Ёсуман ва Манижа - ду навраси 15-солаи тоҷик, ки ахиран бо истеъдоди фавқулодаи худ бисёриҳоро тасхир карданд, дар гузаштаи на чандон дур аз фанни риёзӣ мушкил доштанд.
Баъзан ҳалли мисолу масъала ҳам барояшон бо ашкрезӣ анҷом меёфт. Як соли ахир зиндагии онҳо тағйир кард. Ёсуман Исмонзода, ҳоло соҳиби 7 медали тилло аст.
Нишони 7-уми худро рӯзи 7 ноябр аз сабқати байналмиллалии "GeniusKid-2017” аз Маскав овард. Ӯ қобилияти ғайриоддии дар зеҳнаш ҳал кардани муодилаҳои душвори математикиро доард. Ин ҳама дастовард ҳам барои навраси 15-сола баъди аз худ кардани илми арифметикаи зеҳнӣ даст додааст.
“Соле пеш бародарамро ба Маркази арифметикаи зеҳнии маркази “Империя знаний” овардам. Дар як дарси ӯ иштирок кардам, бисёр шавқовар буд ва ман ҳам хостам ин ҷо дарс гирам. Аввал бароям хеле мушкил буд. Дарсҳои аввал мо бо ҳисобкунаки методи “Абакус” ҳисобукитоб мекардем. Баъдтар ба ҳисоби зеҳнӣ гузаштем. Мо ҳисобкунаки чӯбини “Абакус”-ро дар зеҳни худ тассавур карда ҳисоб мекунем. Ва ин хеле осон аст” – мегӯяд Ёсуман Исмонзода.
Ҳалли масъала ва сурудхонӣ ҳамзамон
Манижа Тошболтаева ҳам 10 моҳи пеш дар баробари таҳсил дар мактаб, ба омӯзиш дар ин маркази арифметикаи зеҳнӣ шурӯъ кард. Ӯ мусиқиро дӯст медорад ва дар ҳоле, ки суруд мехонад, метавонад ҳамзамон дар зеҳни худ шуморҳои зиёдеро зарбу тақсим ва ҳосилашро муайян кунад. Коре, ки бисёриҳо онро аз тариқи ҳисобкунак ё калкулятор анҷом медиҳанд. Манижа мегӯяд, маҳз омӯзиши арифметикаи зеҳнӣ боис шуд, ки ӯ ҳоло дорои хотираи қавӣ аст ва ба тавоноии худ бовар дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Арифметикаи зеҳнӣ на танҳо барои мо ҳисобукитоби математикиро осон кардааст, балки метавонад касро дар ҷараёни таҳсил хеле фаъолу боҷуръат кунад. Барои мисол, пеш ман зимни баромад ва сурудхонӣ дар идҳои мактабӣ шарм медоштам. Ҳоло бо боварӣ ва оромӣ ин корро мекунам. Ё, масалан, ҳоло метавонам бидуни тарс аз муаллим бипурсам, ки чаро баҳои маро поин бурдааст” - мегӯяд Манижа Тошболтаева.
Барои Ёсуман ҳоло омӯзиши на танҳо илмҳои дақиқ, балки дарсҳое мисли таърих ҳам осон аст. Ӯ бо як дафъа хондани матн метавонад онро пурра дар хотир бигирад. “Барои ман пештар, масалан, дарси таърих ва ёддошт кардани рақам, ҳодисаҳои таърихӣ ва матни зиёд мушкил буд. Ман қориазёд мекардам. Ҳоло ман як бор мехонам ва тамоми матн дар хотирам мемонад.”
Ситоиши президент Раҳмон
Ёсуман ва Манижа дар озмуни “GeniusKid-2017” ва ё «Кӯдакони нобиға» дар Маскав дар миёни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввал ва нишони тиллоро соҳиб шудаанд. Аммо пештар аз ин онҳо бо намоиши истеъдоди худ дар барномаи “Шахсиятҳои ғайиоддӣ” дар шабакаи телевизионии “Россия-1” ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд. Онҳо дар як моҳи ахир ба чеҳраҳои маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба истеъдоди ин ду духтар таваҷҷӯҳ карда, онҳоро “мояи ифтихори кишвар” номид. Манижа ва Ёсуман - ғолибони озмуни байналмилалиро рӯзи 7- уми ноябр дар фурудгоҳи Душанбе масъулин аз шаҳрдорӣ ва вазорати маориф ва илм ботантана пешвоз гирифтанд.
Манижа Тошболтаева, мегӯяд, онҳо чунин истиқболи гармро дар нимашаб интизор надоштанд. “Мо медонистем, ки моро пешвоз мегиранд, вале ман ин қадар одамони зиёду табрикоти самимиро интизор надоштам. Хеле хушҳол шудем.”
Ёсуман дар Литсейи Донишгоҳи Миллӣ таҳсил мекунад ва бахшида ба пирӯзии ӯ дар Озмуни “кӯдакони нобиға”, раҳбарияти Донишгоҳи ӯро табрик гуфта, аз пардохти 3-солаи таҳсил озод карданд.
Маркази “Империяи дониш” ки Ёсуману Манижа шогирдони он ҳастанд, соле пеш бо ташаббуси Модари Манижа - Вероника Коробкина таъсис ёфт. Ҳадафи аслии марказ бедор кардани шавқи илмҳои дақиқ дар кӯдакон ва азхуд кардани донишҳои мураккаб тариқи бозиҳои мухталиф аст. “Мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ” лоиҳаи дувуми омӯзишии ин созмон аст.
Кӯдакони нобиға кам нестанд
Вероника Коробкина мегӯяд, дар озмуни “Кӯдакони нобиға” дар Маскав дар баробари Манижа ва Ёсуман 10 навраси дигар ҳам ширкат дошт ва дар маҷмӯъ онҳо аз ин сабқат бо 13 медал баргаштанд. Ӯ мегӯяд, баъди намоиши қобилияти Ёсуману Манижа таваҷҷӯҳи волидон ба ин марказ афзудааст:
“Ҳатто агар кӯдак дар оянда экономист нашавад ё ба математика рабте надошта бошад, ҳатман соҳиби хотираи қавӣ хоҳад шуд. Бисёри наврасони 12-13 сола шармгин мешаванд, арифметикаи зеҳнӣ бо равони кӯдак кор мекунад, то ӯ худро пешво ва муваффақу нобиға ҳис кунад.”
Ҳатто агар кӯдак дар оянда экономист нашавад ё ба математика рабте надошта бошад, ҳатман соҳиби хотираи қавӣ хоҳад шуд.
Аз истеъдоди Манижа ва Ёсуман ҳам ба гуфтаи Вероника Коробкина муаллифони барномаи “Шахсиятҳои ғайриоддӣ” аз тариқи наворҳои дар сайти ин марказ гузошташуда огоҳ шудаанд ва онҳоро ба ин барнома даъват кардаанд.
Вероника Коробкина мегӯяд, ҳадафи аслии ширкати онҳо дар ин озмун қабл аз ҳама тағйир додани андешаву ақидаҳо дар Русия нисбат ба донишу қобилияти тоҷикон буд. “Ман пеш аз ин барнома ба онҳо мегуфтам, ки шумо як кишварро муаррифӣ мекунед ва бояд бо сари баланд ҳама шубҳаҳо дар бораи Тоҷикистону дониши ҷавононро онро аз байн баред. Худи духтарон ҳам дар сӯҳбат бо равоншиносон пеш аз оғози барнома гуфтанд, дар пушти мо Тоҷикистон аст ва мо инро ба хотири кишварамон мекунем”.
Духтарон ҳарду мехоҳанд таҳсили худро дар хориҷ идома диҳанд. Манижа орзуи дидани Лос-Анҷелес ва ҳунарпешаи синамо шуданро дорад. Ёсуман мехоҳад ба роҳи илм биравад.
Аммо то хатми мактаб ӯ нақшаҳои дигар дорад. “Ҳадафҳои зиёд дорам, мехоҳам дар озмунҳои баъдии ҷаҳонӣ ширкат ва истеъдоди худро бисанҷам. Барои ҳамин омӯзиши арифметикаи зеҳниро идома медиҳам.”
Духтарон бовар доранд ҳар кӯдаки дигар ин қобилияти онҳоро дорад, аммо барои ошкор кардани он бояд ҳари бештар омӯзанду кор кунанд.