Занҷонӣ ба пулшӯӣ ва фасод муттаҳам шуд

Рӯзи 3-юми октябр нахустин мурофиа додгоҳии тоҷир ва миллиардери эронӣ Бобаки Занҷонӣ баргузор шуд. Занҷонӣ ҳудуди ду сол қабл ба далели напардохтани қарзҳои вазорати нафти Эрон, боздошт шуда буд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии Бобаки Занҷонӣ рӯзи шанбеи 3 октябр дар шӯъбаи 15-уми Додгоҳи инқилоби исломии Теҳрон баргузор шуд. Ба гузориши хабаргузории "Мизон" аввалин ҷаласаи додгоҳ пас аз қироати 45 саҳифа поён ёфт. Бар пояи он Бобаки Занҷонӣ ба иттиҳомоте чун фасод филарз (фасод дар замин), пулшӯӣ, ҷаъли гуногуни кортҳои бонкӣ, ва ҳамчунин сохтакории санадҳо дар замони боздошт, айбдор мешавад.

Қазовати ин парванда ба ӯҳдаи қозӣ Абулқосим Салавотӣ аст. Нахустин ҷаласаи додгоҳ ба таври ошкор сурат гирифтааст. Ғулом Муҳсин Ажаӣ, сухангӯи додгоҳи Эрон қаблан гуфта буд, ки парвандаи Бобаки Занҷонӣ 209 ҷилд ва 40 ҳазор саҳифаро дар бар мегирад.

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ Бобаки Занҷонӣ ҳамагӣ як вакил дорад. Ин вакил ҳам шикоят кардааст, ки бинобар калон ва печида будани парванда натавонистааст, ки ҳама ҷилдҳои парвандаро мутолиа кунад. Дувумин ҷаласаи додгоҳи Бобакаи Занҷонӣ рӯзи якшанбе баргузор мешавад.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешавад.

Бо ин ҳама тибқи гузоришҳо, ӯ ба "бегуноҳ" будани худ таъкид намуда ва гуфтааст, ки ба унвони сарбоз ё басеҷии иқтисодӣ ба низом кӯмак кардааст.

Баррасии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар ҳоле оғоз шудааст, ки чанд рӯз қабл Ҳасани Деҳдаштӣ, як узви Кумитаи пайгирии парвандаи Бобаки Занҷонӣ дар парлумони Эрон бо ишора ба ин, ки шеваи сармоягузории Занҷонӣ дар кишварҳои хориҷӣ паҳлӯҳои мухталифе дорад, гуфт, ки "ба унвони мисол тайи маълумоте дар мавриди сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистон, ки аз дӯстони худ дарёфт кардаем, гуфта мешавад, ки Занҷонӣ аз 500 то 600 миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ва ҳамчунин бо афроди пурнуфузи ҳукумати Тоҷикистон робита дорад."

Ба гуфтаи вай, "ҳамчунин дар пайи маълумоти ба даст омада, гуфта мешавад, ки бисёре аз амволи бонки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ба номи Занҷонӣ нест ва шояд ин амвол ба номи бархе аз афроди бонуфузи давлати Тоҷикистон ва афроди савуми дигар бошад."

Узви парлумони Эрон дар идома ба шеваи ба даст овардани маълумот аз амволи Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки "интизор доштем дар мавриди сармоягузории Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон системаҳои иттилоотӣ ва амнияти фаъол шаванд, аммо замоне дидем, ки фаъолияте вуҷуд надорад, дӯстони худро дар заминаи мазкур фаъол кардем, то бираванд ва иттилоот дар бораи сармоягузории Занҷонӣ дар Тоҷикистонро ба даст биёранд, ки ин иқдом анҷом шуд ва пас аз касби иттилоот, маълумоти мазкурро ба қувваи қазоия ироа кардем."

Қаблан ҳам бархе аз мақомоти эронӣ иддоа карда буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.