Бино ба иттилои расмӣ то рӯзи 18-уми май шумори гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 1729 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 205 нафари дигар ба бемории COVID-19 мубтало шуда, ду нафар аз он ҷон бохтаанд. Ба ин тартиб теъдоди фавтидагон аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ ба 41 нафар расидааст.
Ҳарчанд мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба марги фарде дар ин ё он гӯшаи кишвар гузориш мерасад ва корбарон ҳам менависанд, ки он фард бар асари бемории илтиҳоби шуш ва ё "коронавирус" вафот кардааст.
Тибқи омори тоза ҳоло Тоҷикистон аз рӯи шумори фавтидаҳо аз коронавируси нав дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал аст. Дар кишварҳои дигари ОМ аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон ҳарчанд шумори мубтало шудагон ба коронавируси нав аз Тоҷикистон бештар аст, аммо шумори фавтидаҳо дар ин ду кишвар назар ба Тоҷикистон камтар ба қайд гирифта шудааст. Дар Қирғизистон шумори гирифторон ва ҷонбохтагон назар ба Тоҷикистон камтар аст.
Айни замон озмоишҳо барои маълум кардани сирояти вирус фақат дар шаҳри Душанбе анҷом мешавад ва мутахассисон қодир будаанд, ҳадди аксар дар як рӯз аз 200 то 250 ташхис анҷом бидиҳанд. Назар ба оморе, ки мақомоти расмии Тоҷикистон дар чаҳор рӯзи ахир мунташр мекунанд, зоҳиран аксари тестҳо натиҷаи мусбат нишон медиҳад. Чун давоми чаҳор рӯзи ахир ҳамарӯза мақомот аз гирифтории беш аз 200 нафар ба коронавируси нав хабар медиҳанд.
То имрӯз мақомоти Тоҷикистон нагуфтаанд, ки аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон чанд нафар сиҳат ёфтанд. Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза аз шифо ёфтани беш аз 400 нафар хабар медиҳад, аммо расман гуфта намешавад, ки онҳо шифо ёфтаанд ва ё бинобар сабук будани беморӣ барои идомаи муолиҷа ба хона ҷавоб шудаанд.
Ба иттилои расмӣ дар бемористонҳо 4016 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.
Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки вазъи густариши бемории COVID-19 ва маргумир аз ин беморӣ дар Тоҷикистонро арзёбӣ мекард, рӯзи 12-уми май гуфт, суръати густариши беморӣ нигаронкунанда аст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки ҳукумат ва вазорат тамоми чораҳоро барои пешгирӣ ва табобати CОVID-19 меандешад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!