«Ҳамааш нағз мешавад, ман пора нагирифтаам». Ин аввалин ва охирин суханони вакили дифоъ Шӯҳрат Қудратов ба хабарнигорон пас аз боздошташ буд.
Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов дар ҳоле, ки аз бинои «Соҳибкорбонк» дар ҳалқаи кормандони Оҷонсии зидди фасод берун мешуд, зоҳиран рӯҳияи хуб дошт. Аммо ӯ аз ин бештар натавонист сӯҳбат кунад, зеро пас аз гуфтани ин ҷумла саросемавор ӯро ба дохили мошини сиёҳшиша ворид намуданд ва бурданд. Муфаттишони Оҷонсӣ ӯро ба ин ҷо барои кофтукоби коргоҳи муваққатиаш дар дар маҳаллаи 8-уми марти шаҳри Душанбе оварда буданд.
Исҳоқ Табаров, ҳамкасби дигари Қудратов, ки ҳамроҳ бо ӯ аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов дифоъ мекарду акнун ба вакили дифои ҳамкасби боздоштшудааш табдил ёфтааст, баръакси Қудратов хаста намудор мешуд ва гуфт, ҳоло иттилое барои рӯзноманигорон надорад.
Кормандони Оҷонсӣ ҳам аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ карданд ва дар ҳоли ҳозир изҳороти кӯтоҳи Қудратов, аз «пора нагирифтан» сӯҳбат кард, тазодеро ба миён овардааст. Зеро дар оғоз масъулони Оҷонсӣ ӯро тибқи моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ, яъне пора додан ба як додраси то ҳанӯз исмаш номаълум гумонбар дониста буданд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ, муфаттишон баъди кофтукоб компутарҳо ва тамоми асноди мавҷуда дар он ҳуҷраро бо худ бурдаанд. Ба гуфтаи як манбаъ, аснодеро ҳам, ки ба парвандаҳои дигари Зайд Саидов дахл дошту рабте ба Шӯҳрат Қудратов намегирифт, бурдаанд.
Боздошти Шӯҳрат Қудратов, ки соати 11-и имрӯз, 19-уми июл сурат гирифт ва он ҳам аз тарафи Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, бисёриҳоро дафъатан ба ёди парвандаи вазири пешини саноат ва соҳибкори муваффақ Зайд Саидов андохт, ки низ тарафи ин ниҳод боздошт ва бар пояи тафтишоти он дертар ба 26 соли ҳабс маҳкум шуда буд. Ва ҳамчунин як вакили дигари Сайидов -- Фахриддин Зокиров низ аз тарафи ин оҷонсӣ бо иттиҳоми барнагардондани воми бонкӣ зиндонӣ шуд.
Бо зикри ин нуктаҳо даҳҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти Шӯҳрат Қудратовро ба парвандаи Зайд Саидов марбут донистанд. Чанд моҳ пеш ин борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри акси фарзандонаш ва паёмҳои таҳдидомез ба телефони ҳамроҳаш ба ӯ ҳушдор дода буданд, ки аз тундравӣ дар ҳимояи Зайд Саидов даст кашад. Акнун ба ин ҳам ишора мешавад, ки Қудратов узви раёсати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз ҳизбҳои мухолифи давлат аст.
Раҳматулло Зоиров, раҳбари ин ҳизб гуфт, боздошти Қудратов ангезаи сиёсӣ дорад: "Ин, албатта, ангезаи сиёсӣ надошта наметавонад. Шӯҳрат Қудратов яке аз баҷуръаттарин адвокатҳое буд, ки ҳама чизро бе ягон тарсу ҳарос, озодона изҳори ақида мекард. Ӯ яке аз адвокатҳои аз ҷиҳати сиёсӣ устувори Тоҷикистон буд. Мо хеле боз хафв доштем ва маълумотҳое ҳам мерасид, ки мақомот чанд вақт боз дар пайи интиқом аз ӯ буданд, лекин ягон асос надоштанд."
Ба ақидаи Раҳматуллоҳ Зоиров, шаҳодати як додрас таркиби ҷиноят шуда наметавонад, балки "пораро фақат вақти додану гирифтан метавон исбот кард. Дар ғайри он, ин табиати пурра провокатсионӣ ва сиёсӣ дорад."
Шӯҳрат Қудратов аз вакилони шинохтаи тоҷик аст, ки дар чандин парвандаи пурсарусадо аз ҷумла аз вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон Ёқуб Салимов, вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва Диловаршо Қосимов - гумонбари асосӣ дар қатли Холмӯъмин Сафаров, раиси идораи ҷангал ва язнаи президенти Тоҷикистон ва Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати сохтмонии "Мовароуннаҳр" ҳимоят кардааст.
Оҷонсӣ тасдиқ кард
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон қаблан боздошти Шӯҳрат Қудратов - яке аз вакилони дифои соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидовро тасдиқ кард. Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ин вакили мудофеи Зайд Саидов ба додани пора ба як додрас гумонбар дониста мешавад.
Хабаргузории "Азия Плюс" аз қавли манбааш дар Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки алайҳи Шӯҳрат Қудратов тибқи моддаи 320-уми Кодекси ҷиноӣ (додани пора) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ: "Ӯ ба додрас як миқдори муайяни пулро ҳамчун пора пешниҳод кардааст. Дар ин бора ба мо худи додрас хабар дод." Ҳамсӯҳбати "Азия Плюс" ҳамчунин гуфтааст, ки изҳороти расмии Оҷонсӣ дар бораи боздошти Қудратов рӯзи 22 июл нашр хоҳад шуд.
Қаблан наздикони Зайд Саидов рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шӯҳрат Қудратовро тақрибан соати 12 кормандони Оҷонсии зидди фасод дастгир карданд.
Шӯҳрат Қудратов дар ҳафтаи гузашта дар як муроҷиатнома ба кишварҳои хориҷӣ ва сафоратҳову созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ хоста буд, то ба қазияи муваккили ӯ, ки инвалиди гурӯҳи дуюм аст ва вазъи саломатиаш дар зиндон вахимтар шудааст, таваҷҷӯҳ кунанд. Шӯҳрат Қудратов дар он муроҷиатнома, ки рӯзи 15 июл нашр шуд, парвандаҳои зидди Зайд Саидовро “сирф сиёсӣ” ва намунаи барҷастаи интиқомҷӯии мақомот аз нафаре, ки ба сохтани ҳизби сиёсӣ азм карда буд, ба қалам додааст. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди талошҳои зиёд мақомоти Тоҷикистон натавонистанд Саидовро бадном кунанд ва ӯ дар чашми бисёриҳо ҳамчунон бегуноҳ ва қурбонии таъқиботи сиёсӣ боқӣ монд.
Рӯзи 19 июн додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт даъвои Моҳира Бобораҷабова, яке аз онҳоеро ки Зайд Саидовро ба таҷовуз ба номусаш айбдор мекард ва аз адвокати ӯ Шӯҳрат Қудратов барои паст задани шаъну эътибораш 200 000 сомонӣ товон мехост, ба фоидаи ин зан ҳал кард. Шӯҳрат Қудратов ин ҳукмро интиқоми мақомот барои мавқеи оштинопазираш дар амри дифоъ аз Зайд Саидов номида буд.
Шӯҳрат Қудратов дуюмин вакили Зайд Саидов аст, ки аз ҷониби Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт мешавад.
Аз ин қабл, дар моҳи март Фахриддин Зокиров, вакили дигари Зайд Саидов бо иттиҳоми таъхир дар пардохти қарзи бонк низ аз тарафи Оҷонсии мубориза бо фасод боздошт шуда буд. Ду вакили дигари Зайд Саидов, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов, дар пайи боздошти ин ҳамкасби худ нишасти хабарӣ ташкил дода, изҳор доштанд, ки ӯро маҳз барои мавзеъгирии фаъолаш дар амри ҳимоят аз ин соҳибкор боздошт кардаанд. Фахриддин Зокиров то ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар боздошт аст ва ахиран бо қарори додгоҳ замони боздошти ӯро то 2 моҳи дигар тамдид карданд.
Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори муваффақ, моҳи майи соли 2013 баъди як моҳи эълони азмаш барои сохтани ҳизби сиёсие бо номи Тоҷикистони нав дастгир ва моҳи декабри солши 2013 бо ҷурмҳое, чун ришвахорӣ, сӯиистифода аз мақом ва таҷовуз ба номуси ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.