Ю.Абдусаломов: "Як пораи дилам дар Тоҷикистон мондааст"

Юсуф Абдусаломов

Варзишгари маъруф Юсуф Абдусаломов сармураббии дастаи мунтахаби гуштии тарзи озоди Лаҳистон таъин шуд.
“Дилам барои Тоҷикистон танг мешавад”,- ҳарфҳои гуштингири маъруфи доғистонӣ Юсуф Абдусаломов хеле самимӣ садо медиҳанд.

Ӯ зодаи рустои Ансалтаи Доғистон аст, рустое, ки чун рустоҳои Тоҷикистон дар канори кӯҳистон доман густурдааст. “Тоҷикистон ватани дувуми ман аст, дар ин ёздаҳ сол ба он дил бастам, дар он ҷо дӯстони зиёде дорам ва оё метавонам аз онҳо дил биканам?”-бо ҳамон оҳанг меафзояд Юсуф.

Аммо ӯ дигар парчами Тоҷикистонро болои сар намебардорад. Юсуф Абдусаломов аз ин баъд дар қувваозмоиҳои байналмилалӣ чун гуштигир ширкат нахоҳад кард. Акнун ӯ гуштигиронро тамрин хоҳад дод, то дар қувваозмоиҳои бузурги ҷаҳонӣ пирӯз шаванд. Аммо на гуштигирони тоҷик, балки гуштигирони лаҳистониро. Ин ҳафта Юсуф Абдусаломов, ки соли 2008 медали нуқраи бозиҳои олимпии Пекинро барои Тоҷикистони мустақил оварда буд, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Лаҳистон интихоб шуд. “Ман наметавонам якбора савори ду асп бошам, аз ин рӯ аз ин баъд худро пурра ба кори мураббигӣ мебахшам”,-мегӯяд Юсуф.

Юсуф Абдусаломов

Варзишгари маъруф чандин сол ба сабқатҳои бузурги ҷаҳониву қоравӣ, аз ҷумла, ба ду Олимпиадаи охир, дар Лаҳистон омодагӣ медид ва аз ин рӯ бо гуштигирону мураббиёни ин кишвар дӯсту ҳамдам шудааст. Юсуф Абдусаломов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз рӯзҳои Олимпиадаи Лондон раҳбари федератсияи гуштии озод ва масъулини вазорати варзиши Лаҳистон гӯшрас карда буданд, ки мехоҳанд дар оянда маҳз ӯ гуштигирони кишварро тамрин диҳад. Чун аз Варшава ба Юсуф занг зада дар бораи озмун хабар доданд, ӯ бидуни дудилагӣ ба он ҷо рафт ва аз миёни шаш довталаб, ки се нафарашон хориҷӣ буданд, ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби Лаҳистон пазируфта шуд.

Ба гуфтаи Юсуф, аз ӯ интизор доранд, ки бо таҷрибаи андӯхтааш рукуди бисёрсола дар бахши гуштии озоди Лаҳистонро аз байн мебарад: “Тайи солҳои охир, шояд ҳашт ё нӯҳ сол боз сатҳи гуштии озод дар Лаҳистон поин меравад. Онҳо мехоҳанд, ки сатҳи гуштиро боло баранд, мехоҳанд, ки гуштин дар кишвар анъанаҳои худро дошта бошад, гуштингирон соҳиби медалҳои сабқатҳо дар Аврупо ва дар ҷаҳон шаванд. Онҳо аз ман умеди зиёд доранд, ки метавонам гуштини озодро ба сатҳи боло барам, зеро ман мактаби гуштини Русияву Доғистонро гузаштаам ва мактаби гуштини озоди Доғистон беҳтарин дар олам маҳсуб мешавад.”

Юсуф Абдусаломов меафзояд, бо федератсияи гуштии озоди Лаҳистон барои чаҳор сол, яъне барои як давраи олимпӣ, қарордод имзо намуд, аммо охири ҳар сол, вобаста ба натоиҷи ба дастомада, ҷониби Лаҳистон қарордодро лағв ё тамдид хоҳад кард. Ба гуфтаи Юсуф, маоши ӯ ба меъёрҳои миёнаи аврупоӣ баробар аст ва дар сурати нишон додани натоиҷи баланд дар мусобиқоти ҷаҳониву аврупоӣ барои сармураббӣ мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Гуштигири маъруф иқрор мекунад, ки заҳмати сангин дар интизораш аст, зеро, аз як сӯ, дар Лаҳистон, дар қиёс бо Доғистон ё Тоҷикистон, гуштини тарзи озод оммавӣ нест ва дар ҳар шаҳр толорҳои гуштингирӣ бунёд нашудаанд ва аз сӯи дигар, маҷбур аст ҳар паҳлавонро дар алоҳидагӣ тамрин диҳад. Юсуф мегӯяд, нахустин имтиҳон барои ӯ қувваозмоиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба гуштии озод дар соли 2014 хоҳад шуд. Аз нигоҳи Юсуф, мақоми сармураббӣ барои ӯ ҳам шонс аст ва ҳам озмоиши тавону қудраташ. “Ман бояд пеш аз ҳама барои худам мушаххас кунам, ки ба чӣ кор қодир ҳастам”,-меафзояд Юсуф.

...Хоксор, шикастанафс, ҷавонмард...

Нарзуллоҳи Латиф

Онҳое, ки Юсуф Абдусаломовро мешиносанд, бештар ба ин сифатҳои гуштигир таъкид мекунанд. Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиш, ки дар чандин қувваозмоӣ, аз ҷумла, дар Олимпиадаи Пекин ҳамроҳ бо Юсуф буд, мегӯяд, гуштигири номӣ ситоишро дӯст намедорад, метавонад дили ҳар касро ба даст оварад ва ҳамчунин шикоят кардан ҳам барояш бегона аст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, вақте ки баъд аз Олимпиадаи Пекин ба Юсуф Абдусаломов хона надоданд, ӯ лаб ба шиква накушод ва ҳатто озурда шудан ё нашудани худро ҳам ошкор накард. Нарзулло меафзояд, ки Юсуф бо хоксориву ҷавонмардияш бештар ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Саидмӯъмин Раҳимовро ба ёд меоварад.

Маҳмуди Абдулло, корманди Кумитаи олимпии Тоҷикистон ва коршиноси масоили гуштин, низ қабл аз ҳама ба хислатҳои фурӯтаниву ҷавонмардии Юсуф таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, ки Юсуф барои Тоҷикистон хизмати бузург кардааст ва аммо на ҳама вақт подош мусовӣ ба хизматаш буд: “Баъд аз Олимпиадаи Пекин дар ҳузури раисиҷумҳур ба ӯ нишони давлатӣ супурданд ва сарпарастҳо ба ӯ мошин тақдим карданд. Аммо, фикр мекунам, барои касе, ки ҷоизаи Бозиҳои олимпиро овардааст, ин ҳама қадрдонӣ басанда нест. Мо варзишгаронеро, ки натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, бояд чун дар дигар кишварҳо қадрдонӣ кунем”. Дар акси ҳол, меафзояд мусоҳиби мо, дар кишвар нигаҳ доштани варзишгароне чун Юсуф душвор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдулло, Юсуф Абдусаломов интизор буд, ки масъулини варзиши Тоҷикистон ба ӯ мақоме, шояд мақоми сармураббии дастаи мунтахаби гуштини кишварро пешниҳод мекунанд. Бетаваҷҷуҳӣ, ҳадс мезанад коршинос, Юсуфро шояд рӯҳафтода ҳам кардааст. Худи Юсуф ҳам иқрор мекунад, ки мехост гуштингирони тоҷикро тамрин диҳад, аммо аз сӯи масъулини варзиши Тоҷикистон ишорае нашуд.

Маҳмуди Абдулло

Юсуф мегӯяд, дар Тоҷикистон ба варзиш кам аҳамият медиҳанд, ҳарчанд дар бораи таваҷҷуҳ ба он зиёд ҳарф мезананд. Ба гуфтаи ӯ, “дар кишвар иқтисод заиф аст ва он ҷое, ки рушди иқтисодӣ нест, равнақ додани варзиш душвор аст, зеро варзиши ҳирфаӣ масрафи зиёдро тақозо дорад. Аз ин рӯ, дар се Олимпиада, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ мекардам, бисёр вақт маҷбур будам барои хароҷоти сафар ва ширкат дар қувваозмоиҳо худам маблағ пайдо кунам. Тасаввур кунед, дар Бозиҳои олимпӣ на фақат тими гуштии озод, балки ҳама дастаи миллии Тоҷикистон ягон табиб надошт."

Як мушкили дигар, аз нигоҳи гуштигири маъруф, он аст, ки дар Тоҷикистон як низоми воҳиди омодасозии варзишгарон мавҷуд нест ва масъулини варзиш бештар ба тасодуф умед мебанданд. “Шахсиятҳои алоҳида, ҷавон ё духтари боистеъдод метавонад мустақилона ба комёбие ноил шавад, аммо система кор намекунад, ва аз ин рӯ масъулини варзиш ба он умед мебанданд, ки дар ҷое корашон омад мекунад, дар ҷое қуръапартоӣ ба нафъашон мешавад ва ё дар ҷое худи варзишгар бо истеъдоди баландаш пирӯзӣ ба даст меоварад”.

Ба гуфтаи Юсуф, дар Тоҷикистон гуштигирони боистеъдод хело зиёданд ва умедвор аст, ки чанд нафари онҳо, аз ҷумла, Искандари Рустам дар вазни 96 кило, метавонанд қуллаҳои баландро фатҳ кунанд. Юсуф иқрор мекунад, ки воқеан ҳам замони худоҳофизияш бо гуштӣ фаро расидааст, зеро ӯ 35 сол дорад ва баъд аз ҷароҳати вазнини зону ва амалиёти ҷарроҳӣ дар шаҳри Ливеркузени Олмон дар сатҳи қаблӣ ҳунарнамоӣ карданаш мушкил хоҳад буд.

Юсуф Абдусаломов барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар Бусани Кореяи Ҷанубӣ (соли 2002), қаҳрамони Осиё дар Ню-Деҳлии Ҳиндустон (2003), ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ дар Душанбе (2003), барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку (2007), барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (2008, 2012), барандаи медали нуқраи Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпӣ дар Пекин (2008), ғолиби мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Ҳелсинки (2012) мебошад.

Юсуф алҳол бо аҳли хонаводааш дар Махачқалъа аст. Ӯ мегӯяд, охири моҳ ба Лаҳистон меравад ва қарор аст, ки дар марҳалаи аввал дар шаҳри Бялогарди Лаҳистон, ки дар он ҷо беҳтарин бошгоҳи гуштии кишвар ҷойгир шудааст, ба сар барад. Ба тамрини варзишгарони лаҳистонӣ Юсуф моҳи апрел шурӯъ хоҳад кард, то он вақт тамринро сармураббии собиқ Марек Гармулевич идома хоҳад дод, зеро бар пояи қавонини Лаҳистон баъд аз тасмими ихроҷ корманд бояд се моҳи дигар дар мақомаш кор кунад. Юсуф меафзояд, ки масъулини варзиш ба ӯ дар шаҳри Варшава манзил ваъда кардаанд ва қарор аст баъд аз хатми соли таҳсил завҷаву фарзандонашро ба Лаҳистон барад. “Ман ба онҳо гуфтам, ки фақат рӯи тамрини гуштингирон бояд тамаркуз кунам, аз ин рӯ бояд хонаводаам ҳатман бо ман бошад”, мегӯяд Юсуф.

Юсуф мегӯяд, як пораи дилаш дар Тоҷикистон мондааст. Ва кӣ медонад, шояд рӯзе ба он ҷо баргардад, зеро медонад, ки ҳазорон дӯстдорони гуштин чашм ба роҳи Юсуфи гумкардаанд...