Агар қаблан мухолифони таҷлили соли нави милодӣ дар Тоҷикистон бештар мазҳабиҳо буданд, ҳоло садои миллигароён дар ин масъала бештар ба гӯш мерасад, ки мегӯянд, соли нави мардуми тоҷик бояд аз Наврӯз сар шавад, на аз 1 январ.
Бино ба як назарсанҷии Маркази пажӯҳишҳои сотсиологии «Зеркало», ки рӯзи 23 декабр нашр шуд, 82 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон Соли нави милодиро ҷашн мегиранд. Аммо азбаски ин нахуустин назарсанҷӣ дар ин мавзӯъ буд, қиёс кардан, ки шумори тарафдорону мухолифони таҷили соли нави милодӣ дар кишвардар солҳои охир то куҷо ва ба кадом сӯ тағйир ёфтааст, амре муҳол аст.
Ба ҳар тартиб, дар муқобили ин аксарият, 11 дарсади пурсидашудагон ё ҳар нафари нӯҳум гуфтаанд, ин соли навро ид намекунанд. Ҷамъан дар ин назарсанҷӣ 1025 марду зан, пиру ҷавон, шаҳрию рустоӣ ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат кардаанд.
Тарафдорони таҷлил аз соли нави мелодӣ онро анъанаи неке меноманд, ки дар Тоҷикистон собиқаи тӯлонӣ дорад. Вале мухолифони он гуфтаанд, бо сабабҳои мухталифе аз ҷашнороӣ худдорӣ мекунанд. 4 дарсади онҳо ин идро хилофи дини ислом ва 2 дарсад ғайримиллӣ медонанд. 3 дарсад гуфтаанд, ки пуле барои ҷашн надоранд, 2 дарсади дигар сабабҳои гуногун оварда ва танҳо 7 дарсад гуфтаанд, ки дар посух ба ин суол оҷизӣ мекашанд.
Қаҳрамон Бақозода, мудири Маркази пажӯҳишҳои сотсиологии «Зеркало» рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин назарсанҷӣ дар ҳамаи шаҳру вилоятҳои вилоятҳои Тоҷикистон аз 12 то 21 декабри соли равон ҷараён ёфтааст: «Мо мехостем, ошкор кунем, ки дар баробари он ҳама андешаҳои нав мардум чӣ назар дорад? Коршиносону дигар қишрҳои пешрафтаи ҷамъият ду андешаро мегӯянд, ки соли навро ҷашн гирем ва нагирем? Мо хостем, фаҳмем, ки аҳолӣ ба ин чӣ назар дорад-»
Натоиҷи назарсанҷии "Зеркало" дар ҳоле нашр мешаванд, ки имсол дар бисёре аз мактабҳои миёна ба далели "халал расонданаш ба раванди таҳсил" ва ҳатто "қоидаҳои зиддисӯхтор" ҷашни соли навро барпо намекунанд ва сарони бархе аз мактабҳо гуфтаанд, иди имсоларо бе Бобои барфиву Барфак ва арчаи солинавӣ хоҳанд гузаронд.
Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, ки дар гузашта барномаҳои бошукӯҳи солинавӣ баргузор мекарданд, гуфтаанд, ки имсол ин барномаҳо бе Бобои барфӣ ва Барфак ҷараён хоҳанд гирифт. Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфтааст, ин рамзҳои Соли нав хоси меъёрҳову арзишҳои фарҳангии мардуми тоҷик нестанд.
Зоҳиран, ин ҳама як навъ оштиҷӯие бо мухолифони таҷлил аз соли нав буд, ки як сол пеш дар расонаҳо ба авҷи худ расид. Ҳарчанд ибтидо ин баҳс оҳанги маҳзабӣ дошт, ахиран миллигароён онро бештар ба парчам табдил додаанд. Бархе аз онҳо, суқути ин анъанаи замони Шӯравиро роҳе барои бозгашт ба асли миллӣ мешуморанд.
Нависанда Қодири Рустам мегӯяд, «се бозгашти форсӣ» - алифбо, номи забон, яъне форсӣ ва тақвим барои тақвияти як давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон муҳиманд. Вай афзуд, соли нави масеҳӣ як иди расмист, на мардумӣ, чун давлат онро таҷлил мекунад ва мардум аз пайи давлати худ меравад: «Мардум аз ин хотир ҷашн мегиранд, на барои он, ки масеҳӣ аст, ё мусалмонӣ. Ҳоло агар давлат қарор кунад, ки соли нав аз Наврӯз ҳисоб карда шавад, мебинед, ки ҳамин 80 дарсади мардум аслан ба соли нави 1- уми январ таваҷҷӯҳ намекунанд. Аммо азбаски саршавии соли нави расмии кишвар аст, як марҳилаи ҷамъбасти натиҷаҳои як сол аст ва оғози соли дигар, хо- нохоҳ ҷашн мегиранд. Ин ҷо аслан мавзӯъи масеҳият ва ғайриисломӣ будани Соли нав матраҳ нест. Ин чизе берун аз ин фаҳмиш аст.»
Дар ҳамин ҳол, профессор Иброҳим Усмонов мегӯяд, бозгашт ба тақвими форсӣ ғайривоқеист, чун тоҷикон ҳеҷ гоҳ мафҳумеро ба монанди «соли нав» кор намебурданд, ҳатто дар замони манғитиҳо солро аз рӯи ҳукмронии амир ҳисоб мекарданд, масалан, мегуфтанд, «соли даҳуми ҳукмронии Амир Музаффархон». Вай афзуд: «Кӣ ва кадоме аз донишмандони мо, ки бо таърих ва адабиёт машғул аст, метавонад олим ё шоиреро мисол орад, ки гуфта бошад, рӯзи Наврӯз фалон соли нав шурӯъ шуд? Кӣ гуфтааст? Аз куҷо ёфта хонем? Дар паҳлуи соли наве, ки мо зиндашавии табиатро ҷашн мекунем, доштани як соли нави расмӣ ва иҷтимоӣ ҳам зарур аст. Соли наве, ки ба туфайли паҳлавиҳо омад, дар мо – тоҷикҳо - набуд. Мо, ки бо ҷомиаи ҷаҳонӣ будан мехоҳем, ҷашн гирифтани соли нав бар зарари манфиати миллии мо буда наметавонад.»
Тағйири бархӯрд ба идҳои замони шӯравӣ, аз ҷумла соли нави мелодӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад. Соли 2005 дар Узбакистон ва чаҳор сол баъдаш дар Туркманистон бо шукуҳи қаблӣ ҷашн гирифтани соли нави милодӣ мамнӯъ шуд. Бо такя ба натиҷаҳои назархоҳии маркази пажӯҳишҳои «Зеркало», метавон ҳадс зад, ки ин ид дар Тоҷикистон низ солтосол шукӯҳи қаблиашро аз даст додан мегирад.