Зикрулло Ҳакимов: “Наврӯз бӯи очаам мекунад” ВИДЕО

Овозхон ва оҳангсози маъруф 10 апрели имсол мавлуди 50-умини худро таҷлил мекунад.

Вай гуфт, сол то сол эҳсос мекунад, ки “дигар мешавад”, “орзуҳо ҳам нав мешаванд” ва айни замон азхудгузаштагиҳое ҳам дорад, ки ба ҳикмати синну сол меояд.

Вай Наврӯзро ба бӯи модар шабоҳат дод ва гуфт, маҳбубтарин ҷашни сол аст ва аз таровати ин ҷашн эҳсоси наздик будан бо модару кӯдакиаш бештар мешавад. “Наврӯз бӯи очаам мекунад”, гуфт овозхони маъруф дар сӯҳбати барномаи наврӯзии Радиои Озодӣ. Бахусус дар ин шабу рӯз, гуфт ӯ, “шакароби пухтаи модар” лаззати беҳамто дорад.

Зикрулло Ҳакимов солҳои 2000-ум фавқулодда маъруф шуд ва таронаҳои ӯ “О, модар”, “Ҳай лола”, “Ватандор”, “Ҳаё нишаста” ва дигарҳо дар феҳристи оҳангҳои пуртарафдор қарор гирифт.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зикрулло Ҳакимов: "Наврӯз бӯи очаам мекунад"