Занҷонӣ: "Ҳамин ҳоло 22 миллиард евро пули нақд дорам"

Бобаки Занҷонӣ дар мурофиаи додгоҳӣ.

Бобаки Занҷонӣ рӯзи сешанбе дар ҳафтумин нишасти додгоҳии худ дар эътироз ба қимати дарназаргирифташуда аз сӯи додситонӣ барои амволаш дар дохили Эрон гуфтааст, ки "22 миллиард евро пули нақд" дорад.

Хабаргузории эронии "Форс" мегӯяд, ки Бобаки Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ рӯзи 10-уми ноябр дар ҳафтумин ҷаласаи додгоҳии худ дар эътироз ба коршиносони додситонӣ гуфтааст, ки ӯ дар дохили кишвар 22 миллиард евро пули нақд дорад.

Бобаки Занҷонӣ гуфтааст, ки "мехостам рӯзи охири додгоҳ ин мавзӯъро бигӯям, аммо чун маҷбурам кардед, мегӯям, ки ман ҳамин ҳоло 22 миллиард евро пули нақд дорам". Вай дар идома гуфтааст, ки "албатта қарор буд, рӯзи охири додгоҳ ва замоне, ки оқоён мегӯянд Занҷонӣ ҳеҷ пуле надорад, ин матлабро баён кунам."

Бобаки Занҷонӣ сабаби хориҷ кардани бархе аз амволаш, аз ҷумла ангуштарӣ, соат, чаҳор мошин ва ду моторсикл аз феҳристи радди мол гуфт, "дӯст надорам мошинамро Зангана (вазири нафти Эрон) савор шавад ва ба вазорати нафт бирасад. Ин амволро оташ бизанед, аммо ба вазорати нафт надиҳед."

Вай ҳамчунин эълом кардааст, ки бинобар таҳримҳо, бархе аз амволи худро дар хориҷ аз Эрон ба шахсе бо номи Ҳ.Ш.М мунтақил кардааст. Бобаки Занҷонӣ шарҳи бештар дар бораи ба гуфтаи ӯ "22 миллиард евро пули нақд"-и худ надодааст.

Амир Аббос Султонӣ, узви комиссияи энержии парлумони Эрон чанд рӯз қабл бо ишора ба навори суханони пешини Бобаки Занҷонӣ дар ин комиссия гуфта буд, ки ӯ "25 миллиар евро" дар "бонкҳои Ҷопон пасандоз карда" ва агар қасди пардохти қарзҳои худ ба вазорати нафтро дошт, то кунун пардохт карда буд. Мақомоти вазорати нафти Эрон низ борҳо Бобаки Занҷониро муттаҳам кардаанд, ки бо матраҳ кардани иддаоҳое дар бораи дороиҳои худ, қасди "фиреб додан"-и додгоҳро дорад.

Бобак Занҷонӣ аз сармоядорони вобаста ба Ҷумҳурии Исломӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст, гуфта мешавад барои дур задани таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Эрон, бо вазорати нафт барои фурӯши нафт ва интиқлоли пули он ба дохили Эрон ҳамкорӣ мекард ва дар декабри соли 2013 ба иттиҳоми напардохтани қарзҳои худ боздошт шуд. Қарзҳои Бобаки Занҷонӣ дар назди Вазорати нафти Эрон 2,5 миллиард доллар гуфта мешуд.

Қаблан ҳам бархе аз мақомоти эронӣ иддоа карда буданд, ки Занҷонӣ дар ин занҷираи сирқати пули нафти Ҷумҳурии Исломӣ аз ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон ҳам истифода бурдааст. Гуфта мешавад, ин 2,5 миллиард доллари интиқолдодаи ӯ маҳз дар Душанбе гум шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ибтидо ин иддаоро ҳамеша рад карда ва ҳатто гуфтаанд, Бобак Занҷонӣ дар Тоҷикистон чизе надорад. Ҳатто ин иддао садо дод, ки ӯ ҳамаи дороиҳои худ дар Тоҷикистонро ба як сармоягузорӣ турк фурӯхтааст.

Як силсила ширкатҳои бинокорӣ, нақлиётӣ, сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳолдинги “Kont group Tajikistan”, ширкатҳои “Коntgroup investment”, “Asian Express Terminal”, “Asian Express Airline” ва “Kont tourism Tajikistan” ба Бобак Занҷонӣ нисбат дода мешаванд ва дар расми ифтитоҳи бархе аз онҳо ӯ ҳамроҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок кардааст.