Маҳфили рӯнамоии китоби ғазалҳои Гулрухсор - “Хонаи дарё” (Душанбе -2023) ба гуфти худи шоир “худмонӣ” буд ва дар маркази фарҳангии “Бохтар” бо ҷамъи андаке аз ҳаводорони шеъраш баргузор шуд. Ҳарчанд дар миёни меҳмонони маҳфил сафирони барҳолу пешини кишварҳои хориҷиву ҳаводороне аз бахшҳои гуногуни ҷомеа буданд, аз ҳама кам аҳли шеъру адабиёти расмӣ ин ҷо буд, мисли сарони Иттиҳодияи нависандагон ё Вазорати фарҳанг. Ҳатто Суҳроби Зиё хабарнигори Би-би-сӣ суол дод, ки чаро ин маҳфил дар Иттиҳодияи нависандагон баргузор нашуд. Посухи Гулрухсор ҷолиб буд:
“Ман ба хулосае омадам, ки шеър, чуноне мегӯянд, бояд “камерный” бошад. Бояд шоир чашми хонандаро бубинад. Чаро, метавонистам ҳатто дар театрҳо баргузор кунем. Аммо ман хостам шуморо бинам. Дар он ҳол ман дигаронро намешинохтам. Барои одаме, ки намешиносӣ, дӯсташ намедорӣ, ошиқаш нестӣ, ман чаро шеър бихонам?!”.
Аз посухи Гулрухсор мешавад ҳар гуна хулоса гирифт, ки шояд аз назарҳо дур уфтодааст ва рӯнамоии маҳфилаш дар гӯшае аз Душанбе ғарибона баргузор мешавад. Ва ҳатто мешавад аз посухи эшон ба суолҳои зиёде, ки зеҳнро машғул медоранд, посух ёфт, ки онҳое, ки Гулрухсор “дӯст намедораду барояшон шеър намехонад” киҳо будаанд. Воқеан шоир ҳасрати рӯзҳоеро ҳам хӯрд, ки дар варзишгоҳҳо то 25 ҳазор нафарро гирд оварда буд.
Ҳарчанд маҳфил гармтар аз нишастҳои сохтае буд, ки ними толорашонро маҷбуран бо донишҷӯён пур мекунанд ва онҳо ҳанӯз дар оғоз як-як гурехтаю боиси сардии маҳфил мешаванд. Бо ин вуҷуд ин маҳфил бонуеро аз Шероз оварда буду якеро аз Ҳоланду чандеро аз Самарқанду Хуҷанд ва сафири Русияро аз чордевори сафоратхонаи Маскав дар Душанбе. Ҳатто тиме иборат аз 28 тан аз донишмандони чанд донишгоҳи Эрон низ дар лаҳзаҳои поёнии маҳфил расиданд. Гуфтанд, аз Хуҷанд маҳз ба хотири ин маҳфил сафарашонро нима монда, омаданд. Вале он чи ҷойи нигаронӣ дошт ин буд, ки аз “аъёну ашрофи расмӣ” касе ҳузур надошт. На вазире буду на раисеву на академике.
“Хонаи дарё” баргузидаи ғазалҳои шоир аст, ки дар солиёни гуногун эҷод шудаанд. Ӯ гуфт, ки “шеъри мо имрӯз ба шоире чун ман ниёз надорад, аммо ба хонандае чун шумо ниёз дорад”. Бо ин солорӣ дар шеъру ғазал гуфт, даъвои ғазалсароӣ надорад ва ҷасорат карду афзуд, ки “баъди Ҳофиз, аслан шармандагӣ аст, ки ту бигуӣ, кӣ ғазалсароӣ. Аммо, чӣ кор кунам, ки шеър аз боло меояд”.
Як далели умдаи он ки Гулрухсор ба унвони шоир барои гуруҳе муҳтарам ва барои гуруҳе, хусусан, ҳукуматдорон нохушоянд аст, ҳамин аст, ки ӯ шоири замони худ аст. Лоиқ гуфта буд, ки баъди Фирдавсиву Саъдиву Ҳофизу Мавлоно дар адабиёти порсӣ шеър гуфтан маъние надорад, аммо ҳар замон шоир худро дорад. Шоири замони худ, дарди ҳамзамони худ, дарди миллати худро нола мекунад ва мушкилоти ҷомеаву мардуми худро дар баробари масъулон матраҳ мекунад. Дар ҳамин маҳфил ҳам мегуфт “...ман мехоҳам чашми хонандаамро бубинам, ки дар он чиро мебинам. Қабул дорад маро ё не, дардашро ёфт ё не?”.
Аммо бар хилофи интизор, дар ин маҳфил бештар сурудаҳои қадимӣ, зиёдтар ошиқонаву ормонгароёна мехонд, то иҷтимоиву дарду ранҷи замони худ. Ӯ аз бори гарони дардҳову мушкилоти худ, замоне суруда буд:
Аз роҳи дида мекашам бори гуноҳи дил,
Ҷони камаршикастаи ман дард мекунад.
Дар чодари сиёҳи шаб хобам намебарад,
Дандони ақли хастаи ман дард мекунад.
Шояд ин дубайтиро барои ҳама замонҳо ва муҳитҳо гуфта бошад. Вале ба назар мерасад, ки садои Гулрухсор чун шеъри миллигароёнаш, ки замоне ҳамроҳ бо Лоиқу Бозор бо сарпарастии Қаноат дар адабиёти сурху шиории солҳои 60-70-и тоҷик рӯҳи миллиро дамонда буд, ҳоло расо нест, танҳо аз миёни сурудҳои қадимӣ ба гӯш намерасад. Дар ин маҳфил ҳам ба ин зовияҳои муҳити сиёсиву иҷтимоӣ напардохт. Шояд муҳитро барои гуфтани ҳақиқатҳои рӯз созгор намедонад. Ё шояд ин таъну маломатҳои беҷой ӯро хаста карда бошад, ки “ҳамин шумоҳо будед, ки нагузоштед Роғун сохта шавад ва пеши рушду тараққиро гирифтед”.
Аммо дар китоб, дар яке аз охирин ғазалҳои сурудааш, ки ду сол пеш аст, ба мухотаби номушаххасе мегӯяд:
Ҷаҳон дигар шуду дигар нагаштем,
Қабои куҳнаро астар нагаштем,
Муросо ихтироъи тоати мост,
Зи роҳи содаи бовар нагештем.
Абдураҳмони Абдуманнон ҳамсинфи донишгоҳии Гулрухсор ва муҳаррири китоб, вақте ба шеъри Гулрухсор баҳо медод, мегуфт, ки ӯ дар шеъраш “гоҳо тозиёна дорад, ки хонандаи худро мезанад”. Вале шояд ҳосили шинохташ аз муҳит ва сарнавишти бархе аз ҳамтоёни шоиру нависандааш он шуда бошад, ки рисолати тозиёнадорӣ ба воқеиятҳои замон ҳамхонӣ надорад. Ҳарчанд садои ин тозиёна дар ғазали як соли пеши китоб паст шунида мешавад:
Зари безаргари мо хуфта дар синаи хок,
Ворисе нест, ки ганҷури тасанно бубарад.
Гулрухсор гуфт дар ин маҳфил маҷбур шудаст ғазалеро бихонад, ки онро дӯст намедорад, аммо далели ин иҷборро нагуфт:
Ҳар киро санге ба чанг уфтад, маро гирад нишон,
Зинда бод, пайкари обод дар вайронагӣ!
Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе ба шахсияти Гулрухсор баҳои фалсафие дод:
“Медонед, мардуми камбахте ҳастанд, ки ҳеч раҳнамои ахлоқии зиндаи муҷассамшудае надоранд. Ин як бахти бузург барои мардуми Тоҷикистон аст, ки шахсе чун Гулрухсор доранд, ки меъёрҳои ахлоқи ҷомеаро муайян мекунад. Ҳамин аст, ки ман метавонам бигӯям, ки ояндаи мардуми тоҷик, то замоне, ки шоироне чун Гулрухсор дорад, замонат дода шудааст”.
Аммо чизе, ки дар ин маҳфил бисёр хушоянд набуд, зери таъсири ҳузури сафири Русия қарор гирифтани бахшҳое аз маҳфил буд. Ҳарчанд Гулрухсор борҳо тавсиф кард, ки “ҷаноби сафир, дӯсти бузурги ман, форсиро бисёр хуб медонад ва нахустин сафири Русия дар Тоҷикистон аст, ки бо форсӣ суҳбат мекунад”, аммо ҳар замон бархе суханронҳо ва ҳатто худи Гулрухсор ҷилави суҳбатро ба русӣ мекашонданд ва тавҷеҳ мекарданд, ки “то меҳмонҳо хубтар бифаҳманд”.
Шояд Гулрухсор ба унвони як парвардаи муҳити русии Шӯравӣ ва шахсияти бологузар дар ҳукумати Шӯроҳо, ки робитаи қавие бо адабиёти рус ва шоирони русу русигӯ дошт, ҳақ дорад ин гуна тавҷеҳе дошта бошад, аммо ба лиҳози замонӣ ин ҳама “эҳтиром” берун аз чавкоти дипломатия буд. Зеро дар замони маъмурияти ин сафир, дар кишвари ӯ тоҷики муҳоҷири ниёзмандро аз пештара дида бештар тавҳин мекунанд. Тӯда-тӯда аз марҳо бозпас мегардонанд, гуноҳҳои бофтаву сохтаро ба ӯ бор мекунанд. Ҳатто як вакили мунтахаб дар маҷлиси шаҳриро барои он ки тоҷик аст, ҳамагӣ баъди чаҳор рӯзи интихобот, маҷбур мекунанд аз ваколаташ даст бикашад. Ва ҳазорон дарду шевани лашкари миллионии муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Гулрухсор бояд дар баробари ин ҳама эҳтиром, ба унвони як шоире, ки ин мисраъро гуфтааст: “Ватан, эй модари аз тоқати таҳқир хаста”, бо истифода аз ҳузури сафир ин мавзуъро метараҳ мекард, ки накард.
Ҳарчанд хеле фикр кардам, далели “гӯшанишинӣ” ё дурустараш “гӯшагирӣ”-и Гулрухсорро ташхис бидиҳам, аммо ҳамин ки, ӯ як шоири рӯшанфикр аст ва ҳеч гоҳе қадри як рӯшанфикри замонро нашикаст, посухи риторикӣ ба саволи воқеии ман шуд. Ӯро мешавад намоде барои шоиру фарҳангиёне донист, ки ҳамеша маддоҳ, дастнигар, дарборгаро ва унвонгадову ҷоизаталабанд. Шахсияти худ ва шахсияти шеъру суханро дар чаҳорчӯбҳои қолабиву расмӣ асир кардаанд. Ӯ шояд бар ин аст, ки дар нимае аз умр бар алайҳи барнома ва фикре дошт амал накунад ва чун аксари ҳамтоёнаш шахсияти худ ва шахсияти шеъру фикри худро бо дасти худ нашиканад. Ё шояд ин рисолаташро дар румони “Сакарот” анҷомшуда ҳисобида бошад. Пурсишҳои бепосух бисёранд, замон ва муҳите ниёз доранд, ки кас аз пурсидан наҳаросаду Гулрухсор аз посухидан.