Муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зимни суханронӣ дар ҷаласаи САҲА дар Варшава гуфт, ки ширкати ҲНИТ дар амалҳои террористӣ исботи худро пайдо кардааст.
Низомиддин Зоҳидӣ, ки дар садри ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон дар нишасти арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА иштирок мекунад, гуфт, ки Тоҷикистон мухолифи ин аст, ки "террористон ба худию бегона тақсим шаванд".
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва як ширкатдори ҷаласаи Варшава ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дипломати аршади Тоҷикистон зимни суханронии худ гуфтааст, ки "Тоҷикистон барномаву ҳадафҳои САҲА-ро пуштибонӣ мекунад, вале дар самти мубориза бо терроризм онхоро ба худию бегона, хубу бад чудо кардан нашояд". Ба гуфтаи Қаршибоев, дар ҳамин лаҳза дар саҳнаи пушти маҷлисгоҳ гурӯҳе аз фаъолони мухолифин бо навиштаҷоти "Озодӣ ба зиндониҳои сиёсӣ" баланд шуданд.
Тоҷикистон соли 2015 ҳизби наҳзати исломиро дар паи ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри он сол террористӣ ва мамнӯъ эълон кард ва гуфт, ки ин созмон дар фикри бесуботкунии кишвар аст. Вале ҲНИТ, ки раҳбар ва бисёр фаъолонаш кишварро тарк карда дар хориҷа муқимӣ шуданд, ин иттиҳомро рад карда мегӯянд, ки ҳадафи мақомот аз байн бурдани мухолифон дар кишвар буд.
Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ, ки рӯзи 10 сентябр дар шаҳри Варшава шурӯъ ба кор кард, бо ташаббуси ODIHR - Дафтари озодиҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА баргузор мешавад.
Ширкати ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷаласа маҳз ба хотири ихтилофҳои ҳукумат ва мухолифони сиёсиаш, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, то охир маълум набуд. Дар ниҳоят охири ҳафтаи гузашта ҳайате ба раҳбарии Шамсиддинзода ба Варшава сафар кард. Ба ин ҳайат инчунин сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷӣ Вафо Ниятбекзода, муовини раиси Маркази исломшиносӣ Рустам Азизӣ, устоди Донишкадаи исломӣ Абураҳим Каримов ва собиқ намояндаи ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд.
Дар баробари намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, дар ин ҷаласа фаъолони мухолифон раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ, фаъолони дигар – Шарофиддин Гадоев, Темури Варқӣ ва дигарҳо иштирок мекунанд.