Ҳисомиддин, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯзи 20-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш дар аввали моҳи август ба сабаби шиддат гирифтани бемории дил бистарӣ шуда, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз шифохона берун омад.
“Суҳбати вазири адлияро шунида, дар тааҷҷуб мондам. Вай мегуфт, ки падарам бемор нест. Дар рӯзе, ки ӯ чунин изҳорот дод, падарам аз бародарам хостааст, ки доруҳояшро биёрад,” – гуфт ӯ.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, як моҳ пеш дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Зубайдуллоҳи Розиқ ҳоло бемор нест. Пештар илтиҳоб ва шамолхӯрӣ дошт. Дар бемористони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ бистарӣ шуда, табобат гирифт.”
Дарёфти иттилоъ дар бораи вазъи маҳбусон ва шароити нигаҳдории онҳо дар Тоҷикистон мушкил аст. Кӯшиши мо барои тамос бо намояндагони Идораи зиндонҳо то ин дам бенатиҷа буд.
Зубайдуллоҳи Розиқ дар соли 2015 дастгир ва ба 25 сол зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тоҷикистон ӯ ва аъзои дигари ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ҳодисаи моҳи сентябри соли 2015, ки онро ошӯби нофарҷом меноманд, гунаҳкор кардаанд.
Раҳбарони ҳизб дар хориҷа даст доштани худро дар ҳодисаҳои шаш сол пеш рад карда, онро баҳонаи аз саҳнаи сиёсӣ берун рондани худу тарафдоронашон донистанд.
Зубайдуллоҳи Розиқ соли 2021 дар номае аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, барои бозбинии парвандааш "дар ҳузури коршиносону нозирони байнулмилалӣ ва рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ" мусоидат кунад, вале посухи мусбат нагирифт.
То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.
Тибқи омори наве, ки Омбудсмен дар гузориши солонааш (2024) овардааст ва онро “душворӣ” дар маҳбасҳои Тоҷикистон меномад, беш аз 100 зиндонӣ бемори сил будаанд. “Мушкили дигар фавти маҳкумшудаҳо мебошад, ки то ҳол нигаронкунанда мемонад. Шумораи онҳо дар соли 2023 ба 53 нафар расидааст,” -- гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмен. Дар соли 2022 марги 61 нафар сабт шуда буд.
Мақомот сабаби асосии марги зиндониёнро “бемориҳои дилу раг ва диабету саратон медонанд”. Вале як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа моҳи августи соли 2023 марги Ҷалолиддин Маҳмудов, узви пешини ҲНИТ-ро дар маҳбас "баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсӣ" номида буд.
Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.