Ҳарду изҳорот баъд аз дахолати Мария Захарова ба латукӯби як хонанда ҳангоми дарси забони русӣ дар мактаби рақами 188 дар шаҳри Тошканд садо дод.
Дар он ҳодиса хонанда аз омӯзгор хостааст, дарсро бо забони русӣ гузарад, на узбекӣ. Навори ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Дар он дида мешавад, ки омӯзгор чанд дафъа ба рӯйи хонанда зада, ба сӯяш дод гуфтаву таҳқир кардааст. Мария Захарова гуфта буд, дар ин маврид аз Узбекистон шарҳи расмӣ хостанд.
Расул Кушербоев, мушовири вазири экологияи Узбекистон, мегӯяд, Тошканд ҳаргиз ба кори мактабҳои Русия дахл накардааст, чунки ин масъала умури хос ва дохилии Маскав аст. Ин ки намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захаров талаб кардааст, ҳодисае дар мактаби Тошканд таҳқиқ шавад, ба гуфтаи ин мансабдор, ҳодисае нест, ки ба он бояд чашм пӯшид.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як масъули порлумони Узбекистон аз ВКХ-и Русия хост, "мушкили худро ҳал кунанд"Ӯ афзудааст, бар пояи қонуне, ки чанде пеш қабул шуд, фурсати он расидааст, ки Захароваро “ба рӯйхати он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ворид кунанд, ки ҳузури онҳо дар Узбекистон номатлуб дониста мешавад”. Кушербоев гуфт, мутмаин аст, ки Мария Захарова бояд аввал шуда ба ин рӯйхати сиёҳ ворид гардад. Бо ин роҳ, ба қавли ӯ, “Захарова мефаҳмад, ки изҳороти таҳқиромез ва нажодпарастонааш беҷавоб намемонад”.
“Дареғ, ин бори аввал нест, ки Захарова ба умури дохилии дигар кишвару миллатҳо дахолат мекунад. Илова ба ин, чанде пеш хонум Захарова, вақте гапҳои як сиёсатмадори русро дар бораи эҳтимоли ҳуҷум ба Украина шарҳ медод, дар бораи Узбекистон баъзе гапҳои таҳқиркунанда ба забон овард,” – шарҳ дод Расул Кушербоев.
Бино ба хабарҳои охир, омӯзгори мактаби рақами 188-и шаҳри Тошканд, ки дар дарси забони русӣ як хонандаро латукӯб карда буд, ҷарима шудааст. Хабаргузории "Газета.uz" иттилоъ дод, ки мудири мактаб низ аз мақомаш барканор гашт.
Зан дар додгоҳ гуноҳро қисман ба гардан гирифтааст. Ӯро ба "таҳқир" ва "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" гунаҳкор донистаанд. Додгоҳ омӯзгорро муодили 534 доллари амрикоӣ ҷарима кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳодиса рӯзи 23-юми сентябр дар дарси забони русӣ дар мактаби рақами 188-и Тошканд рӯй дод. Муаллима писареро, ки аз ӯ хост дарси забони русиро ба русӣ гузаронад, латукӯб кардааст. Ба ин ҳодиса дар Кремл таваҷҷӯҳ карданд ва Мария Захарова талаб кард, ки ҳодиса шарҳ дода шавад ва гуфт, он зери назари Маскав мебошад.
Чанд мақом дар Узбекистон ба ӯ гуфтанд, ба умури дохилии ин кишвар дахолат накунад. Хабаргузории русии ТАСС навишт, ки рӯзи 27-уми сентябр раҳбарони вазоратҳои умури хориҷии Русия ва Узбекистон – Сергей Лавров ва Бахтиёр Саидов – дар ҳошияи Маҷмаи кулли СММ дар Ню-Йорк мулоқот карданд. Саидов бе зикри мавзӯи гуфтугӯҳо, навишт, ки ҷонибҳо пойбанд буданашонро ба асли адами дахолат ба кори кишварҳои ҳамдигар таъкид намуданд.