Ҷарима ва раҳоии ҳамсафони Зайд Саидов

Наздикон ва ҳаводорони Зайд Саидов дар назди боздошгоҳи муваққати КДАМ. 25-уми декабри соли 2013.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳамандешон ва наздикони Зайд Саидовро бо иттиҳоми сарпечӣ аз амри корманди милиса, 120 сомонӣ ҷарима кард.
Дар ҳоле, ки Мавҷуда Соҳибназарова ва Маҳмудҷон Қосимов --аъзои гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистон нав», ҳизбе ки Зайд Саидов таъсис додан мехост, ҷарима шуданд, номи ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова, коргардон Барзу Абдураззоқов, иқтисодишнос Ҳоҷимуҳаммад Умаров, хабарнигор Ҳумайрои Бахтиёр ва дигарон дар ин феҳрист аст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ёрону наздикони Зайд Саидовро ҷарима бастанд



Мавҷуда Соҳибназарова шоми 26-уми декабр ба радиои «Озодӣ» вақте, ки аз мурофеа берун шуд гуфт: «Мо ҳоло бо навбат вориди толори мурофиа шуда, ба суолҳои судя посух додем. Аллакай се нафари мо 120 сомонӣ ҷарима шуда аз мурофиа берун шудем». Додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо пешниҳоди сардори шӯъбаи корҳои дохилии ҳамин ноҳия парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии 8 нафар аз ҳаводорони Зайд Саидовро баррасӣ мекунад.

Дар таъиноти Давлатов С. сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рӯзи 26-уми декабр омадааст: «Арчаев Файзиддин дар назди маҳкамаи тафтишотии рақами №1-и Вазорати адлия .. ба хотири халал расонидан дар мурофеаи «Зайд Саидов» ва ноором сохтани вазъият бо ҳамроҳии Ойниҳол Бобоназарова, Барзу Абдураззоқов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Маҳмудҷон Қосимов, Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайрои Бахтиёр Саидмаҳбуб Латипов ҳамроҳ шуда ғайриқонунӣ аз соати 1 то 16 дар атрофии маҳкама ҷамъ шуда то ба анҷоми ёфтани мурофеаи маҳкумшуда Зайд Саидов… ҷои ҷамъшавии маслиҳатшудаашонро тарк накардааст».

Аммо Мавҷуда Соҳибназарова мегӯяд вай аз муҳтавои ин таъинот дар ҳайрат мондааст: «Ман бо нафароне, ки дар ин таъинот омадааст нав ошно шудам. Вале дар ин таъинот омдааст, ки гӯё мо бо маслиҳати пешакӣ дар назди боздоштгоҳ ҷамъ омадаем. Дар пулис ба ман гуфтанд, ки мо ҷамъ шуда гӯё ба бар «зидди давлат гап» задем».

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки дирӯз пас аз эълони ҳукми зерҳимояаш аз боздоштгоҳ мебаромад ва мушоҳида кард, ки Маҳмудҷон Қосимов дар канори роҳ истода бо рафиқаш суҳбат мекард: «Ӯ ягон ҳаракате, ки боиси кашонида шудан ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шавад, анҷом надодааст. Мо ҳам дар ҳайрат ҳастем, ки ба кадом хотир он кас ба шуъбаи корҳои дохилӣ ҷалб шуда, бозпурсӣ ва ҳабс шудаанд. Ғайр аз Қосимов, боз се нафар аз пайвандони муйсафеди Саидов низ мавриди бозпурсӣ ва ҳабс қарор гирфитанд».

Маҳмудҷон Қосимов, муовини раҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав дар таърихи 29-уми августи соли равон низ аз сӯи додгоҳи Исмоили Сомонӣ барои ташкили маъракаи флеш-моб ба пуштибони аз Зайд Саидов, ба панҷ шабонарӯз ҳабси маъмурӣ аз рӯи моддаи “майдаавбошӣ” гунаҳгор дониста шуда буд.

Мавҷуда Соҳибназарова.

Аз ин қабл ва ба дунболи эълони таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав, Мавҷуда Соҳибназарова чанд дафъа аз тариқи телефон ва дарёфти нома таҳдид шуда буд. Мавҷуда Соҳибназарова дар моҳи август бо ҷурми ширкат дар як флешмоб бо талаби раҳоии Зайд Саидов ба маблағи 280 сомонӣ ҷарима баста шуд. Додгоҳ ширкати ӯву ҳамсафонаш дар ин эътирозро бар асоси Кодекси маъмурӣ майдаавбошӣ ҳукм кард, чунки ба гуфтаи мақомоти пулис, онҳо бо сар додани пуфаку кабӯтарҳо аз боми маҷмаъи тиҷории “Пойтахт гӯё тартиботи ҷамъиятиро халалдор кардаанд.

Мавҷуда Соҳибназарова ба унвони хабарнигор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Радиои Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Баъдан дар вазорати маорифи Тоҷикистон, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ҳам фаъолият намуда, дар моҳи сентябр аз мақоми мудири бахши тиҷоратии маҷалла барои ҷавонони “Истиқбол” (Машъал”-и қаблӣ) канор рафт. Хонум Соҳибназарова он замон гуфт, ки на зери фишори масъулони маҷалла, балки бо хоҳиши худ тарки кор кардааст.