Кӣ муҳоҷири 22-солаи тоҷикро аз ошёнаи дувум ба замин партофт?

Акбарҷон Холиқов

Пайвандони Акбарҷон Холиқов, муҳоҷири 22-солаи тоҷик, шикоят доранд, ки муовини мудири корхонаи "Жилишник"-и ноҳияи Коптево дар Маскав, Андрей Третяков, фарзанди онҳоро аз ошёнаи дувуми хобгоҳ ба замин партофтааст. Ҳодиса рӯзи 1-уми апрел рӯй дода, муҳоҷири тоҷик дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист.

Акбарҷон Холиқов ба ҳайси роҳрӯб дар ҳамин идора кор мекард ва дар хобгоҳи он мезист. Третяков фарзияи дигареро пеш оварда, гуфтааст, гӯё роҳрӯби тоҷик худро аз ошёнаи дувум ба замин ҳаво дод.

Волидони Акбарҷон Холиқов гуфтанд, ӯ дар беморхонаи Боткини шаҳри Маскав ба ҳуш омадааст, вале вазъаш ҳамчунон нигаронкунанда аст.

Мақомоти пулиси ноҳияи Коптево гуфтаанд, ҳодиса мавриди санҷиш қарор дорад, вале то замоне ки Акбарҷон Холиқов қазияро нақл накунад, ҳақиқати ҳол пурра рӯшан нахоҳад шуд.

Аминҷон Холиқов, падари Акбарҷон, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "пизишкҳо ба мо фаҳмонданд, ки вай бо сараш ба замин афтодааст. Ин ба маъноест, ки ӯро ба зӯрӣ сарозер кардаанд."

Аминҷон Холиқов мегӯяд, ӯ низ дар Маскав кору зиндагӣ дорад ва ҳамон рӯз ба дидани писараш ба хобгоҳ рафта, вале ӯро дар вазъияти баде дидааст.

Акбарҷон Холиқови 22-сола панҷ сол боз дар Маскав будааст. Ҳамсару як кӯдакаш дар Тоҷикистон ҳастанд.

Феълан қазияи ин муҳоҷирони тоҷикро ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия Иззат Амон ва Бахтовар Ҷумъазода низ таҳқиқ доранд. Ҷумъазода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба нақли муҳоҷирон ҳодиса замоне рух додааст, ки онҳо дар истироҳати нисфирӯзӣ буданд, вале Третяков онҳоро ба кор кардан амр медод.

"Третяков ба хобгоҳ омада, ба муҳоҷирон гуфтааст, ба кор бароянд. Акбарҷон Холиқов ба онҳо фаҳмондааст, ки аз соати 12 то 2-и рӯз истироҳат доранд ва ҳанӯз хӯрок ҳам нахӯрдаанд. Дар ҳоли намоз хондан будаанд. Третяков сари Акбарҷонро аввал ба кату девор зада, сипас аз қабати дуюми бинои хобгоҳ ба замин ҳаво додааст", - гуфт ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ гуфт, айни ҳол Андрей Третяков дастгир шуда, дар боздоштгоҳи Коптево қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса хашмгин шуда, дубора масъалаи ба гуфтаи онҳо беҳуқуқии муҳоҷиронро дар Русия дар миён гузоштаанд. Шарҳнависон аз ҳукумат хостаанд, бояд посухи муносиберо аз мақомоти Русия талаб кунад, вагарна беҷазо мондани муттаҳамон боис ба афзоиши чунин ҳолатҳо хоҳад шуд.

Мақомоти Русия ҳамеша ҳадафмандона будани чунин ҳодисаҳоро рад карда, бештар ба тасодуфӣ будани онҳо таъкид мекунанд.

Дар гузашта чанд мавриди латту кӯб ва кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия агарчи сару садои зиёде ба бор оварда буд, ё ин парвандаҳо то охир нарасиданд ва ё муттаҳмон ҷазои сабуктар гирифтанд.

Бино ба иттилои расмӣ, то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Бештари муҳоҷирон мегӯянд, асосан ба сабаби бекорӣ ё камии маош дар Тоҷикистон барои зиндагии беҳтар рӯ ба Русия овардаанд. Ҳар сол даҳҳо муҳоҷири корӣ дар он кишвар латту кӯб ва дар баъзе ҳолат кушта мешаванд.