"Муқобили майдони "Шаҳидон" ва "Озодӣ" буд". Ёде аз Тоҳири Абдуҷаббор. ВИДЕО

Тоҳири Абдуҷаббор

Агар умр вафо мекард, имрӯз Тоҳири Абдуҷаббор, бунёдгузори ҷунбиши мардумии "Растохез", ки бо номи меъмори истиқлоли Тоҷикистон маъруф аст, ба синни 75 мерасид. Ӯ дувоздаҳ сол пеш бар асари беморӣ даргузашт.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо ҳамкорону ҳамсафони пешини Тоҳири Абдуҷаббор дар дохил ва беруни Тоҷикистон суҳбат карданд ва хотираи онҳоро дар бораи кору зиндагиаш пурсиданд.

"Растохез"

Тоҳири Абдуҷаббор. Тақрибан се даҳсола пеш ин ном ва суҳбатҳояш тавассути микрофони рақами 6-и Шӯрои олӣ дар Тоҷикистон матраҳ буд. Ӯ аз нахустин донишмандони тоҷик ёд мешавад, ки дар бедории тафаккур ва гуногунандешии мардум саҳми калидӣ дошт.

Аҳмадшоҳ Комилзода

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз дӯстони Тоҳири Абдуҷаббор, мегӯяд, "бунёдгузори андешаи демократӣ ва озодӣ, бунёдгузори равише барои ба даст овардани истиқлол дар Тоҷикистон аст ва худаш хеле фаъолона иштирок мекард. Ин хел шахсиятҳо дар ҷомеа каманд."

Ҳосили заҳматҳои Тоҳири Абдуҷаббор ва озодандешони дигар дар солҳои охири ҳукумати Шӯравии собиқ ин шуд, ки ҷунбиши мардумии "Растохез" ба саҳнаи сиёсии кишвар биёяд. Тоҳири Абдуҷаббор дар садри ин созмон нишаст.

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷик ва узви собиқи созмони "Растохез", гуфт, ин созмони нахустине буд, ки дар Тоҷикистон сабти ном шуд ва ҳаракати мардумӣ ба кор шуруъ кард.

Сафар Абдуллоҳ

"Дар як муддати кӯтоҳ корҳои бисёр муҳимеро анҷом дод, аз ҷумла дар мавриди расмӣ шудани забони тоҷикӣ дар кишвар. Бисёр-бисёр муҳим буд, ки "Растохез" аз ин ҳимоят мекард. Ҳарчанд рӯшанфикрон аз ин пеш ҳам дар ин мавзуъ хеле талошҳо мекарданд", -- афзуд ӯ.

Микрофони 6

Тоҳири Абдуҷаббор дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта вакили Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб шуд ва фаъолиятҳои сиёсиаш рӯшантар ва муассиртар гашт. Ҳарчанд ҳукумати вақт ихтилофҳои зиёде дар роҳи интихоб шуданаш ба вакили Шӯрои олӣ эҷод карда буд, даҳҳо узви созмони "Растохез" дар маъракаи интихоботӣ дар таблиғу муаррифии ӯ даст ба кор шуда, Тоҳири Абдуҷабборро ба саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ворид карданд.

Насибҷон Амонӣ

Насибҷон Амонӣ, раиси ситоди интихоботии Тоҳири Абдуҷаббор дар солҳои 90-ум, он рӯзҳоро ба чунин ба ёд овард: "Он хидматҳое, ки дар Шӯрои олӣ карданд, ҳамчун намояндаи мардум, бесобиқа аст. Зеро аввалин нафаре буданд, ки эъломи истиқлоли Тоҷикистонро дар Шӯрои олӣ ба миён гузоштанд. Ҳарчанд эъломияро 2 сол пеш омода карда буданд ва он дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" нашр гардида буд. Ҳарчанд ҳамаи мардум ба он раъйи мухолиф доданд, баъд аз як сол ҳамин эъломия бо каме иловаҳо аз тарафи Шӯрои олии Тоҷикистон қабул гардид ва бегумон устод Тоҳир меъмори истиқлоли Тоҷикистон дониста шуд."

Аз Тоҳири Абдуҷаббор ба унвони вакиле олӣ ном мебаранд, ки барнома ва ваъдаҳои додааш ба интихобкунандагонро иҷро кардааст.

Наимҷон Аминҷонов, сокини деҳаи Ашти ноҳияи Ашт мегӯяд, "аз тамошои барномаи телевизиони Тоҷикистон маҳрум будем. Телевизиони Узбекистону Қирғизистонро тамошо мекардем. Ҳатто то ҳамин дараҷа буд, ки котиби якуми Узбекистону Қирғизистонро котиби якуми Тоҷикистон мегуфтанд. Тоҳири Абдуҷаббор дархости моро ба ҳисоб гирифт ва кумак кард ва мо мавҷгири телевизиони Тоҷикистонро сохта тавонистем. Ҳозир халқи Ашт аз ҳамин истифода бурда, барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро тамошо мекунад."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Матни ӯро тағйир доданду Тоҷикистонро мустақил эълон карданд"

"Озодӣ" ва "Шаҳидон"

Фаъолиятҳои сиёсии Тоҳири Абдуҷаббор ва созмони мардумии "Растохез" то замони шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ идома кард. "Вақте, соли 1992, дар Душанбе гирдиҳамоиҳо дар ду майдон шуруъ шуд, устод Тоҳир муқобили ин ду майдон буданд. Бисёр таъкид мекарданд, ки майдони "Шаҳидон" зуд пароканда шавад. Ва гирдиҳамомадагони майдони "Озодӣ" бо ҳукумат забон ёбанд. Бояд сулҳу салоҳ барқарор гардад, вале Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ кашида шуд", -- мегӯяд Насибҷони Амонӣ.

Сафар Абдуллоҳ, узви собиқи созмони "Растохез" гуфт, "ин ягона созмоне буд, ки дар Иттиҳоди нирӯҳои мухолиф ширкат накард ва напайваст. Ва ин боис шуд, ки теъдоде аз аъзои созмон бираванд, аз ҷумла банда яке аз онҳо будам. Дар анҷумане, ки дар Алмато баргузор шуд, ба таври расмӣ нома навиштам ва дар ҳузури ҳамагон онро хондам. Ва ба дасти Тоҳири Абдуҷаббор додам."

Тоҳири Абдуҷаббор, Қодири Рустам ва Насибҷон Амонӣ

Пас аз шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҳири Абдуҷаббор ба Маскав ва солҳои 1993 то 1996 дар Теҳрон паноҳанда шуд. Баъдан ба Қирғизистону Қазоқистон баргашта, ба тадрис ва корҳои илмӣ машғул шуд. Дар ниҳоят, соли 2005, дубора ба ватан баргашт.

Аҳмадшоҳ Комилзода, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, "вале вақте ки ба Тоҷикистон омад, ба осонӣ қабул нашуд, аз тарафи донишгоҳ ё донишгоҳҳои гуногуни Тоҷикистон. Дар донишгоҳи хурде бо номи Донишгоҳи Сомониён дарс медод."

Акс аз ҷавонии Тоҳири Абдуҷаббор

Интиҳои соли 2008 дар вуҷуди Тоҳири Абдуҷаббор бемории саратон кашф гардид ва ӯ 21-уми апрели соли 2009, дар 63-солагӣ, даргузашт. Оромгоҳаш дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд воқеъ аст ва се сол пеш ҳамдеҳагон аз ҳукумати ноҳия хоста буданд, кӯчаеро ба номи ӯ бигузоранд, вале то ба ҳол посухе нест.