Боздошти "шикорчии муҳоҷирон" дар Маскав

Метрои Маскав. Акс аз бойгонӣ

Пулиси Маскав ҷавонеро, ки ба қатли як муҳоҷири қирғиз ва захмӣ кардани ду муҳоҷири дигар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон дар метрои пойтахти Русия гумонбар мешавад, дастгир кардааст.

Бино ба хабарҳо, пулиси Маскав рӯзи 17 феврал дар хиёбони Зелёний, дар пойтахти Русия марди 23-солаеро, ки ба силсилаи ҳамлаҳои хунин алайҳи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ гумонбар дониста мешавад, дастгир кардааст. Матбуоти Русия ин ҳамлагарро, ки ба ҳамла алайҳи дастикам 3 муҳоҷир дар ду истгоҳи метрои Маскав айбдор мешавад, дар гузоришҳояш «шикорчии муҳоҷирон" лақаб додааст.

Манобеи раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав гуфтаанд, ки ин сокини маҳаллӣ ба куштор ва қасди куштор айбдор мешавад ва тафтишот то замони анҷоми тафтишот дар ҳабс нигоҳ доштани ӯро талаб мекунад. Исми ин боздоштшуда нашр нашудааст, вале гуфта мешавад, ки ӯ ғолибан дар заминаи адовати қавмӣ ба муҳоҷирон аз Қирғизистону Тоҷикистон ҳамла кардааст.

Кумитаи тафтишоти Русия гуфтааст, алайҳи ин ҷавони боздоштшуда дар ҳоли ҳозир танҳо бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор парванда кушодаанд, вале тафтишот фарзияи дар заминаи адовати қавмӣ анҷом шудани ҳамлаҳои шаби 13 феврал дар ду истгоҳи метрои Маскавро низ таҳқиқ мекунад.

Шаби 13 феврал дар истгоҳи метрои «Добрынинская» як марди ношинос аз пушт ба як зодаи Тоҷикистон ҳангоми берун шуданаш аз вагони метро ҳамла оварда, ӯро бо корд захмӣ кард ва аз ҷои ҳодиса гурехт. Шоҳидон мегӯянд, ин муҳоҷири тоҷик захмҳои сабук бардошта буд ва ба ӯ дар ҷои ҳодиса кӯмаки аввалияи тиббӣ расондаанд.

Аммо ҳамон шаб ҳамлагар дар истгоҳи метрои «Перово» бо корд ба ду шаҳрванди Қирғизистон ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла як муҳоҷири қирғиз кушта шуда, муҳоҷири дувумро бо захмҳои сангин ба бемористон интиқол додаанд.

Дар сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфтанд, ки муҳоҷири кушташудаи қирғиз Анорбек Чукешов ном дошта, 31-сола буд ва дар Маскав ба ҳайси ронанда кор мекард. Муҳоҷири дувум бо номи Мақсад Асимбеков, ки вазъашро дар бемористон вазнин мегӯянд, 29 сол доштааст.

Ва аммо сухангӯи пулиси метрои Маскав Алексей Мишляев гуфтааст, дар истгоҳи метрои «Добрынинская» танҳо занозании байни ду мард сабт шудааст, ки дар натиҷаи он яке курткаи дувумиро даррондааст. Ӯ куштори ҳамон шаб дар Пероворо тасдиқ кард, вале гуфт, ин ҳамла ба ду муҳоҷири қирғиз берун аз қаламрави истгоҳи метро рух додааст.

Ҳар сол аз Тоҷикистону Қирғизистон то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори ин ду кишвар барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Солона дар ин кишвар беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия бар асари фалокат дар ҷои кор, бархе дар садамаҳои нақлиётӣ ва тасодуфҳои мисли ин ҷон мебозанд. Вале ҳар сол дар бораи кушта шудани муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар натиҷаҳои ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавмӣ низ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, теъдоди пайравони гурӯҳҳои қавмгаро дар солҳои охир дар Русия зиёд шудааст. Қавмгароёни рус аксаран бо шиорҳои зидди муҳоҷирон ба майдон меоянд ва ҳар сол дар оғози моҳи ноябр раҳпаймоиҳои густардаеро бо номи «Русский марш» ҳам баргузор мекунанд, ки як шиори асосиаш «Русия – барои русҳо!»-ст.