Вазири дифои Амрико Ллойд Остин дар гуфтугӯ бо ҳамтои исроилии худ таъкид кардааст, ки ҳамлаи ниманизомиёни ҳамсу бо Эрон ба ин пойгоҳ "ҳамлаи хатарноке" буд. Ӯ дар ин гуфтугӯ, ба "нақши бесуботкунандаи Эрон" дар минтақа ишора кардааст.
Мақомҳои амрикоӣ таъкид кардаанд, ки шоми душанбе пойгоҳи ҳавоии Айн-ул-Асад дар вилояти Анбор дар ғарби Ироқ мушакборон шуд ва бар асари он чанд сарбози амрикоӣ захмӣ шуданд.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз бархе мақомҳои амрикоӣ шумори захмиёнро панҷ нафар гузориш карда ва ҷароҳати яке аз онҳоро вазнин гуфтаасаст.
Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ба нақл аз мақомҳои Ироқ навишт, ки ду мушаки навъи "Катюша" дар дохили пойгоҳ суқут кардаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" гузориш додааст, ки мушаки дигаре низ дар як деҳаи наздики ин пойгоҳ фуруд омад, аммо хисороте дар пай надоштааст.
Ба гуфтаи мақомҳои Вазорати дифои Амрико, арзёбии хисорот дар Айн-ул-Асад идома дорад ва маълумоти бештар баъдан ироа хоҳад шуд.
Пас аз ҳамлаи шоми душанбе, хабаргузории ИРНА ва бархе дигар аз расонаҳои Эрон иддао карданд, ки субҳи сешанбе "ҳамлаи дувум" ба Айн-ул-Асад сурат гирифт, аммо ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", мақомҳои амрикоӣ бо ишора ба ин, ки гузоришҳоро баррасӣ карданд, вуқӯи ҳамлаи дувумро рад намуданд.
Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаи мушакии шоми душанберо ба ӯҳда нагирифтааст ва ба навиштаи "Рейтерз", маълум нест, ки оё партоби ин мушакҳо рабте ба таҳдиди Эрон алайҳи Исроил ба хотири кушта шудани Исмоил Ҳания дорад ё не.
Ҳафтаи гузашта Амрико аз ҳамла ба пойгоҳҳои ниманизомиёни мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ хабар дод ва бархе манбаъҳои ироқӣ шумори кушташудаҳои ин ҳамларо чаҳор нафар гузориш дода буданд.
ИМА гуфта буд, ниманизомиёне, ки ҳадаф қарор гирифтанд, барои партоби паҳбод омодагӣ медиданд ва таҳдиде алайҳи нерӯҳои амрикоӣ ва эътилофи байналмилалӣ буданд.
Пас аз нашри гузоришҳо дар бораи захмӣ шудани нерӯҳои амрикоӣ дар пойгоҳи Айн-ул-Асад, Кохи Сафед аз баргузории нишасти президент Ҷо Байден ва муовинаш бо тими амниятӣ хабар дод.
Ҷо Байден дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, ки дар ин ҷаласа дар бораи чораҳои Вашингтон барои дифоъ аз нерӯҳои амрикоӣ ва посух ба ҳар гуна ҳамла алайҳи онҳо "ба равиш ва маконе, ки худ интихоб мекунад", гуфтугӯ шуд.
Бинобар гузоришҳо, тими амниятии давлати Ҷо Байден дар ин ҷаласа, ки дар "утоқи вазъият" баргузор шуд, президент ва муовини ӯро дар ҷараёни охирин таҳаввулоти вобаста ба "таҳдидҳои Эрон ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояти он" ва ҳамчунин талошҳо барои коҳиши танишҳо қарор доданд.
Ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи "Айн-ул-Асад ҳамзамон бо авҷ гирифтани танишҳо ва нигарониҳо аз густариши даргириҳо дар Ховари Миёна рӯй додааст.
Партоби мушак ба тарафи пойгоҳи Айн-ул-Асад дар оғози ҷанги Ғазза батакрор рух медод, аммо дар моҳҳои ахир то ҳадди зиёде мутаваққиф шуда буд.
Дар пайи кушта шудани Фуод Шукр, аз фармондеҳони баландпояи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон дар ҷануби Бейрут ва террори Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии "Ҳамос" дар Теҳрон, мақомоти Эрон ва дабири кулли "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон таҳдид кардаанд, ки интиқом аз Исроил қатъӣ аст.
Исроил масъулияти куштани Фуод Шукрро ба ӯҳда гирифта ва даст доштан дар куштани Исмоил Ҳанияро ба таври расмӣ таъйид ё рад накардааст.