Тобути Уғулой Юлдошеваро 5 нафар хешовандони шавҳараш аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳри Турсунзода бурданд. Тавре Абдураҳим Қудратов, падарарӯсӣ Юлдошева дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тобутро Акмал Қудратов, шавҳари Уғулой ба Душанбе барои ба хоксупорӣ овардааст.
Абдураҳим Қудратов, падарарӯсӣ Уғулой ба суоли он ки "Чаро келинатон худкушӣ кардааст? посух дод, ки сабаби аслии ба худкушӣ даст задани келинашро дақиқан намедонад. Зеро асли қазияро писараш хубтар медонад. Аммо Абдураҳим Қудратов гуфт, аз рӯй шунидааш, келинаш худро аз 9-ум ошёна напартофтааст, балки афтидааст.
Вай гуфт: "Писарам ҳамроҳи келинам аз соли 2009 инҷониб дар Русия умр ба сар мебурданд. Онҳо соли 2009 хонадор шуда буданд. Пас аз тӯйяшон ба Русия рафтанд. Набераам ҳам дар ҳамон ҷо таваллуд шуда буд. Зиндагии писарам бо келинам бад набуд. Онҳо шикояте намекарданд. Намедонам чаро якбора чунин шудааст. Хайр, ин фалокат аст. Тақдир будааст. Вазъи равонии келинам ҳам хуб буд. Бемории рӯҳӣ ҳам набуд. Ҳоло ду писарам дар Маскав набераамро нигоҳбонӣ мекунанд. Вазъи набераам бад нест. Хуб аст мегӯянд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳарчанд Абдураҳим Қудратов шарҳи бештари қазияро ба писараш Акмал Қудратов вогузошт, аммо худи Акмал ҳангоми аз фурудгоҳ баровардани тобути Уғулой ҳузур надошт ва ба қавли пайвандонаш, аз толори интизорӣ рост ба шаҳри Турсунзода рафтааст.
Уғулой Юлдошева, зани 27-солаи тоҷик, ки панҷ соли охир дар Звенигороди вилояти Маскав зиндагӣ мекардааст, шоми 2-уми август худ ва писарчаи дусолаашро аз табақи 9-ум партофтааст. Уғулой Юлдошева дар макони ҳодиса ба ҳалокат расида, писарчаи дусолаи ӯ зинда мондааст, вале сахт маҷрӯҳ аст. Зан ҳангоми фурӯ афтодан, кӯдакро сахт дар оғӯш дошта, худ ба пушт афтодааст.
Модари ҷавон дар ғояти рашк худкушӣ кардааст
Ба ақидаи тоҷикони муқими Маскав, зани 27-солаи тоҷик дар заминаи рашк нисбати шавҳараш даст ба худкушӣ задааст. Масъулони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия дирӯз гуфтанд, ҷасади Уғулой Юлдошева, танҳо пас аз анҷоми экспертиза ё ташхиси тиббӣ - додгоҳӣ ба зодгоҳаш - Тоҷикистон интиқол хоҳад ёфт. Ин сокини 27-солаи шаҳри Турсунзода, рӯзи 2-юми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Звенигороди вилояти Маскав бо писари дусолааш худро аз ошёнаи 9 партофт, ки дар натиҷа худаш дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расида, писарчаи дусолааш Абӯбакр Қудратов бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба бемористон расонда шуд.
Муҳаммади Эгамзод, котиби якуми сафорати Тоҷикистон дар Маскав, рӯзи душанбеи 4-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаи худкушии Уғулой Юлдошева, мояи нигаронии амиқи сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ҳам ҷомеаи тоҷикон гардид. Расонаҳои ахбори ом ангезаҳои гуногуни худкушии ҷавонзанро матраҳ кардаанд, вале полис ҳанӯз хулосаи худро баён надоштааст. Аммо ҷаноби Эгамзод мегӯяд: "Ба худкуши даст задани Юлдошева характери иҷтимоӣ надорад. Ин ҳодиса ба пай мушкили хонаводагӣ ба миён омадааст. Ҳоло ки қазия ҳамаҷониба таҳқиқ нашудааст, чизи дақиқе гуфтан мушкил аст. Ҳоло сафорат талош дорад барои наҷоти тифлаке, ки зинда мондаааст кӯмак расонад ва ҳамчунин ҷасади Уғулойро ба Тоҷикистон интиқол диҳад."
Уғулой Юлдошева наздики се сол ба Русия, назди шавҳараш муҳоҷир шуда буд. Кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯянд, худи Ӯғулой, шаҳрванди Тоҷикистон буд, аммо шавҳараш Акмал Қудратов шаҳрванди Русияро аст.
Дар ҳамин ҳол Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 4-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи писарчаи дусолаи Уғулой мӯътадил арзёбӣ мешавад: "Кӯдакро сараввал ба беморхонаи Звенигород бурдаанд. Чун аҳволаш вазнин арзёбӣ буд, боз гардонида ба Маскав оварданд. Ҳоло Абӯбакр Қудратови ду сола дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳӣ ва шикастабандии кӯдаконаи Маскав аст."
Ба қавли масъули намояндагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав танҳо бо анҷом расидани ташхиси пизишки ҷиноӣ ҷасади Уғулой Юлдошева ҷасади ӯ ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Аксари расонаҳои русӣ навиштаанд, ки модари ҷавон дар заминаи рашк хостааст, худ ва кӯдакшро ба ҳалокат расонад. Як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, Акмал Қудратовро мешиносад, ба Радиои Озодӣ навиштааст, ки Акмал бо тиҷорат машғул аст ва робитаҳои ӯ ҳамсарашро хуш намеомад.
;Аз сӯи дигар, Олга Врадий, намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки ду ҳафта пеш низ Уғулой Юлдошева талош кардааст, худро аз манзилаш дар ошёнаи 9 поён афканад, вале хешовандонаш сари вақт аз ин кор ҷилавгирӣ кардаанд. Акмал Қудратов аз шарҳи воқеа худдорӣ кард, зеро гуфта мешавад, дар ҳолати афсурдагии сахт қарор дорад.