Зеленский "Тарҳи пирӯзӣ"-ро ба аврупоиҳо пешниҳод кард

Раиси ҷумҳури Украина ва нахуствазири Италия.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар мулоқот бо раҳбарони Бритониё, Фаронса, Италия ва ҳамчунин раиси нави НАТО тарҳи "пирӯзӣ" дар ҷанг бо Русияро пешниҳод кард ва хостори иҷозаи истифода аз мушакҳои дурпарвози кишварҳои ғарбӣ алайҳи аҳдофе дар хоки Русия шуд.

Зеленский рӯзи 10-уми октябр пас аз Лондон ва Порис раҳсипори Италия шуд ва бо нахуствазири он кишвар Гиоргиа Мелони дидор ва гуфтугӯ кард.

Раиси ҷумҳури Украина гуфтугӯҳои худ бо сарвазири Италияро "созанда" хонд ва дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки "тарҳи пирӯзӣ"-и худро ба ӯ ироа кардааст.

Ӯ ҳамчунин аз кӯмакаҳои амниятии Италия ба Украина, "ба вижа системаҳои дифои ҳавоӣ, ки ҷони инсонҳоро дар шаҳрҳо ва рустоҳо наҷот медиҳад", қадрдонӣ кард ва гуфт, бо ӯ дар мавриди таҳияи як бастаи амниятии нав низ гуфтугӯ кардааст.

Владимир Зеленский пеш аз сафар ба Италия, дар Порис ва Лондон ба раҳбарони Фаронса ва Бритониё ва ҳамчунин раиси нави НАТО дидор ва гуфтугӯ карда буд.

Ӯ дар чанд навишта дар шабакаи иҷтимоии Х эълон кард, ки дар ин дидорҳо "ҷузъиёт"-и тарҳи пешниҳодии худ барои пирӯзӣ бар нерӯҳои русиро ба онҳо пешниҳод кардааст. Зеленский бидуни ишора ба ҷузъиёт танҳо гуфт, ки ӯ ва ин мақомҳо ба созиш расиданд, ки дар бораи ин тарҳ бо якдигар кор кунанд.

Ӯ ҳамчунин ба баҳс дар бораи ҳамкориҳои Украина бо кишварҳои хориҷ аз паймони НАТО ва тақвияти низомии бештари Киев ишора кард ва гуфт, "ин гомҳо беҳтарин шароитро барои барқарории сулҳи одилона фароҳам хоҳад кард".

Раиси ҷумҳури Украина дар ҷараёни сафари аврупоии худ ҳамчунин бори дигар ба иҷозаи истифодаи кишвараш аз аслиҳаи дурбурди ғарбӣ барои ҳамла ба умқи хоки Русия таъкид кард.

Фаронса гуфтааст, ки Украина бояд иҷозаи истифода аз ин аслиҳаро дошта бошад. Бо ин ҳол, Амрико ва Бритониё барои худдорӣ аз афзоиши даргириҳо, то кунун иҷозаи истифода аз ин гуна силоҳҳои сохти худро ба Киев надодаанд.

Марк Руттер, раиси нави НАТО низ таъйид кард, ки дар мулоқот бо Зеленский масъалаи иҷозаи истифода аз силоҳҳои дурбурди ғарбӣ матраҳ шудааст.

"Мо имрӯз дар ин бора сӯҳбат кардем. Аммо дар ниҳоят ҳар яке аз муттаҳидон ба сурати алоҳида дар ин маврид тасмим мегиранд",-гуфтааст Марк Руттер.

Ин дар ҳоле аст, ки сухангӯи нахуствазири Бритониё эълон кардааст, ки мавзеи Лондон дар бораи истифода аз мушакҳои дурбурд тағйир накардааст.

Русия пеш аз ин гуфта буд, ки дар сурати иҷозаи кишварҳои ғарбӣ ба Украина барои истифода аз мушакҳои худ барои ҳамла ба хоки Русия, ба ин иқдом вокуниш нишон хоҳад дод.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, моҳи гузашта эълон кард, ки чунин тасмиме ба маънои он аст, ки кишварҳои НАТО ба таври мустақим бо Русия дар ҳоли ҷанг ҳастанд ва "моҳияти ин даргирӣ ба таври куллӣ тағйир хоҳад кард".

Эмануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса рӯзи 10-уми октябр дар дидор бо Зеленский гуфт, ки Фаронса кӯмакҳои низомӣ ва молии худро ба Украина идома хоҳад дод.

Владимир Зеленский эълон кардааст, ки ҷанг бо Русия бо наздик шудан ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико ва ҳамчунин фаро расдани зимистон дар Украина дар як нуқтаи бӯҳронӣ қарор дордад.

Амрико то кунун аслитарин ҳомии Украина ва бузургтарин таъминкунандаи кӯмакҳои молӣ ва низомӣ будааст. Аммо пирӯзии эҳтимолии Доналд Трамп дар интихобот, метавонад шаку шубҳаҳоеро дар бораи идомаи ҳимояти Вашингтон аз Киев эҷод кунад.