Модаре, ки дар ҷой кардани даҳ сӯзан дар бадани тифли 9-моҳааш гумонбар мешавад, гуфт, ӯ бегуноҳ аст ва ҳеҷ гоҳ ба ин кор даст назадааст.
Ман худам ин қазияро назорат мекунам, касе ҳақ надорад ки фишор биёрад
Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 23 июл гуфт, ки “гуноҳро зери фишор ба гардан гирифтааст”. Ин дар ҳолест, ки дар як изҳороти хаттии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 7 июл гуфта шуд, ки худи модари 26-сола гумонбари содир кардани ин ҷиноят аст ва нисбати ӯ аз рӯи моддаи 110-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ" - парванда боз шуда тафтиш идома дорад. Дар шарҳи ин ҳодиса, вазорат бо такя ба баёноти муқаддамотии модар он замон навишт, ки ин зан ба хотири аз Русия ба Тоҷикистон баргардондани ҳамсари муҳоҷираш ба чунин кор даст задааст.
Модари Мудассир: Маҷбур шудам гуноҳи нокардаро ба гардан гирам
Муҳайё Каримова, модари Мудассир Каримови 9-моҳа рӯзи 23-уми июл дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни тафтишот ба ӯ иҷоза доданд, ки дар озодӣ ва дар назди фарзанди ширхораш бошад. Ӯ гуфт, ки иттиҳоми ворид кардани сузан ба бадани писараш аз суи ӯ “беасос аст” ва ӯ “зери фишор маҷбур шуд гуноҳро эътироф кунад”. Ин сокини ноҳияи Рудакӣ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ барои баргардонидани шавҳараш ин корро накардааст, зеро шавҳараш ҳар рӯз ба ӯ занг мезанад ва дар Русия ҳам зиёд намемонад.
Ӯ гуфт: “Маҷбур шудам. Онҳо гуфтанд, ки агар ба калла нагирӣ, суханҳоятро дар интернет мепартоем, гапҳои бемаънӣ гуфтанд. Шавҳарам инро фаҳмад, ҷанг мекунад гуфта, “ман кардам” гуфтам. Ба хотири шавҳар ин корро намекунам, ҳамааш дурӯғ аст. Ман чӣ хел сузан мезанам? Дар шаш сол ин кӯдакро талбида гирифтам. Дурӯғ аст ҳамааш”.
Айни замон, ин модар гуфт, ки чӣ гуна ба ҷисми писрааш ворид шудани сӯзанҳоро намедонад ва касеро ҳам дар ин кор гунаҳгор карда наметавонад. Ин зан гуфт, ки ҳанӯз шавҳараш дар Русия аст ва рӯзҳои наздик қарор аст ба хона баргардад.
Додситон: Касе ҳақ надорад фишор оварад
Дар ҳамин ҳол мақомоти тафтишотӣ иддаои ин модарро, ки гӯё зери фишор гуноҳро ба гардан гирифтааст, рад мекунанд. Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода, додситони ноҳияи Рудакӣ рӯзи 23-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми бозпурсӣ ба ин зан ҳеҷ фишор нашудааст ва ӯ худаш гуноҳашро иқрор кардааст.
Додситон мегӯяд, тафтиши парвандаи ин модар зери назари ӯ қарор дорад ва онҳо Муҳайё Каримоваро бо як вакили дифоъ низ таъмин кардаанд. Муҳаммадвалӣ Шаҳидуллозода гуфт:
“Чӣ хел ба ӯ фишор меоранд? Ҳамон рӯзе, ки барои бозпурсӣ оварданд, ман он ҷо будам. Кӯдаки хурдсоли 9-моҳа дорад, барои ин зери ҳабс қарор надорад. Дар озодӣ аст ва ман бевосита худам ба ӯ гуфтам, ки бидуни ҳимоячӣ назди касе наравад. Ман худам ин қазияро назорат мекунам, касе ҳақ надорад ки фишор биёрад”.
Додситон мегӯяд, ҳанӯз тафтиши ин қазия ниҳоӣ нашудааст ва барои муайян кардани вазъи руҳии ин модар интизори натиҷаи озмоиши равонӣ ҳастанд. Тафтишот инчунин бояд муайян кунад, ки то куҷо фазои хонаводае, ки Мудассир дар он бузург мешавад, солиму муносиб барои тарбияи кӯдак аст.
Шаш сӯзан берун карда шуд, чортоаш ҳамоно дар ҷисми кӯдак мемонад
Табибон рӯзи 19 июл ин модар ва писарашро баъди аз роҳи ҷарроҳӣ аз баданаш берун кардани шаш сӯзан аз бемористон рухсат доданд ва гуфтанд, пас аз як моҳ дар бораи берун овардани чор сӯзани боқимонда машварат хоҳанд кард. Муҳайё Каримова гуфт, сиҳатии писараш хуб ва сӯзанҳои боқимонда дар ҷисмаш ӯро азият намедиҳанд.
Пизишкони шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона дар Қарияи Боло ҳудуди як моҳи пеш дар пайи муроҷиати наздикон ба муоинаи Мудассир Каримови нӯҳмоҳа оғоз карданд. Ташхис сӯзанҳоро дар косахонаи сар, поёни ноф, пойҳо, гардану қафаси сина ва ҷойҳои дигари ҷисми кӯдак ошкор кард. Ин сӯзанҳо, ба гуфтаи табибон, ҳадди ақал се моҳи пеш дар ҷисми кӯдак ҷой шудаанд. Табибон мегӯянд, агар кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ мебурд, меъдааш ҳатман осеб медид ва дар узвҳои ҳозима дар мемонд.
Тифли 9-моҳа Мудассир Каримов, сокини деҳаи Конситутсияи ноҳияи Рӯдакӣ ва фарзанди дуввуми хонавода аст. Падари кӯдак муҳоҷир дар Русия буда модараш ҳам аз пайи тарбияи кӯдакҳост.
Дар бадани тифли тоҷик 10 сӯзан ёфтанд
Видео аз рӯзи 3 июли соли 2018
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сӯзанҳо дар бадани кӯдак занг задаанд
Табибоне, ки тифли 9-моҳаро ҷарроҳӣ карданд, мегӯянд, натиҷаи ташхиси Мудассир Каримов дар таҷрибаи кори онҳо бесобиқа буд. Ба қавли Шуҳрат Чориев, мудири шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакона, ки рӯзи 3-юми июл бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кардааст, "ду донааш сӯзани дарздӯзӣ буд. Дутои дигараш нофаҳмо буд, яъне намедонем чӣ аст. Ду донаи дигар сӯзанпора. Нав нестанд, тӯлонӣ дар бадани кӯдак истода ва занг задаанд."
Вай гуфт, ки "бо сабаби тӯлонӣ будани ҷарроҳӣ ба сӯзанҳое, ки дар косахонаи сар ва шикамаш ҳаст, нарасидем. Чун якбора гузаронидани чанд ҷарроҳӣ имкон надорад."
Айни чунин ҳодиса соли равон дар Узбекистон ба вуқуъ пайваст ва қазия то ба додгоҳ кашида шуд. Табибони узбек аз бадани тифли 11-моҳа дар вилояти Фарғонаи Узбекистон 16 сӯзан пайдо карданд. Аммо дар Тоҷикистон чунин ҳодиса бенамуна аст, ё дар ҳар сурат расонаӣ нашудааст.