Зеленский: Дар сурати қатъи кӯмакҳои Амрико ҷангро хоҳем бохт

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, ки агар Амрико кӯмакҳои низомии худ ба Киевро қатъ кунад, Украина ҷангро бо Русия хоҳад бохт.

Ҳамзамон Русия низ дар вокуниш ба истифодаи Киев аз мушакҳои дурбурди амрикоӣ, гуфт, ки интиқом мегирад.

Раиси ҷумҳури Украина рӯзи 19-уми ноябр ба шабакаи телевизионии Fox News изҳор дошт, "агар онҳо кӯмакҳои низомиро қатъ кунанд, фикр мекунам, ки мо хоҳем бохт".

Вай афзуд, "мо хоҳем ҷангид. Мо ҳам тавлидоти худамонро дорем, аммо барои пирӯзӣ басанда нест. Ва фикр мекунам, барои наҷоти худамон ҳам басанда нест".

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико нисбат ба дурустии тасмими ҳукумати Ҷо Байден барои фароҳам овардани миллиардҳо доллар кӯмак ба Украина дар баробари ҳамлаи низомии Русия, шакку гумонҳо дорад.

Дар рӯзҳои гузашта низ муттаҳидони Доналд Трамп аз ин, ки Байден ба Украина иҷоза додааст, то аз мушакҳои дурбурди амрикоӣ барои ҳамла ба хоки Русия истифода кунад, ба шиддат интиқод карда, ӯро муттаҳам сохтаанд, ки вазъро хатарноктар кардааст.

Зеленский ба Fox News гуфт, ки "иттиҳод байни Украина ва Амрико аз ҳар чизе муҳимтар аст".

Вай афзуд, ки Трамп метавонад бо истифода аз нуфузи худ Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро водор ба поёни ҷанг кунад, "зеро, ки ӯ ба маротиб қудратмандтар аз Путин аст".

Раиси ҷумҳури Украина афзуд, ки Путин "мумкин аст, ки майле ба поёни ҷанг дошта бошад, аммо ин масъала бештар аз ҳар чизе ба Амрико бастагӣ дорад. Путин заъифтар аз Амрикост".

Доналд Трамп пеш аз пирӯзӣ дар интихоботи президентии Амрико гуфта буд, ки ӯ метавонад ҷанги Украинаро давоми 24 соат поён диҳад.

Украина нигарон аст, ки бо таваҷҷуҳ ба пирӯзиҳои Русия дар ҷанг, ҳангоми гуфтугӯҳо барои сулҳ, дар мавқифи заифтаре қарор дошта бошад.

Тибқи гузоришҳо, артиши Украина рӯзи сешанбе ҳамзамон бо ҳазорумин рӯзи ин ҷанг, барои нахустин бор аз мушакҳои дурбурди амрикоӣ истифода кард.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар вокуниш гуфт, ки ин ҳамлаҳо нишон дод, ки кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд ба ин ҷанг доман бизананд.

Вазири корҳои хориҷии Русия, ки барои иштирок дар нишасти сарони "Гурӯҳи 2о" ба Бразилия сафар карда буд, дар ҳошияи ин ҷаласа ба хабарнигорон гуфт, "мо инро ба унвони марҳилаи наве аз ҷанги Ғарб алайҳи Русия дар назар хоҳем гирифт. Ва ба ҳамин тартиб, ба он вокуниш нишон хоҳем дод".

Маскав мегӯяд, Украина дар ҳамлаҳои худ ба минтақаи Брянск дар ҷануб-ғарби Русия аз шаш мушак, ки Амрико дар ихтиёри Украина қарор дод, истифода кардааст.

Баёнияи Вазорати дифои Русия дар рӯзи 19-уми ноябр афзуд, ки системаи зиддиҳавоии ин кишвар панҷто аз ин мушакҳоро раҳгирӣ ва аз байн бурд ва ба як мушаки дигар осеб ворид кард.