хуб аст. Агар ман ё мо дар ҷои ҳукумат мебудем, аввалин коре, ки мекардем Шӯрои миллӣ таъсис медодем, ки аз намояндагони тамоми қишрҳо, аз муҳоҷирон то нухбагон иборат мебуд. Нақша ё харитаи роҳи кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддатро барои Тоҷикистони баъди Раҳмон мекашидем, ки чӣ кор кунем. Барои ин кор дучархаро аз нав ихтироъ кардан зарур нест. Таҷрубаи кишварҳое ба монанди Гурҷистон ва Арманистонро метавон гирифт. Саакашвилӣ дар як муддати кӯтоҳ бо тими ҷавон Гурҷистонро аз як кишвари фасодзада ба як маркази намунавии рушд табдил дод. Ба мо мегӯянд кадри шумо куҷост ва ин корро кунем, ҷанг мешавад. Ин психологияи тоҷикиро як тараф монем. Ин афсона аст, ки "хомӯш наистед, ҷанг мешавад".

Радиои Озодӣ: Аммо аз ҷанг, ки ёдовар шудед, ба ҳар сурат роҳи пешрафти ҳар давлату миллат ин ваҳдат аст. Пас, чӣ бояд кард, ки ваҳдат ба даст ояд ва ба ҳалли мушкилот сабаб шавад? Ва дар ин давра тарафҳо мухолифат накунанду ба созиш расанд?

Муҳиддин Кабирӣ: Бале, ин муҳимтарин савол аст, ки Шумо додед. Чӣ кор кунем, ки ваҳдат ҳифз шавад ва ояндаи Тоҷикистонро бо ҳам бубинем? Барои ҳамин ман тарафдори он ҳастам, ки як Шӯрои миллӣ таъсис дода шавад, ки ягон қишри ҷомеа худро аз ин берун эҳсос накунад ва ин шӯро харитаи роҳро барои оянда сосзад. Агар мо ин корро кардем, на дигар ниёз ба инқилоб мемонад, на ба ҷанг ва ин паёмро Собир, ки ҳоло дар Душанбе ҳаст, метавонад ба мақомот расонад.

Радиои Озодӣ: Биёед ҳол аз худи Собир пурсем, ки чӣ мегӯяд, ӯ роҳро дар чӣ мебинад?

Собир Валиев: Бояд мо дар ин ҷо як чизро дуруст дарк кунем, ки ҷаноби Кабирӣ бисёр аз миллат ҳарф мезананд, миллат, чӣ хеле ки ман қайд кардам 9 миллион аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он чанд нафар ки танқид мекунанд, ба ғайр аз онҳо 9 миллион, яъне ақидаҳои дигар ҳаст. Танҳо, масалан, он чизе, ки ҷаноби Кабирӣ пешниҳод мекунанд, он нест. Мо бояд ҳамаи тарафҳоро гӯш кунем, ки дигарҳо чӣ назар доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!