"Аз номи халқ, барои халқ". Даҳ соли инқилоб ба Қирғизистон чӣ дод?

Эътирозҳо дар Қирғизистон. 6-уми апрели 2020

Дар Қирғизистон солгарди даҳуми инқилоби дувум дар ин кишвари Осиёи Марказиро дар шароити "карантин" истиқбол карданд. Бо вуҷуди он ки дастовардҳои инқилобро дар кишвар муҳим медонанд ва гиромӣ медоранд, ба интизориҳои иҷронашуда ҳам ишора мекунанд.

"Ҳифзи парламентаризм"

Рӯзи 7-уми апрели соли 2020. Рӯзи одие дар шароити ҳолати фавқулода ва "карантин". Ба ҷуз аз брифинги ҳамарӯзаи ҳукумат вобаста ба вазъи кишвар, раисҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков рӯйи пардаи телевизион омад ва ба муносибати инқилобе, ки дақиқан 10 сол пеш рух дода буд, муроҷиат кард.

"Инқилоби апрелӣ ба унвони як ангезаи хеле қудратманд барои тағйири низоми мудирият дар Қирғизистон хидмат кард. Барои роҳандозии демократияи порлумонӣ қадамҳои таъинкунандае гузошта шуд ва мо ҳамаи талоши худро барои рушди маҷлисмеҳварӣ (парламентаризм) дар кишвар равона мекунем", - изҳор дошт ӯ

Ин гуфтаҳо ба баҳсҳое нуқта гузошт, ки , ки ахиран бар пояи изҳороти ғайримунтазираи вакили порлумон Қурмонҷул Зулушев ба вуҷуд омада буд. Зулушев пешниҳод кард, ки дар Қирғизистон райъпурсӣ гузаронанд ва шакли мудириятро муайян кунанд, ки порлумонист ё президентӣ.

Ин ташаббус баҳсҳои шадидеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва хеле аз мухолифинро низ фаъол намуд. Низоми мудирияти нимапорлумонӣ низомест, ки ин кишвар баъди ду талоши нофарҷоми роҳандозии низоми раёсатӣ (президентӣ) ба он даст ёфт.

Ду бор раисони ҷумҳур, ки салоҳиятҳои густардае дар ихтиёр доштанд, хатоҳои якхеларо содир карданд: ғасби қудрат, фасод, хешутаборбозӣ (непотизм) ва тасарруфи дороиҳо.

"Демократӣ кардан ё бебандуборӣ"

Нигариш ба ин натиҷа хеле духӯра аст. Барои бархеҳо ин раванди табиии демократия, барои дигарон бебандуборӣ, ноустувории иқтисодӣ ва заиф кардани ниҳодҳои давлатӣ мебошад.

Бо вуҷуди ин, Қирғизистон аз ба чолиш кашидани стереотипҳои ғолиб дар Осиёи Марказӣ даст намекашад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин кишвар ду бор тағйири хушунатбор ва ду бор интиқоли мусолиматомези қудрат, 30 бор қисман ё комилан кабинаи вазирон бо шумули сарвазир иваз карда шуда, ҳафт бор Қонуни Асосӣ ва ду бор низоми идораи давлатӣ тағйир ёфтааст.

Дастёбӣ ва василаи хисорот

"Ду инқилоб саддеро сохтанд барои бознагаштан ба ҳукумати худкома. Бидуни шак вақте ҳаводис рух доданд, ҷомеа ва давлат интизориҳои бештар доштанд ва ба назари ман аксари онҳо амалӣ ва иҷроӣ нашуданд. Вале агар ҳамаи ин рух намедод, ҳама чиз бадтар аз ин буд", - мегӯяд таҳлилгари сиёсӣ Азим Азимов.

Коршинос яке аз дастовардҳои асосии ин ду инқилобро "вуҷуди касратгароии сиёсӣ, озодии сухан ва дарки мардум аз доштани нақши раҳбарии сарнавишти худ" медонад.

"Фасоду хешутаборбозӣ ва мушкилоти дигар метавонад асаргузор бошанд, вале мо ба унвони шаҳрванд ҳуқуқи дар ин бора ҳарф заданро ҳифз кардем. Муқовиматҳои ҳамарӯзаи шаҳрвандиро барои боло бурдани гузоришдиҳии ҳукумат роҳ андохтем", - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Коршинос ва рӯзноманигор Григорий Михайлов мегӯяд, кишвар бар хилофи ҳама пешбиниҳо саломат монд ва ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ворид нашуд. Ҳамчунин таҷрибаи арзишманде ҳосил намуд, ки аз он ҳам шаҳрвандони одӣ ва ҳам сиёсатмадорон метавонад сабақ бигиранд.

"Пайомадҳои сангинтар “Ҳаводиси Ӯш” дар соли 2010 буд, ки онҳо мустақим аз апрели 2010 бадар омада буданд", - таъкид мекунад Михайлов.

Ба шумули пайомадҳои манфии инқилоб ӯ ҳамчунин зарбаҳои расида ба иқтисод, давлат ба унвони ниҳод, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти вижаро медонад, ки баъди инқилоб ба василаи додгоҳҳо таҳти пайгард қарор гирифтанд.

Порлумон барои интихобшудаҳо

Яке аз муҳимтарин пайомадҳои муборизаи сиёсӣ ва инқилоб ташаккули низоми мудириятии нимапорлумонӣ гардид, ки барои ба ҳадди аксар расонидани мушорикати сиёсии гуруҳҳо тарҳрезӣ шуда буд.

"Порлумон бештар дорои гуруҳҳое аз афроди манфиатдор, тоҷирон, нафароне, ки барои дарёфти масуният (дахлнопазирӣ) вориди он шудаанд, лоббигарҳо ва ғайра мебошад. Дар бораи намояндагии мардум гап намеравад", - мегӯяд Михайлов.

Ба гуфтаи ӯ, рисолати порлумон коҳиши таниш ва равона кардани фаъолмандии сиёсӣ дар дохили порлумон мебошад, ки иҷро шуд.

Дар мусоҳибаи худ бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ, раиси пештараи порлумони Қирғизистон Ишенбой Қодирбеков қонунгузории ҳозираи интихоботро интиқод намуд, ки тибқи он райъдиҳандагон ба ҳизб овоз медиҳанд ва он ҳизб бо салоҳдиди худ рӯйхати худро тартиб медиҳанд.

"Афсӯс, авлавият ба андозаи саҳм бастагӣ дорад. Ҳамчунин як омили дигар низ ҳаст, ки ба рӯйхат таъсир мерасонад – наздикӣ ба раҳбари ҳизб. Ба ин тартиб ваколат (мандат) ба як мол (коло) табдил ёфт", - таъкид кард сиёсатмадори собиқ.

"Бурди иқтисод бештар буд"

Мунтақидони озмоишҳои сиёсии Бишкек баъзан ба пайомадҳои иқтисодии ин гуна тасмимҳо ишора мекунанд. Аз ҷумла, коҳиши рушди иқтисодиро ба ҳодисаҳои инқилобӣ дар кишвар марбут медонанд.

Иқтисоддон Искандар Шаршеев қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар пасманзари уфти тиҷоратҳои калон рушди соҳибкории хурд ва соҳаҳои хидматрасониҳо ба назар расид. Зеро, ба гуфтаи ӯ, "зеро мансабдорон гирифтори мубориза барои қудрат буданд ва ин бахш худро хеле озодтар ёфт".

Вай афзуд, аз хубиҳои тағйири қудрат, ҳамчунин озодии дороиҳо ва халадор шудани монополия ҳам ҳаст. "Баъди ҳар инқилоб тақсими дубораи моликият (дороиҳо) сурат гирифт. Дороиҳои номуассир озод шуданд ва дубора вориди бозор гардиданд. Мақомот ин дороиҳоро тасарруф накарданд, балки талош карданд онро иҷроӣ кунанд ва моликони нав талош карданд онҳоро самарбахш истифода баранд",- шарҳ медиҳад Шаршеев.

Як самт дар сиёсати хориҷӣ

Агар дороиҳои иқтисодии кишвар озод шудан гирифтанд, дар сиёсати хориҷӣ баъди инқилоби дувум фазо барои манёвр шуруъ ба маҳдуд шудан кард. Соли 2014 раисҷумҳури пешин Алмосбек Отамбоев пойгоҳи низомии амрикоиро аз ҳудуди Қирғизистон берун кард ва кишвар қисме аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд.

"Бо дарназардошти ин ки тибқи шартнома дар бораи пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2015 эътибор пайдо кард, мешавад гуфт, тамоюл дар сиёсати хориҷии Бишкек баъди ҳаводиси соли 2010 ба сӯйи Русия ба миён омад. Мутаносибан ба раванди пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодӣ, мешавад гуфт, Қирғизистон де-факто беш аз пеш гирифтори вобастагии иқтисодӣ аз Чин шуд. Аз ҷумла, тибқи маълумоти расмӣ дар соли 2010 қарзи Қирғизистон аз Чин 5,7% (150 миллион доллар)-и ҳаҷми умумии қарзи давлатиро ташкил медод", - мегӯяд сиёсатшинос Наргис Муродалиева.

Сарфи назар аз пайомадҳои норӯшан дар иқтисод, баҳсҳои доманадор дар мавриди низоми мудирият, кишвар дар як ҷо наистодааст ва ҳамчунин ба таҷрибаҳову хатоҳо ба кори худ идома медиҳад. Ва нухбагони сиёсӣ ҳамчунон ба рақобатҳо мепардозанд, вале на ҳамеша аз таҷрибаи пешиниёни худ панд мегиранд.

Аз чаҳор раисҷумҳури аз қудратрафта танҳо як нафар дар кишвар қарор дораду ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Яке аз раисҷумҳурҳои собиқ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабс гирифта шудааст ва дуи дигар маҷбур ба тарки кишвар шуданд, ки зимни хезишҳои мардумӣ ба хориҷ фирор карданд.

Қурбонии инқилоби охирин дар соли 2010 90 нафар шуданд, ки ҳангоми тасарруфи Қасри сафед кушта шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!