Овозхони машҳури Ӯзбакистон Юлдуз Усмонова дар як тӯйи арӯсӣ дар шаҳри Тошканд аз як ҷавони сархуш ҳангоми “пулчаспонӣ” торсакӣ хӯрдааст.
Шоҳидони айнии воқеа мегӯянд, як ҷавони 30-35-сола дар авҷи базми арӯсӣ дар тӯйхонаи “Osiyo Grand”-и ноҳияи Шайхонтохури шаҳри Тошканд шоми ҷумъаи 4-уми апрел ба овозхони шӯҳратманд Юлдуз Усмонова ҳамла кардааст.
Бино бар гуфтаи онҳо ин ҷавони сармаст ҳангоми рақс ба овозхон наздик шудаву ба гӯши ӯ чизе гуфтааст ва хостааст, ба овозхон пул тақдим кунад. Аммо Юлдуз аз гирифтани пули ӯ худдорӣ карда, дасти ҷавонро аз худ дур мекунад. Дар ҳамин лаҳза ҷавон ба рӯйи Юлдуз Усмонова торсакие мезанад, ки сабаб мешавад, овозхон ба фарш афтад. Вақте мутрибони гурӯҳи Юлдуз пеши роҳи ҷавонро мегиранд, чанд нафар ба онҳо дарафтода, ду навозандаро шадидан латукӯб кардаанд.
Дар ин бора шоҳидони воқеа ба бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар дода, ба воситаи шабакаи “WhatsApp” наворе фиристодаанд, ки дар он лаҳзаҳои пас аз моҷаро дида мешаванд.
Дар ин навори видеоӣ, ки бо телефони ҳамроҳ гирифта шудааст, Юлдуз Усмонова он ҷавонро танқид мекунад, ки ҳарчанд пул ёфта бошад ҳам, ахлоқу одоб наёфтааст, “фарбеҳиро гӯсфанд мебардорад” ва “касе ҳунармандро меранҷонад, Худо ӯро ҷазо хоҳад дод.”
Яке аз шоҳидони воқеа мегӯяд, ҷавони масте, ки ба рӯйи Юлдуз Усмонова торсакӣ зад, аз дӯстони бародари калонии домод буда, сари мизи кормандони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистонанд менишаст. Аммо як шоҳиди дигари моҷаро дар сӯҳбат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ мансубияти ин ҷавонро ба хадамоти амният рад кардааст.
Баъд аз моҷаро овозхон ва ҳамроҳонаш аз тӯйхона берун рафтаанд ва шарикони ҷавони сархуш ромишгарони гурӯҳи Юлдуз, аз ҷумла продюссери ӯ -- Шерзод Ҳакимовро латукӯб кардаанд. Ин шоҳид меафзояд, моҷаро ба қатъи базм сабаб нагашт, аммо 15-20 нафар аз дӯстони ҷавон ба онҳое дарафтоданд, ки тӯйро ба навор мегирифтанд. Онҳо ҳамаи видеоҳоеро, ки эҳтимолан лаҳзаи ҳамла ба Юлдуз Усмоноваро сабт карда буданд, мусодира намуданд.
Овозхон бошитоб ба мошине нишаста, тӯйхонаро тарк кард ва гуфта мешавад, ӯ ба шӯъбаи умури дохилӣ шикоят бурдааст. Аммо манобеи Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, он ҷавон ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Талошҳои ин бахш барои тамос бо Юлдуз Усмонова ва продюссери ӯ Шерзод Ҳакимов натиҷа надодаанд.
Дар Ӯзбакистон ва ҳамчунин дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, овозхон ва раққосаҳо аксаран дар тӯйҳо ба иллати он ки дар фосилаи дастрас қарор мегиранд, аз тарафи меҳмонони сархуш таҳқир мешаванд. Аммо моҷарои марбут ба Юлдуз Усмонова аз он лиҳоз низ таваҷҷӯҳро ба худ кашидааст, ки ҳунарнамоии ӯ дар Ӯзбакистон солҳои охир манъ буд. Вай ҳамагӣ соле пеш ба ватанаш баргашт ва пеш аз ин дар Туркия зиндагӣ мекард.
Аммо, бино бар хабарҳо, баъд аз ширкати ӯ дар як шабнишинии Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Ӯзбакистон, Ислом Каримов, Вазорати фарҳанги ин кишвар иҷозаи фаъолияти ҳунарии ӯро дубора бекор кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад